Рӯйдодҳои Бадахшон

ШАРҲИ РАСМИИ СӮХТОР ДАР ХОРУҒ ВА ХАРОБ ШУДАНИ ПУЛИ ТАРАФИ “БОЛНИСЕН”

Як манбаъи муътамад дар ҳукумати Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон рӯзи 29 майи соли 2022  дар суҳбат бо пойгоҳи хабарии “Бомдод” хабари сӯхтор дар шаҳри Хоруғ ва қисман хароб шудани пули тарафи маҳаллаи “Болнисен”ро тасдиқ кард,  вале гуфт, хабари таркиши пул  ва гӯё аз тарафи кормандони мақомоти қудратӣ ғорат шудану сипас оташ задани мағозаҳо дурӯғ аст.

“Ягон хел таркиш набуд ва овозаи мағозаро ғорат кардану сипас онро оташ задани кормандони мақомот ҳам сад дар сад дурӯғ ва туҳмати маҳз аст, ки аз ҳисси бадбинӣ паҳн кардаанд. Ҳолати кор чунин буд: Шаб дар қисмати фурӯши меваву молҳои хоҷагии бозори марказии Хоруғ сӯхтор шуд. Таҳқиқ нишон дод, ки ин сӯхтор дар як ошхона дар ин қисмати бозор сар задааст. Дар натиҷаи сӯхтор як троси ба девори бозор басташудаи пуле, ки бозори марказиро бо маҳаллаи “Болнисен” мепайваст, низ сӯхта, канда шудааст”, нақл кард ҳамсуҳбати “Бомдод”.

ШАРҲИ ВКД:

Сӯхтор дар бозори марказии шаҳри Хоруғ

28 майи соли 2022 тахминан соатҳои 22:50 дақиқа ба қисми навбатдории Раёсати ВКД Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ВМКБ хабар ворид гардид, ки дар яке аз биноҳои бозори марказии шаҳри Хоруғ, сӯхтор ба амал омада истодааст. Вобаста ба ҳодисаи мазкур аз ноҳияҳои Рӯшон, Шуғнон, Роштқалъа ва шаҳри Хоруғ тамоми воситаҳои нақлиёти махсусӣ оташхомушкунӣ – 10 адад, насосҳои ёрирасон ва зиёда аз 500 нафар ҳайати шахсии сохторҳои қудрати сафарбар карда шудаанд.

Дар натиҷаи сӯхтор яке аз биноҳои марказӣ дар ҳаҷми тахминан 500 м2 ки 48 мағозаи хурдро дар бар мегирад аз оташ зарари ҷиддӣ дида 14 мағозаи дигар қисман зарар дидаанд, ки дар умум ба ҳисоби пешакӣ 1 миллион сомониро ташкил медиҳад.
Сабаби сар задани сӯхтор тибқи хӯлосаи пешакии мутахассисон аз расищи кутоҳи ноқилҳои барқӣ дар яке аз дуконҳои хӯроктайёркунии тезтайёри бозор буда ташхис идома дорад.
Ҳангоми дидани чораҳои оташнишонии дигар 4 бинои бозор ва чандин мағозаҳо аз сӯхтор эмин дошта шуд.
Дар натиҷаи сӯхтор ягон нафар талафоти ҷонӣ ба қайд гирифта нашудааст.
Вобаста ба ҳодисаи сӯхтор аз тарафи Прокуратураи ВМКБ санҷишҳои пешакӣ оғоз шуда, чораҳои қонунӣ андешида мешавад.

Сокинони Хоруғ, маркази маъмурии Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон  қаблан ба пойгоҳи хабарии “Бомдод” хабар доданд, ки шаби 29 май бар асари сӯхтор ва таркиш пул (кӯпрук)-е, ки бемористони вилоятӣ, воқеъ дар маҳаллаи “Болнисен”-ро бо дигар қисматҳои шаҳр мепайваст, хароб шудааст.

Ба гуфтаи сокинон, сабаби хароб шудани пул сӯхтор ва таркиши балони газ дар яке аз дӯконҳои фурӯшгоҳи “Насриддин” шудааст. Ин фурӯшгоҳ дар паҳлуи пул сохта шудааст.

Ёдовар мешавем, авзоъ дар Бадахшон аз 14 май ба ин тараф, инак ним моҳ боз дигарбора буғранҷ шудааст. Сокинони Бадахшон бо талаби истеъфои раиси вилояту шаҳрдори Хоруғ ва раҳбарони ниҳодҳои қудратӣ, озод кардани помириҳои дар робита ба эътирозҳои моҳи ноябри соли 2021 дастгиршуда ва ба ҷавобгарӣ кашидани гунаҳкорони куштори се сокини Бадахшон дар моҳи ноябри соли гузашта эътирозҳо доир карданд.

Вале мақомот рӯзи 18 май, дар пайи аз ҷониби эътирозгарон баста шудани шоҳроҳи Душанбе Хоруғ Қулма эътирозгаронро ба ҳамдастӣ бо гуруҳҳои ҷиноӣ ва ифротию террористӣ айбдор карда, барио саркӯби тазоҳургарон дар ноҳияи Рӯшон амалиёти ҳарбиеро бо номи “амалиёти зиддитеррористӣ” ба роҳ андохтанд.

Дар натиҷа, дар ҷараёни саркӯби эътирозҳо дар Бадахшон, бино ба ҳисоби Созмони Милал, беш аз 40 нафар кушта шуданд. ВКД ҳалокати дастикам 10 нафарро тасдиқ кард ва гуфт, касе аз аҳолии осоишта осеб надидааст ва онҳое, ки куштаву захмӣ шуданд, мусаллаҳ буданд. Вале сокинон мегӯянд, ки ниҳодҳои қудратӣ ба зидди мардуми бесилоҳ аз силоҳҳои ҷангӣ оташ кушоданд. Ҳомиёни ҳуқуқ низ мақомоти Тоҷикистонро ба истифодаи беш аз ҳадди нирӯ ба зидди эътирозгарон айбдор мекунанд ва талаб доранд, ки тамоми мавридҳои истифодаи силоҳҳои ҷангӣ ба зидди издиҳоми тазоҳургарон мӯшикофона таҳқиқ шавад.

Агар Шумо шоҳиди ҳодисаи ҷолибе шудед, видео ва акс бигиред ва бо ин шумора ба “Бомдод” фиристед. Шумораи мо (WhatsApp, Viber, IMO, Telegram): +420 777 404 854

Назари Шумо чист?

Шарҳҳое, ки дар он таҳқиру дашном ва ё иттилооти дурӯғ бошад, нашр карда намешаванд! Required fields are marked *

Back to top button