Хабарҳои кӯтоҳ

ДУ СОЛ ПЕШ БАРОИ  СЕБУ КИВИ 23 ҲАЗОР ДОЛЛАР ГИРИФТУ ”КИДАТЬ“ КАРД…

Ҳангоми гузаронидани чорабиниҳои оперативӣ-ҷустуҷӯӣ аз ҷониби кормандони милитсия марди 46-солаи сокини ноҳияи Деваштич бо гумони қаллобӣ дастгир карда шуд.
Номбурда, моҳи марти соли 2020, бо роҳи фиреб ба боварии марди 34-солаи сокини шаҳри Душанбе даромада, аз ӯ 23 ҳазор доллари амрикои бо мақсади ба фурӯш баровардани маҳсулоти мевагӣ аз қабили «себ» ва «киви» гирифта, то ҳол маблағашро барнагардонидааст.
Нисбати гумонбаршаванда аз тарафи прокротураи генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон парвандаи ҷиноятӣ бо моддаи 247 қисми 4 Кодекси ҷинояти Ҷумҳурии Тоҷикистон оғоз карда шуда, тафтишот идома дорад.

Агар Шумо шоҳиди ҳодисаи ҷолибе шудед, видео ва акс бигиред ва бо ин шумора ба “Бомдод” фиристед. Шумораи мо (WhatsApp, Viber, IMO, Telegram): +420 777 404 854

Назари Шумо чист?

Шарҳҳое, ки дар он таҳқиру дашном ва ё иттилооти дурӯғ бошад, нашр карда намешаванд!

Back to top button