ВидеоРӯйдодҳои БадахшонТоҷикистон

НАШРИ НАХУСТИН ВИДЕО ВА АКСҲОИ КУШТАШУДАГОН ДАР НОҲИЯИ РӮШОН (ВИДЕО ВА 2 АКС)

Нахустине видео ва аксҳои кушташудагон аз ноҳияи Рӯшон ба дасти расонаҳои ва журналистон расид. Рӯзи 18 майи соли 2022 амалиёти ҳарбӣ барои саркӯби эътирозҳо дар ин ноҳияи Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон мунҷар ба куштаву захмӣ шудани даҳҳо нафар гардид.

Дар яке аз аксҳои нашршуда чанд мурдаи кафанпӯш дида мешавад, ки дар зери дарахтон паҳлуи ҳам дар як қатор чида шудаанд.

Дар акси дуюм алакай дастикам 10 мурдаи низ кафанпӯшро мебинем, ки онҳоро дар қабристон пеш аз дафн дар як қатор паҳлуи ҳам чидаанд.

Ҳамин тавр, дар видео лаҳзае сабт шудааст, ки сокинон мурдаҳои дар қабристон қатор чидашударо як як ба хок месупоранд.

Вазорати корҳои дохили Тоҷикистон саркӯби эътирозгаронро дар Рӯшон “амалиёти зиддитеррористӣ” номида, кушта шудани дастикам 10 нафарро тасдиқ кардааст. Вале Созмони Милал бо такя ба манобеи муътамади худ гуфт, дар ҷараёни саркӯби эътирозҳои ахир дар Бадахшон беш аз 40 нафар кушта шуданд.

 Ҳомиёни ҳуқуқ мақомоти Тоҷикистонро ба истифодаи беш аз ҳадди нерӯ ба зидди эътирозгарон айбдор мекунанд. Вале мақомот исрор меварзанд, ки эътирозгарон дар Рӯшон мусаллаҳ буданд ва аз ҷониби “созмонҳои террористӣ” ва сафоратҳои бархе кишварҳои ғарбӣ кумаку ҳимоят мегирифтанд. Сокинон мегӯянд, нирӯҳои қудратӣ болои издиҳоми бесилоҳ оташ кушоданд. Вале мақомот мегӯянд, касе аз аҳолии осоишта дар ҷараёни амалиёти зидди эътирозгарон дар Рӯшон осеб надидааст.

Агар Шумо шоҳиди ҳодисаи ҷолибе шудед, видео ва акс бигиред ва бо ин шумора ба “Бомдод” фиристед. Шумораи мо (WhatsApp, Viber, IMO, Telegram): +420 777 404 854

Назари Шумо чист?

Шарҳҳое, ки дар он таҳқиру дашном ва ё иттилооти дурӯғ бошад, нашр карда намешаванд!

Back to top button