ВидеоИқтисодТоҷикистон

ДАР СӮХТОРИ БОЗОРИ “ФАРОВОН” ДАСТИКАМ 12 КАС ОСЕБ ДИДААНД. 95% БАДАНИ ЯК СОҲИБКОР СӮХТААСТ (3 ВИДЕО + 5 АКС)

Мақомоти тандурустии шаҳри Бохтар хабар медиҳанд, ки бар асари сӯхтори шаби 1 ба 2 июни соли 2022 дар бозори “Фаровон”, яке аз бузургтарин бозорҳои маркази маъмурии вилояти Хатлон дар ҷануби Тоҷикистон дастикам 12 кас осеб дидаанд. Вазъи соҳибкор Маҳмадӣ Сангов (бино ба манбаи дигар Маҳмад Сафаров), соли таваллудаш 1972 вазнин арзёбӣ мешавад. Ӯро бо 95% бадани сӯхта дар бахши реаниматсияи бемористони вилоятии ба номи Бӯрӣ Воҳидов бистарӣ кардаанд. Радиои Озодӣ хабар дод, ки ӯ дар бозори “Фаровон” дӯкон дошт ва ҳангоми сӯхтор мехост ба дигарон кумак кунад, вале бар асари таркиши балони газ баданаш сӯхта ва роҳҳои нафасгириаш низ осеб дидаанд.

“Азия Плюс”  хабар дод, ки дар пайи сӯхтори бозор 9 нафарро дар бемористони вилоятӣ бистарӣ кардаанд. Аз ин шумор 8 нафарро баъди муоина ва даво кардан ҷавоб додаанд, вале  Маҳмад Сафаровро дар ҳолати вазнин дар бахши реаниматсия хобондаанд. Се нафари дигарро бо ҷароҳатҳои сабуктар аз бозори “Фаровон” ба бемористони шаҳрӣ бурдаанд.

Хабарнигори “Азия Плюс” бо нашри чанд акс аз маҳалли сӯхтор хабар дод, ки сӯхторнишонҳо танҳо субҳи 2 июн тавонистаанд оташро фурӯ нишонданд. Вале ба мушоҳидаи ӯ субҳи 2 июн низ сӯхторнишонҳо дар бозор ҷо-ҷо ба фурӯ нишондани боқимондаҳои сӯхтор идома медоданд.

Ба гуфтаи шоҳидон, сӯхтор аз растаи қолинфурӯшон сар шуда, баъдан растаҳои матоъфурӯшон ва дӯконҳои фурӯши таҷҳизоти электрониро низ фаро гирифт.

Ин бори аввал нест ки ин бозор ба коми оташ меравад. 24 апрели соли 2013 низ бозори “Фаровон” дучори сӯхтори бузург шуда буд.

Бозори “Фаровон” баъди бозори “Ҳоҷӣ Шариф” дуюмин бозори бузурги шаҳри Бохтар, маркази маъмурии вилояти Хатлон, бузургтарин вилояти Тоҷикистон ба шумор меравад. Бозори “Ҳоҷӣ Шариф” ба хонаводаи Соҳибовҳо, ки бо президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ду карат қудо мебошанд, тааллуқ дорад. Бозори “Фарон” бошад таҳти идораи додарарӯсҳои президент аз ҷамоати Чапаеви ноҳияи Ҷ.Балхӣ қарор дорад. Ба гуфтаи шоҳидон, ҳангоми сӯхтори шаби 1 июн мудири бозори “Фаровон” Хайрулло Саъдуллоев, додари хурдии Азизамоҳ Раҳмонова, ҳамсари президенти Тоҷикистон, низ дар ҷои ҳодиса қарор дошт.

Аксҳо аз “Азия Плюс”:

dav
sdr
sdr
dav

Агар Шумо шоҳиди ҳодисаи ҷолибе шудед, видео ва акс бигиред ва бо ин шумора ба “Бомдод” фиристед. Шумораи мо (WhatsApp, Viber, IMO, Telegram): +420 777 404 854

Назари Шумо чист?

Шарҳҳое, ки дар он таҳқиру дашном ва ё иттилооти дурӯғ бошад, нашр карда намешаванд!

Back to top button