ВарзишВидеоМуҳоҷирон

БОЗ ЯК ВАРЗИШГАРИ ТОҶИКРО АЗ РУСИЯ ДЕПОРТ МЕКУНАНД (ВИДЕО)

Размандаи ММА Саймӯмин Мадиев, ки дар пайи нашри видеои “Москва. Метро Люблино. Работаем” машҳур шуд, ба далели пеш омадани мушкилот бо санадҳояш аз Русия ба Тоҷикистон ихроҷ карда мешавад. Дар ин бора рӯзи 2 июни соли 2022 ба хабаргузории русии ТАСС  се манбаъ хабар доданд. Хабари ихроҷи Мадиевро мураббии ӯ Ризвон Ошӯрмамадов низ тасдиқ кард.

Яке аз ҳамсуҳбатони ТАСС гуфт: “Ӯ бо санадҳояш мушкил пайрдо кард. Мадиевро дар байни чанд рӯзи оянда ба Тоҷикистон ихроҷ мекунанд”.

Мураббии ӯ Ошӯрмамадов низ бо тасдиқи ин хабар ба ТАСС гуфт: Баъди чанд рӯз ӯро ба Ватан мефиристанд. Ҳайф, ки чунин шуд кор”.

Бино ба хабарҳо, кормандони пулис рӯзи 26 май Саймӯмин Мадиевро барои тафтиш манъ карда, дидаанд, ки ӯ дар Маскав сабти ном надорад. Алакай як рӯз баъд, яъне 27 май додгоҳи минтақаи Лефортовои пойтахти Русия Мадиевро дар вайрон кардани қонунҳои муҳоҷират гунаҳкор дониста, ҳукми ихроҷашро баровардааст. Варзишгари 25-солаи зодаи Кӯлобро алакай дар боздоштгоҳи муҳоҷирон ҷой кардаанд ва ӯ то рӯзи ихроҷаш дар инҷо хоҳад монд.

Нашрияҳои варзишии Русия менависанд, ки Саймӯмин Мадиев моҳи феврали соли ҷорӣ низ ба сабаби надоштани сабти ном ва патент дастгир шуда буд ва он вақт ба вай вақт дода будаанд, ки бо ихтиёри худ Русияро тарк кунад, вале варзишгар ин амрро сарфи назар кардааст.

Мадиев ва мураббиаш Ошӯрмамадов соли 2021 дар пайи дар шабакаи TikTok нашр кардани видеое бо номи “Москва. Метро Люблино. Работаем” машҳур шуданд. Ин видеои кӯтоҳ беш аз 30 миллион тамошобин ҷамъ овард ва дар ҳавои он, одамони машҳур, ҳамчунин дастаҳои футболи “Зенит”, ЦСКА ва “Локомотив” видеоҳоро худро нашр карданд.  Шуҳрати видеои бачаҳои тоҷик ба берун аз Русия ҳам рафт ва дастаи шуҳратёри “Реал” ва Ла Лига (лигаи олии футболи Испания) низ дар ҳавои он видеоҳои худро ба бозор бароварданд.

Саймӯмин Мадиев, ки то кунун дар майдонҳои касбии ММА 3 набард анҷом додааст,  мебоист рӯзи 11 июн бо қоидаҳои бокс дар мусобиқоти Pravda Fighting ба майдон мебаромад.

Ин нахустин мавриди аз Русия ихроҷ кардани варзишгарони зодаи Тоҷикистон нест. Моҳи декабри соли 2021 пулиси Маскав варзишгари ММА аз Бадахшон Чоршанбе Чоршанбиевро бо баҳонаи вайрон кардани қоидаҳои ҳаракат дар роҳ боздошт кард ва бо ҳукми додгоҳ ӯро ба Тоҷикистон депорт карданд. Чоршанбиев баробари расидан ба Ватан дар фурудгоҳи Душанбе ба ҳабс гирифта шуд. Ахиран додгоҳи ноҳияи И.Сомонии шаҳри Душанбе ӯро ба 8 солу 6 моҳи зиндон маҳкум кард. Тафтишот ва додгоҳ як видеои ӯро, ки дар рӯзҳои эътирозҳои моҳи ноябри соли 2021 дар Хоруғ нашр шуд, ҳамчун даъват ба тағйир додани сохти конститутсионӣ арзёбӣ карданд. Вале худи Чоршанбиев инро рад мекунад ва мегӯяд, ки фақат талаби адолат карда буд.

Агар Шумо шоҳиди ҳодисаи ҷолибе шудед, видео ва акс бигиред ва бо ин шумора ба “Бомдод” фиристед. Шумораи мо (WhatsApp, Viber, IMO, Telegram): +420 777 404 854

Назари Шумо чист?

Шарҳҳое, ки дар он таҳқиру дашном ва ё иттилооти дурӯғ бошад, нашр карда намешаванд!

Back to top button