ВидеоРӯйдодҳои Бадахшон

ЛИДЕРИ МАҲАЛЛАИ ГУЛАКЕНИ ХОРУҒ ФИРӮЗ САИДИБРОҲИМОВ БА 8 МОҲИ ЗИНДОН МАҲКУМ ШУД

Додгоҳи Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон рӯзи 30 майи соли 2022  Фирӯз Саидиброҳимов, санаи таваллудаш 26.03.1991, сокини кӯчаи Ш.Шоҳтемер ва раҳбари ғайрирасмии ҷавонони маҳаллаи Сайфулло Абдуллоев (Гулакен)-и шаҳри Хоруғро бар асоси қисми сеюми моддаи 237 Кодекси ҷиноятии Тоҷикистон ба авбошии гуруҳӣ гунаҳкор шинохт ва ба як соли зиндон маҳкум кард. Қозии парванда С.С.Нурализода билофосила бар асоси қонуни афви соли 2021 аз се як ҳиссаи ҳукми Саидиброҳимовро кам кард  ва ӯ ба ин тартиб, ба 8 моҳи зиндон маҳкум шуд. Саидиброҳимов барои нақшаш дар занозании байни мухлисони дастаҳои футболи маҳаллаҳои Гулакен ва Бархоруғ дар моҳи сентябри соли 2020 аз 1 октябри соли 2021 дар боздошт қарор дошт ва 18 апрели соли ҷорӣ дар пайи мулоқоти сардори РВКД Бадахшон Шариф Назарзода бо сокинони Гулакен худро ба мақомот супурд. Генерал Назарзода он вақт ба Фирӯз Саидиброҳимов ваъда дода буд, ки додгоҳ ҳангоми судури ҳукм ихтиёран худро супурдани ӯро ба назар гирифта, ҷазои хеле сабуктараш хоҳад дод.

Раёсати ВКД дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон  рӯзи 30 май дар саҳифааш дар Фейсбук ба 8 моҳи зиндон маҳкум шудани Саидиброҳимовро ҳукми сабук ва натиҷаи бо пои худ худро ба мақомот супурдани ӯ номид.

“Ёдовар мешавем, ки тасмими бо ихтиёри худ ба мақомоти милитсия ҳозир гардидани ҷустуҷӯшаванда Саидиброҳимов Фируз дар як мулоқоти озоду ошкорои роҳбарияти Раёсати ВКД дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон бо сокинони маҳаллаи Сайфулло Абдуллоев (Гулакен) баррасӣ гардида, он замон генерал-лейтенанти милитсия Назарзода Шариф Раҳмон аз аҳли ҷамоатчигӣ, фаъолони маҳал, наздикону пайвандони ҷинояткорони дар ҷустуҷӯ қарордошта даъват ба амал оварда буд, ки ҷиҳати бо ихтиёри худ ҳозир шудани ҷустуҷӯшавандагон ба мақомоти милитсия мусоидат намоянд. Тавре таъкид гардид, ин иқдом ҳангоми таъиноти ҷазо ҳамчун ҳолати сабуккунанда ба назар гирифта мешавад”, гуфта мешавад дар иттилоияи милитсияи Бадахшон.

Парвандаи Фирӯз Саидиброҳимов марбут ба занозании гуруҳиест, ки 19 сентябри соли 2020 дар варзишгоҳи Гулакен баъди як бозии футбол байни ҷавонони Гулакен ва маҳаллаи Бархоруғ рӯй дода буд. ВКД моҳи январи соли 2022 хабар дод, ки Содиқ Амадбеков, раҳбари ҷавонони маҳаллаи Бархоруғ, ки вай ҳам барои ҳамон занозании соли 2020 дар ҷустуҷӯ қарор дошт, ба Душанбе омада, худро дар инҷо ба мақомоти милитсия таслим кардааст. Ин дар ҳолест, ки манобеи дигар мегуфтанд, Амадбеков дар фурудгоҳи Душанбе баъди бозгашташ аз Туркия дастгир шудааст.

19 сентябри соли 2020 дар пайи як бозии футбол байни маҳаллаҳои Бархоруғ ва Гулакен, ки бо ҳисоби 2:1 ба фоидаи дастаи Гулакен анҷом ёфт,  дар варзишгоҳ байни Амадбеков ва Саидиброҳимов муноқиша сар задааст.  Бино ба фарзияи ВКД, Амадбеков бачаҳои Бархоруғро дар атрофаш ҷамъ карда, бо бачаҳои Гулакен вориди муноқишаи гуруҳӣ шудаанд. Дар ҷараёни занозании байни мухлисони ду даста, ба гуфтаи ВКД, 14 нафар ҷароҳат бардошта, 20 шишаи тирезаи мактаби №2, тирезаҳои хонаҳои 8 сокин,  6 мошини шаҳрвандон, 7 шишаи хонаҳои сокинони Гулакен, 6 тиреза ва 4 курсии варзишгоҳ, 4 шишаи тирезаи бинои “Амонатбонк”, шишаҳои варзишгоҳи Хоруғ, шишаи даромадгоҳи БДА шаҳри Хоруғро зада шикастаанд.  

Ҳамин тавр, тарафдорони Содиқ Амадбеков ҳаракати нақлиётро дар кӯчаи марказии Хоруғ барои беш аз як соат манъ карда, тирезаҳои  чанд мошинро низ зада шикастаанд.

Худи Содиқ Амадбеков дар як гузориши ВКД чунин баёнот дод: “Баъди бозии футбол байни ман ва Фирӯз аз Гулакен нофаҳмӣ шуд.  Мо ҷанг кардем ва даррав аз ду тараф: ҳам бачаҳои Гулакен ва ҳам бачаҳои Бархоруғ издиҳом ҷамъ шуд ва занозанӣ сар шуд дар даруни майдон.  Мо аз майдонча баромадем ва ҳамон ҷо тирезаҳои мактабро зада шикастанд. Оҳиста-оҳиста қафо рафтем, ки гуруҳи зиёдтар ҷамъ шуд, қариб 300 нафар.  Ҷанг дигар то роҳи асосӣ давом кард. Қариб як соат. Дар натиҷа тирезаҳои мардумро шикастанд, тирезаҳои чанд мошинро шикастанд, тирезаи “Амонатбонк” шикаст. Вақте ки мо қафо мерафтем, ба кормандони посгоҳи БДА ҳам санг расид. Ва вақте кормандони мақомот ҳозир шуданд, мо пароканда шудем.”

Пойгоҳи хабарии Pamir Daily News қаблан акси қарори додгоҳи Хоруғ аз 28 ноябри соли 2020-ро нашр карда, хабар дода буд, ки Амадбековро дар ҳоле ба ҳабс гирифтанд, ки ӯро барои он занозании мухлисон алакай 406 сомонӣ ҷарима баста будаанд.

Раҳбари тарафи муқобили он занозанӣ Содиқ Амадбеков ҳанӯз моҳи январ боздошт шуда буд, вале дар бораи инки оё ҳукми ӯ ҳам содир шудааст ё на?, ягон маълумоте то имрӯз нашр нашудааст. ВКД гуфта буд, ки Амадбеков низ худаш ихтиёран ба мақомот таслим шуд ва ин ҳангоми судури ҳукми ӯ ба назар гирифта мешавад.

Агар Шумо шоҳиди ҳодисаи ҷолибе шудед, видео ва акс бигиред ва бо ин шумора ба “Бомдод” фиристед. Шумораи мо (WhatsApp, Viber, IMO, Telegram): +420 777 404 854

Назари Шумо чист?

Шарҳҳое, ки дар он таҳқиру дашном ва ё иттилооти дурӯғ бошад, нашр карда намешаванд!

Back to top button