Хабарҳои кӯтоҳ

ҶАСАДИ МАРДИ ШАХСИЯТАШ НОМАЪЛУМРО АЗ СОҲИЛИ ДАРЁИ ДУШАНБЕ ЁФТАНД (АКС)

Бино ба иттилои Кумитаи ҳолатҳои фавқулоддаи Тоҷикистон,  субҳи рӯзи 31-уми майи соли 2022 навбатдори шуъбаи корҳои дохилии ноҳияи Исмоили Сомонӣ ба қисми навбатдории Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда аз намудор шудани ҷасаде дар соҳили рӯди Душанбе, дар шафати боғи фарҳанг ва истироҳати ба номи Умари Хайём хабар дод. Ин боғ дар назди бинои Донишгоҳи миллӣ, дар маҳаллаи маъруф ба “Ҷазира” ҷойгир шудааст.

 Бо дарёфти хабар дастаи зудамали Раёсати КҲФ дар шаҳри Душанбе ба ҷойи ҳодиса равон шуд. Наҷотбахшон ҷасадро бо истифода аз таҷҳизоти махсуси наҷот аз поён ба боло бароварданд ва ба мақомоти ҳифзи ҳуқуқ супурданд.

КҲФ гуфт, ин ҷасади марде буд, ки  ба зоҳир 45-50 сола менмуд, вале шахсияташро ҳанӯз муайян накардаанд. Дар иттилоия гуфтам мешавад, ки мақомоти ҳифзи ҳуқуқ барои муайян кардани шахсияти фавтида ва сабабҳои маргаш тафтишот оғоз кардаанд.

КҲФ ахиран хабар дод, ки аз аввали сол дар кӯлу дарёҳои Тоҷикистон  ҳудуди 30 нафар ҷон бохтаанд. Соли 2021 дар Тоҷикистон 155 нафар, аз ҷумла 75 ноболиғ ғарқ шуда буд.

Агар Шумо шоҳиди ҳодисаи ҷолибе шудед, видео ва акс бигиред ва бо ин шумора ба “Бомдод” фиристед. Шумораи мо (WhatsApp, Viber, IMO, Telegram): +420 777 404 854

Назари Шумо чист?

Шарҳҳое, ки дар он таҳқиру дашном ва ё иттилооти дурӯғ бошад, нашр карда намешаванд!

Back to top button