ИқтисодХабарҳои кӯтоҳ

8 АКС АЗ ҶОИ ҲОДИСА: СЕЛ ДАР АШТ 7 ПУЛ, 8 КМ РОҲ ВА 32 ҲАВЛИРО ХАРОБ КАРД

Бино ба иттилои Кумитаи ҳолатҳои фавқулоддаи Тоҷикистон, 30 – уми майи соли 2022 дар ҷамоати деҳоти Ашти ноҳияи Ашти вилояти Суғд бинобар сабаби бориши борони зиёд ва жола  аз селроҳаи Аштсой сел омад.

Сел ва сангреза 7 пулро дар қаламрави ҷамоати Ашт пурра хароб кардааст. Дар натиҷаи омадани лойобаву сангу шағал 8 километр роҳи байни деҳаҳо қисман хароб гардидааст,

Сел ҳамчунин ба 32 қитъаи наздиҳавлигии сокинон зарар расонд.

Ин офати табиӣ талафоти ҷонӣ надошт. 

Барои рафъи паёмадҳои офат қувва ва воситаҳои ноҳия ҷалб шудаанд.

Комиссияи ҳолатҳои фавқулода мизони зарари расидаро муайян мекунад.

Агар Шумо шоҳиди ҳодисаи ҷолибе шудед, видео ва акс бигиред ва бо ин шумора ба “Бомдод” фиристед. Шумораи мо (WhatsApp, Viber, IMO, Telegram): +420 777 404 854

Назари Шумо чист?

Шарҳҳое, ки дар он таҳқиру дашном ва ё иттилооти дурӯғ бошад, нашр карда намешаванд!

Back to top button