Дин ва боварҳоСиёсат

ПАНҶ ХЕШОВАНДИ САИДАБДУЛЛОҲИ НУРИРО БА ЗИНДОН МАҲКУМ КАРДАНД


Дар Тоҷикистон панҷ хешованди Саидабдуллоҳи Нурӣ роҳбари пешини Иттиҳоди мухолифини тоҷик ва раиси Кумиссиёни оштии миллии собиқро ба солҳои гуногуни зиндон маҳкум кардаанд.

Додгоҳи олӣ Нусратулло Саидов, ҷияни Нуриро ба 5 соли зиндон ва додгоҳи шаҳри Бохтар Нурулло Саидов бародари хурдии Саидабдуллоҳи Нурӣ ва писари ӯро ба панҷуним соли зиндон маҳкум кардааст. Қудоҳои ӯ Сайвалӣ Ризоев ва Зуҳурбек Хоҷаевро шаш моҳӣ равонаи зиндон шудаанд.

Мақомот дар робита ба қазияи ин панҷ нафар ва ҳукми онҳо изҳори назар накардаанд, вале пайвандонашон мегӯянд, онҳоро ба гирифтани “маблағҳои ғайриқонунӣ аз хориҷа” гунаҳкор кардаанд.

Салоҳиддин Саидов, писари Нурулло Саидов рӯзи 28-уми май ба Радиои Озодӣ гуфт, ҳукми падараш ва бародарзодаи падараш Муҳибулло Саидов рӯзи 14-уми май содир шуд ва дар мурофиа модару хоҳаронаш ширкат доштанд. Аксарияти маҳкумшудагонро моҳи марти имсол бо гумони дарёфти маблағҳои ғайриқонунӣ аз хориҷ дастгир карда буданд.

Салоҳиддин Саидов гуфт, чаҳор рӯз қабл аз ҳукми падараш Додгоҳи олӣ Нусратулло Саидов, бародарзодаи Нуриро дар мурофиае дар паси дарҳои баста дар шаҳри Бохтар ба муддати панҷ сол ба зиндон маҳкум кардааст. Вай мегӯяд, Нусратулло бо вакили мудофеи таъйинкардаи давлат таъмин буд ва ба ҷуз вакили мудофеъ хешовандонашро то эълони ҳукм ва анҷоми мурофиа иҷозаи вуруд ба толори мурофиа надодаанд. Вале пас аз он имкон додаанд, ки қабл аз фиристодан ба боздоштгоҳ бо ӯ мулоқот кунанд.

Нурмаҳмад Саидов, бародари Нусратулло қаблан замони боздошти бародараш гуфт, ӯро пас аз расондани ёрӣ ба хонаводаи маъюбон дар ноҳияи Вахш дастгир карданд.

“Чаҳор корманди хоҷагиро низ бозпурсӣ кардаанд, ки маблағи кумак ба маъюбонро аз куҷо ёфтанд. Оё ин пулҳо аз хориҷи Тоҷикистон бо роҳи ғайриқонунӣ ба даст оварда шудааст ё не? “ – гуфт Нурмаҳмад Саидов. Абубакри Нурӣ, бародари Саид Абдуллоҳи Нурӣ, қаблан аз Олмон ба Радиои Озодӣ гуфт, “гирифтани пул аз хориҷа баҳона аст, дар асл, қазия дорои ангезаҳои сиёсист.”

“Бале, пайвандони Нурулло дар хориҷа ҳастанд ва ба хонавода ёрӣ мерасонанд. Ба мисли даҳҳо ҳазор муҳоҷире, ки дар Русия ва кишварҳои дигар ин корро анҷом медиҳанд” – гуфт ӯ.

Наздикони мухолифон фиристодани маблағро ба оилаҳояшон рад намекунанд, вале мегӯянд, ин кор ғайриқонунӣ нест ва набояд барои он ҷазо диҳанд. Бонки Миллии Тоҷикистон рӯйхати даҳҳо намояндаи мухолифин, паноҳҷӯён ва ҷангҷӯёни тоҷикро дар хориҷа тартиб додааст, ки ҳар гуна додугирифт бо онҳо мамнуъ аст.

Додгоҳҳои Тоҷикистон солҳои охир чанд нафарро бо гуноҳи дарёфти кумак аз мухолифони тоҷик дар хориҷа ба зиндон маҳкум кардаанд. Додгоҳи ноҳияи Исмоили Сомонии Душанбе соли 2020 Асрориддин, писари Зубайдуллоҳи Розиқ, узви зиндонии ҳизби фаъолияташ дар Тоҷикистон мамнӯи наҳзати исломиро 5 сол аз озодӣ маҳрум кард.

Дона Набиев, сокини солманди ноҳияи Рӯдакӣ, низ бо гуноҳи дарёфти маблағ аз хориҷа ва кумак ба пайвандони аъзои зиндонии ҲНИТ ба зиндон маҳкум шуд. Дертар, баъди эътирози созмонҳои ҳомии ҳуқуқ ва бинобар беморӣ ӯро озод карданд.

Агар Шумо шоҳиди ҳодисаи ҷолибе шудед, видео ва акс бигиред ва бо ин шумора ба “Бомдод” фиристед. Шумораи мо (WhatsApp, Viber, IMO, Telegram): +420 777 404 854

Назари Шумо чист?

Шарҳҳое, ки дар он таҳқиру дашном ва ё иттилооти дурӯғ бошад, нашр карда намешаванд!

Back to top button