ВидеоРӯйдодҳои Бадахшон

ВКД РӮЙХАТТИ 10 ЭЪТИРОЗГАРИ ФИРОРКАРДАИ РӮШОНРО НАШР КАРД (10 АКС)

Маркази матбуоти ВКД Тоҷикистон шоми 30 майи соли 2022 дар сомонаи расмии ин вазорат исми 10 сокини ноҳияи Рӯшонро, ки бо иттиҳоми даст доштан дар эътирозҳои ахир дар ноҳияи Рӯшон таҳти ҷустуҷӯ қарор дода шудаанд, нашр кард. ВКД он эътирозҳоро “амалҳои террористӣ” ва амалиёти саркӯби эътирозгарони Рӯшонро “амалиёти зиддитеррористӣ” меномад. ВКД қаблан исми 46 сокини баъди ҳодисаҳои 16-18 май дастгиршудаи Рӯшонро нашр кард ва гуфт, аз ин шумор 27 нафарашро мақомот дастгир карда, 19 тани дигараш ихтиёран таслим шудаанд.

Дар рӯйхатти нави ВКД исми онҳое омадааст, ки рӯзи 18 май, дар рӯзи амалиёти саркӯби эътирозҳои Рӯшон  тавонистаанд фирор кунанд. Дар шарҳи ВКД  ба далелҳои ҳанӯз номаълуме дар баробари ному насаб, санаи таваллуд ва маҳалли зист, ҳамчунин номи ҳамсарони бархе аз ин афроди ҷустуҷӯшаванда низ нашр шудааст.

Рӯйхати афроди таҳти ҷустуҷӯ бо номҳои  4 лидери ғайрирасмии Рӯшон: Қулмамад Паллаев, санаи таваллудаш 27 феврали соли 1974, сокини ҷамоати Рӯшон, Ёдгор Ғуломҳайдаров, санаи таваллудаш 11 ноябри соли 1974, ки ВКД ӯро роҳбари гуруҳи муташаккилонаи ҷиноятии деҳаи Дерзуд  ном мебарад, Алишер Почоев, санаи таваллудаш 6 сентябри соли 1976, сокини ҷамоати Рӯшон ва Ҳабиб Мавлододов, санаи таваллудаш 6 марти соли 1987, сокини ҷамоати Барӯшон оғоз мешавад.

ВКД бо шурӯи амалиёти саркӯби эътирозгарон дар Рӯшон иддао карда буд, ки гӯё як гуруҳи тазоҳургарони мусаллаҳ ба раҳбарии ин 4 нафар  дар як баландӣ дар наздикии Вомар, маркази ноҳияи Рӯшон камин гирифта, ба корвони мошинҳое, ки ҷанговарони гуруҳи “Алфа”-и Кумитаи давлатии амнияти миллиро ба Хоруғ мебурданд, ҳамла овардаанд.

ВКД гуфт, дар ҷараёни он ҳамла як афсари “Алфа” кушта ва 13 низомии дигар захмӣ шуда, аз тарафи муқобил 8 нафар кушта ва 11 тан захмӣ шуда, мақомот беш аз 100 тани дигарро дастгир карданд. Созмони Милал бо такя ба манобеи худ гуфт, дар ҷараёни саркӯби эътирозҳо дар Бадахшон ва асосан дар Рӯшон беш аз 40 нафар кушта шуданд.

ВКД гуфт, дар ҷараёни амалиёти зидди эътирозгарон касе аз аҳолии осоишта осеб надидааст ва онҳое, ки куштаву захмӣ шуданд, мусаллаҳ буданд. Вале сокинон мегӯянд, ниҳодҳои қудратӣ ба зидди мардуми бесилоҳ аз силоҳҳои ҷангӣ оташ кушоданд.

Ҳомиёни ҳуқуқ низ мақомоти Тоҷикистонро ба истифодаи беш аз ҳадди нирӯ ба зидди эътирозгарон айбдор мекунанд ва талаб доранд, ки тамоми мавридҳои истифодаи силоҳҳои ҷангӣ ба зидди издиҳоми тазоҳургарон мӯшикофона таҳқиқ шавад.

Рӯйхати иштирокчиёни амалҳои террористии санаҳои 16-18 майи соли 2022 дар ноҳияи Рӯшони ВМКБ, ки дар ҷустуҷӯи расмӣ қарор доранд

11. Паллаев Қулмамад Каримович, соли таваллудаш 27.02.1974, миллат тоҷик, зода ва истиқоматкунандаи ВМКБ, ноҳияи Рӯшон, ҷ/д Рӯшон, оиладор, ҳамсараш-Мозарова Зебунисо Давлатбековна.

22. Ғуломайдаров Ёдгор Мамадбекович, соли таваллудаш 11.11.1974, миллат тоҷик, зода ва истқоматкунандаи ВМКБ, ноҳияи Рӯшон, муҷаррад (роҳбари ГМҶ деҳаи Дерзуд).

33. Почоев Алишер Сафармамадович, соли таваллудаш 06.09.1976, миллат тоҷик, зода ва истиқоматкунандаи ВМКБ, ноҳияи Рӯшон, ҷ/д Рӯшон, оиладор, ҳамсараш-Нураётова Рамзия Мавлоназаровна.

44. Мавлододов Ҳабиб Феткаевич, соли таваллудаш 06.03.1987, миллат тоҷик, зода ва истиқоматкунандаи ВМКБ, ноҳияи Рӯшон, ҷ/д Барӯшон, оиладор, ҳамсараш-Сабзалиева Сулайхо Истомовна.

55. Шехбуров Чангибек Душанбеиевич, соли таваллудаш 10.05.1992, миллат тоҷик, зода ва истиқоматкунандаи ВМКБ, ноҳияи Рӯшон, деҳаи Ҷангалак.

66. Паллаев Дохунда Худобандаевич, соли таваллудаш 20.05.1969, миллат тоҷик, зода ва истиқоматкунандаи ВМКБ, ноҳияи Рӯшон, деҳаи Рӯшон.

77. Чоршанбиев Мастоншо Давлатмамадович, санаи таваллудаш 01.11.1989, миллат тоҷик, зода ва сокини Рӯшон, ҷамоати деҳоти Н.Додхудоев, деҳаи Барӯшон ноҳияи Рӯшон.

88. Паллаев Палла Каримович, соли таваллудаш 10.01.1965, миллат тоҷик, зода ва истиқоматкунандаи ВМКБ, ноҳияи Рӯшон, ҷ/д Рӯшон, деҳаи Рӯшон, оиладор, ҳамсараш-Тошбекова Гулсара Қувватбековна

99. Орази Шодавлат, соли таваллудаш 18.03.1983, миллат тоҷик, зода ва истиқоматкунандаи ВМКБ, ноҳияи Рӯшон, ҷ/д Рӯшон, оиладор, ҳамсараш-Карамхудоева Нигина Рамхудоевна.

1010. Бахтибеков Ғофил Қосимович, соли таваллудаш 11.01.1992, миллат тоҷик, зода ва истиқоматкунандаи ВМКБ, ноҳияи Рӯшон.

Бо пешниӽоди расми ин нафарон аз сокинони кишвар хоӽиш менамоем, ки нисбати ин ҷустуҷӯшавандагон ягон маълумоте дошта бошед ба телефонӽои қисми навбатдории ВКД, 227-98-98, 221-21-21, 223-16-09 ба мақомоти корӽои дохилӣ хабар диӽед.

Агар Шумо шоҳиди ҳодисаи ҷолибе шудед, видео ва акс бигиред ва бо ин шумора ба “Бомдод” фиристед. Шумораи мо (WhatsApp, Viber, IMO, Telegram): +420 777 404 854

Назари Шумо чист?

Шарҳҳое, ки дар он таҳқиру дашном ва ё иттилооти дурӯғ бошад, нашр карда намешаванд!

Back to top button