ВидеоҶомеа

ВИДЕОИ МАРДИ КАЛОНСОЛРО ЛАТУКӮБ КАРДАНИ ЯК ҶАВОН

Дар шабакаҳои иҷтимоӣ навори латтукӯби як марди солхӯрда аз ҷониби як ҷавон нашр шуда, мавҷи вокунишҳои манфиро ба бор овардааст.

Дар сабт дида мешавад, ки дар кӯча як ҷавони дар тан куртаи сафеду шими сиёҳ, ки ба зоҳир ягон 17 ило 18 сол дорад ва аз сару либосаш ба эҳтимоли ғолиб ё хонандаи мактаб ваё донишҷӯст, аз гиребони як марди калонсоли дар танаш либоси фақирона, ки ба синну сол шояд ҳамсоли падари он ҷавон бошад, гирифтааст. Ин ҷавон баъди чанд калима радду бадал он марди калонсолро, ки, тавре ба назар мерасад, мариз низ ҳаст, дашноми қабеҳ дода, сипас ба сару рӯяш борони муштро рехта, ӯро аз пой меафтонад, вале баъди дар рӯи замин афтидани марди калонсол ҳам латтукӯби бераҳмонаи ӯро идома медиҳад.

Дар сабт дида мешавад, ки ин лаҳзаҳои латтукӯби марди калонсолро чанд ҷавони дигар тамошо доранд, вале ҳеҷ кадоми онҳо дар байн намедарояд, то он мардро аз зери борони мушту шаппотии  ин ҷавон халос кунад.

Корбарони шабакаҳои иҷтимоӣ аз мақомоти ҳифзи ҳуқуқ хостаанд,  то ин ҷавони беадабро дода, хуб адаб бидиҳанд, ки ҳам барои ӯву ҳам барои он тамошобинҳои фориғбол дарс шавад.

Корбарон менависанд, чунин бадрафторӣ нисбат ба марди калонсол дар ҷомиаи Тоҷикистон, ки дар гузашта эҳтироми калонсолонро ҳамчун як арзиши суннатӣ арҷ мегузошт, аз уфти арзишҳои ахлоқии ҷомиа ва суст шудани сатҳи одобу ахлоқи насли ҷавон дарак медиҳад.

Агар Шумо шоҳиди ҳодисаи ҷолибе шудед, видео ва акс бигиред ва бо ин шумора ба “Бомдод” фиристед. Шумораи мо (WhatsApp, Viber, IMO, Telegram): +420 777 404 854

Назари Шумо чист?

Шарҳҳое, ки дар он таҳқиру дашном ва ё иттилооти дурӯғ бошад, нашр карда намешаванд!

Back to top button