ВидеоИқтисодМуҳоҷирон

177! ҚУРБИ РУБЛ ДАР ТОҶИКИСТОН РЕКОРДИ НАВ ГУЗОШТ

Бонки миллии Тоҷикистон  барои рӯзи 31май қурби расмии долларро  11 сомонию 40 дирам, қурби евроро то 12 сомонию 26 дирам  ва қурби расмии рублро 177 сомонӣ барои 1000 рубл  муқаррар кардааст.  Қурби 1000 рубл дар як рӯзи охир қариб 10 сомонӣ боло рафта, ба ин тартиб рекорди нав гузошт. Евро дар як рӯзи охир 7 дирам гаронтар шудааст, вале қурби доллар инак ҳафтаи дуюм аст, ки бетағйир боқӣ мондааст.

Ба дунбол, бино ба маълумоти сомонаҳои расмиашон,  бонкҳои Тоҷикистон низ қурби асъори хориҷиро тағйир додаанд. “Амонатбонк” маъмулан қурби хариди асъори хориҷиро нашр намекунад, вале бонки “Эсхата” рӯзи 31 май  1000 рублро алакай бо қурби 175 сомонӣ мехарид, як долларро бо нархи 11 сомонию 30 дирам ва як евроро бо қурби 11 сомонию 90 дирам.

Ташкилоти хурди депозитии “Ҳумо”  хабар додааст, ки як долларро 11 сомонию 35дирам, як евроро  бо нархи 12,2 сомонӣ мехарад. Вале “Ҳумо” қурби хариди 1000 рублро бетағйир: 167 сомонию 50 дирам боқӣ гузоштааст.

 “Ориёнбонк” дар сомонааш қурби хариди 1000 рублро ҳамагӣ 165 сомонӣ  нишон медиҳад, вале вале як долларро  11 сомонию 30 дирами ва як евроро 12 сомонӣ мехарад.

 “Спитаменбонк”низ ба чӣ сабабе 1000 рублро бо қурби пасти 160 сомонӣ харида истодааст, вале як долларро 11 сомонию 30 дирам  ва як евроро бо нархи 12 сомонию 25 дирам мехарад.

Дар биржаи Маскав қурби як доллар аз 62  рубл гузашту қурби евро ба 68 рубл наздик мешавад ва ҳоло 1000 рубл дар биржа тақрибан 180 сомонӣ қурб дорад. Ёдовар мешавем, шафтаи гузашта қурби як доллар  нисбат ба рубли Русия то 56 рубл ва қурби як евро то 60 рубл фаромад ва барои 1000 рубл дар биржа 223 сомонӣ пешниҳод мекарданд. Як рӯз қабл ин қурб 217,5 сомонӣ нишон дода мешуд.

Ба таври рекордӣ боло рафтани қурби рубл нисбат ба сомонӣ  муҳоҷирони тоҷик дар Русия ва хонаводаҳои онҳо дар Тоҷикистонро хушҳол мекунад, чунки умедворанд, ки қурби болотари рубл метавонад дасти онҳоро дар муқобили нархҳои сар ба осмон кашида як каме дарозтар кунад.

Агар Шумо шоҳиди ҳодисаи ҷолибе шудед, видео ва акс бигиред ва бо ин шумора ба “Бомдод” фиристед. Шумораи мо (WhatsApp, Viber, IMO, Telegram): +420 777 404 854

Назари Шумо чист?

Шарҳҳое, ки дар он таҳқиру дашном ва ё иттилооти дурӯғ бошад, нашр карда намешаванд!

Back to top button