ВидеоИқтисодТоҷикистон

3 ВИДЕО АЗ ҶОИ ҲОДИСА: БОЗОРИ “ФАРОВОН” ДАР ШАҲРИ БОХТАР БА КОМИ ОТАШ РАФТ (ВИДЕО)

Шаби 1 июни соли 2022 як қисми бозори Фаровони шаҳри Бохтар аз тарафи дафтари бонки “Имон Интернешнал” ба коми оташ рафт.

Дар видеоҳои фиристодаи сокинони Бохтар дида мешавад, ки аз даруни бозор алангаи оташ ба ҳаво баланд шудааст. Ба гуфтаи шоҳидон, соҳибкорон талош доранд барои наҷоти молҳои худ дохили бозор дароянд.

Яке аз соҳибкорони ин бозор ба “Бомдод” гуфт, тоза ба маблағи 50 ҳазор доллар бор оварда буд ва ҳоло метарсад, ки ҳамаи молҳояш тӯъмаи сӯхтор мешаванд.

“Ман ки як дӯкони хурдакак дорам, ба 50 ҳазор доллар бор оварда будам. Онҷо мағозаҳои калоне ҳаст, ки ҳар кадомаш ба маблағи чандсад ҳазор доллар бор доштанд. Фикр мекунам, соҳибкорон ба маблағи даҳҳо миллион сомонӣ месӯзанд аз ин офат”, гуфт ин ҳамсуҳбати “Бомдод”.

Ба гуфтаи шоҳидон, бо вуҷуди бузург шудани алангаи сӯхтор дар ҷои ҳодиса танҳо 5 мошини сӯхторнишонӣ дида мешуд, ки ба сабаби набуди ҷои обпуркунӣ дар назди бозор маҷбур буданд бо тамом шудани обашон барои пур кардани об ба идораи сӯхторнишонӣ бираванд. “Хайрият, идораи сӯхторнишонӣ дур нест, дар фосилаи ягон километр аз бозори “Фаровон” ҷойгир шудааст ва мошинҳо худ рафта, об гирифта меоянд”, нақл кард яке аз шоҳидон.

Ин бори аввал нест ки ин бозор ба коми оташ меравад. 24 апрели соли 2013 низ бозори “Фаровон” дучори сӯхтори бузург шуда буд.

Бозори “Фаровон” баъди бозори “Ҳоҷӣ Шариф” дуюмин бозори бузурги шаҳри Бохтар, маркази маъмурии вилояти Хатлон, бузургтарин вилояти Тоҷикистон ба шумор меравад. Бозори “Ҳоҷӣ Шариф” ба хонаводаи Соҳибовҳо, ки бо президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ду карат қудо мебошанд, тааллуқ дорад. Бозори “Фарон” бошад таҳти идораи додарарӯсҳои президент аз ҷамоати Чапаеви ноҳияи Ҷ.Балхӣ қарор дорад. Ба гуфтаи шоҳидон, ҳангоми сӯхтори шаби 1 июн мудири бозори “Фаровон” Хайрулло Саъдуллоев, додари хурдии Азизамоҳ Раҳмонова, ҳамсари президенти Тоҷикистон, низ дар ҷои ҳодиса қарор дошт.

Агар Шумо шоҳиди ҳодисаи ҷолибе шудед, видео ва акс бигиред ва бо ин шумора ба “Бомдод” фиристед. Шумораи мо (WhatsApp, Viber, IMO, Telegram): +420 777 404 854

Назари Шумо чист?

Шарҳҳое, ки дар он таҳқиру дашном ва ё иттилооти дурӯғ бошад, нашр карда намешаванд!

Back to top button