ВидеоКоррупсия

КОРМАНДИ КУМИТАИ ЗАМИНИ НОҲИЯИ А.ҶОМӢ ҲАНГОМИ ГИРИФТАНИ ПОРА БА ДАСТ АФТОД

Агентии мубориза бо коррупсияи Тоҷикистон рӯзи 1 июни соли 2022 аз анҷоми тафтиши пешакӣ ва бо тасдиқи фикри айбдоркунӣ барои баррасӣ ба додгоҳ супурдани парвандаи як корманди кумитаи идораи заминҳои ноҳияи А.Ҷомии вилояти Хатлон хабар дод.  Маҳмадхоҷаев Наҷмуддин бар асоси қисми дуюми моддаи 247 ва моддаи 338, иловаи 1 Кодекси ҷиноятии Тоҷикистон ба қаллобӣ бо истифода аз мансаб ва фурӯши ғайриқонунии қитъаи замин айбдор мешавад.

Маркази матбуоти Агентӣ дар шарҳи ин парванда гуфт: “Маҳмадхоҷаев Наҷмуддин Шарифхоҷаевич дар вазифаи  сармутахассиси Кумитаи идораи  замини ноҳияи А.Ҷомӣ кор карда,  дар давраи фаъолияти  кориаш бо мақсади ба даст овардани фоидаи муфт бо сӯиистифода аз ваколатҳои хизматии худ аз шаҳрванд “А” барои аз заминҳои ҳудуди ноҳия ҷудо карда додани 0,06га қитъаи замини наздиҳавлигӣ ва ҳуҷҷатгузорӣ намудани он маблағи 9000 сомонӣ талаб намуда гирифта, маблағи тасарруф намудаашро ба эҳтиёҷоти шахсияш сарф кардааст.  Вобаста ба ҳолати мазкур нисбати Маҳмадхоҷаев Н.Ш. бо моддаҳои 247 қисми 2 бандҳои «в,г» ва 338.1 қисми 2 банди «в» Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон парвандаи ҷиноятӣ оғоз карда шуда, баъди ба анҷом расидани тафтиши пешакӣ барои моҳиятан баррасӣ намудан ба суд ирсол карда шуд”.

Ба корманди ҳамакнун собиқи Кумитаи замини ноҳияи А.Ҷомӣ бар асоси қисми дуюми моддаи 247 ҳамчун ҷазо  барои қаллобӣ бо истифода аз мансаб ҷарима ба андозаи аз 365 то 912 нишондиҳанда барои ҳисобҳо (1 нишондиҳанда = 64 сомонӣ), ё маҳрум сохтан аз озодӣ ба мӯҳлати аз 2 то 5 сол бо маҳрум кардан аз ҳуқуқи ишғоли мансабҳои муайян ё машғул шудан бо фаъолияти муайян ба мӯҳлати то 5 сол ё бидуни он  таҳдид мекунад. Ҳамин тавр бар асоси моддаи 338, иловаи 1 ба Маҳмадхоҷаев барои фурӯши ғайриқонунии қитъаи замин бо истифода аз ваколатҳои мансабӣ ҷарима ба андозаи аз 912 то 1460 нишондиҳанда барои ҳисобҳо ваё аз 5 то 8 соли зиндон  таҳдид мекунад.

Вале таҷрибаи судӣ  дар Тоҷикистон нишон медиҳад, ки мансабдорони барои заминфурӯшӣ ба даст афтода дар аксари мавридҳо бо пардохти ҷарима аз ҷавобгарӣ халос мешаванд.

Фурӯши қитъаҳои замин барои сохтани хонаи истиқоматӣ ваё иншооти тиҷоратӣ  дар Тоҷикистон ба яке аз риштаҳои аз ҳама фасодзада табдил ёфтааст. Раиси Кумитаи давлатии идораи замин ва геодезияи Тоҷикистон Ориф Хоҷазода низ дар як нишасти и хабариаш эътироф кард, ки “замин имрӯз дар Тоҷикистон мавзӯи баҳси рақами 1 шудааст.”

Ҳар сол дар Тоҷикистон даҳҳо мансабдорро ҳангоми гирифтани пора дар ивази ваъдаи ҷудо кардани қитъаи замин ба шаҳрвандон дастгир мекунанд.

Моҳи май Агентии мубориза бо коррупсияи Тоҷикистон  хабар дод, ки тафтиши пешакии парвандаи  Ҳабибуллоев Аловиддин, раиси ҷамоати шаҳраки Шайдони ноҳияи Аштро бо иттиҳоми қаллобӣ бо сӯиистифода аз мақоми хидматӣ, ки боиси расонидани зарари ҷиддӣ ба шаҳрванд шудааст, анҷом дода, баъди тасдиқи фикри айбдоркунӣ ба додгоҳ супурдааст. Аловиддинов низ ба он айбдор мешуд, ки “бо мақсади ба даст овардани даромади муфт, бо истифода аз ваколати мансабӣ барои ҷудо карда додани қитъаи замини наздиҳавлигӣ ба масоҳати 0,08 гектар (8 сотих) аз шаҳрванд “А” маблағи 10.000 сомонӣ талаб намуда, аз маблағи талабнамудааш 5000 сомониашро гирифта, боз овардани боқимонда маблағи 5000 сомониашро талаб намудааст. Дар натиҷаи андешидани чораҳои  оперативӣ-тафтишотӣ аз ҷониби кормандони Агентӣ Ҳабибуллоев А.Н. баъди аз шаҳрванд “А” гирифтани маблағи 4000 сомонӣ дастгир карда шуд”.

Агар Шумо шоҳиди ҳодисаи ҷолибе шудед, видео ва акс бигиред ва бо ин шумора ба “Бомдод” фиристед. Шумораи мо (WhatsApp, Viber, IMO, Telegram): +420 777 404 854

Назари Шумо чист?

Шарҳҳое, ки дар он таҳқиру дашном ва ё иттилооти дурӯғ бошад, нашр карда намешаванд!

Back to top button