Хабарҳои кӯтоҳ

ДУ САДАМАИ МАРГОВАР ДАР РОШТҚАЛЪА ВА ДЕВАШТИЧ

29-уми майи соли 2022, тахминан соати 16:00, ронандаи автомашинаи тамғаи “Чанху”, Мирзоев Эраҷ Мирзошоевич, соли таваллудаш 1968, сокини ноҳияи Роштқалъа, ҳангоми ҳаракат аз самти деҳаи Делох ба самти деҳаи Лахшики ноӽияи мазкур аз уҳдаи идораи воситаи нақлиёт набаромада, ба канори чапи роҳ, автомашинаро ба чуқурии зиёда аз 95 метр чаппа намудааст.
Дар натиҷа ронанда Мирзоев Э.М дар ҷойи ҳодиса ба ҳалокат расида ва мусофиронаш: писараш, Марамов Орзу Эраҷович, соли таваллудаш 2011 ва Мағзумов Шафтолу Шасуфбекович, соли таваллудаш 1977, сокини ноҳияи мазкур ҷароҳатҳои гуногуни ҷисмонӣ бардошта, дар беморхона бистарӣ гардиданд.
Ӽамчунин 28-уми майи соли 2022, тахминан соати 11:00, ронандаи автомашинаи тамғаи «Мерседес-Бенс», Каримов Аҳмад Мирраҳимович, соли таваллудаш 1985, сокини ноҳияи Деваштич, ҳангоми ҳаракат дар шоҳроҳи “Душанбе-Хуҷанд-Чаноқ”, дар ҳудуди ҷамоати деҳоти Яхтан аз уҳдаи идораи воситаи нақлиёт набаромада, мошинашро дар канори рости роҳ чаппа кардааст.
Дар натиҷа мусофири автомашинаи мазкур, Мирсафоева Ҳикоят, соли таваллудаш 1932, сокини ноҳияи мазкур ҷароҳати вазнини ҷисмонӣ бардошта, дар беморхона ба ҳалокат расидааст.
Аз рўи ин ҳодисаҳо таҳқиқот идома дорад.

Роҳҳои Тоҷикистон аз лиҳози шумори садамаҳо пурхатар шумурда мешаванд. Бино ба омори расмӣ, соли 2021 бар асари 1102 садамаи нақлиётӣ  дар роҳҳои ин кишвар 395 нафар ба ҳалокат расида, 1 218 нафар ҷароҳати ҷисмонӣ бардоштаанд. Суръати баланди ҳаракат ва риоя накардани қоидаҳои ҳаракат дар роҳ, ҳамчунин роҳҳову мошинҳои фарсуда аз иллатҳои умдаи садамаҳо, аз ҷумла садамаҳои марговар дар роҳҳои Тоҷикистон ном бурда мешаванд.

Агар Шумо шоҳиди ҳодисаи ҷолибе шудед, видео ва акс бигиред ва бо ин шумора ба “Бомдод” фиристед. Шумораи мо (WhatsApp, Viber, IMO, Telegram): +420 777 404 854

Назари Шумо чист?

Шарҳҳое, ки дар он таҳқиру дашном ва ё иттилооти дурӯғ бошад, нашр карда намешаванд!

Back to top button