Хабарҳои кӯтоҳ

РОНАНДАИ МОТОСИКЛ ДАР ДУШАНБЕ ДУ ПИЁДАГАРДРО ПАХШ КАРД, ПИРАЗАН ҶОН БОХТ

Рӯзи 30 май, соати 15 як ронандаи мотосикли тамғаи “Хонда” дар кӯчаи Саъдии Шерозии пойтахт як зани 74-сола ва як духтарчаи 7-соларо пахш кардааст. Пиразан дар бемористон ҷон дод.

ххххххххххххххххххх

Сокини 62-солаи ноҳияи Рӯдакӣ ба он гумонбар мешавад, ки бо роҳи фиреб аз сокини 48-солаи ин ноҳия бо ваъдаи аз Душанбе барояш гирифта додани хона 14 800 доллар гирифта, ин пулҳоро ба манфиати шахсиаш сарф намудааст.

Аз навори хабарҳои рӯзи 31 майи маркази матбуоти ВКД Тоҷикистон

Ҳалокати пиёдагард дар натиҷаи садамаи нақлиётӣ

005

30-юми майи соли 2022, тахминан соатҳои 15:00, ронандаи мототсикли тамғаи «Хонда», Нуров Умедҷон Гадоалиевич, соли таваллудаш 1988, сокини шаҳри Ваҳдат, ҳангоми харакат дар кӯчаи С.Шерозии шаҳри Душанбе аз ӯҳдаи воситаи нақлиёт набаромада, пиёдагардон: Шарипова Турсунхон, соли таваллудаш 1948 ва Бобоқулова Гулафзо, соли таваллудаш 2015, сокинони шаҳри Душанберо, пахш кардааст.
Дар натича пиёдагардонон ҷароҳатҳои вазнии чисмони бардошта, Шарипова Т. бошад дар беморхона ба ҳалокат расидааст.
Аз рӯи ин ҳодиса таҳқиқот идома дорад.

Бо роӽи қаллобӣ ба даст овардани маблағ

010

Ҳангоми гузаронидани чорабиниҳои оперативӣ-ҷустуҷӯӣ аз ҷониби кормандони милитсия муайян карда шуд, ки марди 62-солаи сокини ноҳияи Рӯдакӣ, бо роҳи фиреб ба боварии марди 48-солаи сокини ноҳияи мазкур даромада, аз ӯ 14 ҳазору 800-доллари амрикоиро гирифта ваъда додааст, ки аз бинои навсохтмон воқъ дар шаӽри Душунбе, хонаи 2-ҳуҷрагӣ медиҳад, аммо маблағҳои гирифтаашро ба манфиати шахсиаш сарф намудааст.
Аз рӯи ин ҳодиса тафтишот идома дорад.

Агар Шумо шоҳиди ҳодисаи ҷолибе шудед, видео ва акс бигиред ва бо ин шумора ба “Бомдод” фиристед. Шумораи мо (WhatsApp, Viber, IMO, Telegram): +420 777 404 854

Назари Шумо чист?

Шарҳҳое, ки дар он таҳқиру дашном ва ё иттилооти дурӯғ бошад, нашр карда намешаванд!

Back to top button