Муҳоҷирон

МУСОДИРАИ 450 КИЛО БОРИ 206 МУСОФИРИ ТОҶИКУ ӮЗБЕК ДАР ФУРУДГОҲИ “КУРУМОЧ”

Раёсати Россельхознадзори вилоятҳои Саратов ва Самараи Русия хабар дод, ки кормандонаҳ дар давраи аз 16 то 22 майи соли 2022  дар фурудгоҳи “Курумоч” (Самара) 1851 бағочи мусофирони 14 парвоз аз кишварҳои хориҷаи дуру наздикро таҳти тафтиши фитосанитарӣ қарор додаанд.

Ҳангоми тафтиш дар бағочи 206 мусофир аз Тоҷикистону Ӯзбекистон 450 кило  маҳсулоти таҳти карантин, ба мисли чормағз, меваҷот, меваи хушк, гиёҳҳои гуногун, чой, тухмӣ ва маҳсулоти дигарро, ки ба қаламрави Русия аз соли 2012 дароварданашон манъ карда шудааст, ёфт ва мусодир шуд. Дар хабар гуфта мешавад, ки ин маҳсулоти мусодирашударо таҳти назорати кормандони Россельхознадзор нобуд кардаанд.

Ин идора гуфт, ки ҳамин тавр, кормнадонаш 14 ҳазору 20 дона гули аз Арманистон овоардашударо таҳти тафтиши фитосанитарӣ қарор додаанд, вале азбаски тамоми бор санадҳои лозими фитосанитарӣ дошт, ба соҳиби гулҳо иҷозат додаанд, ки онҳоро вориди Русия кунад.

Заминаи ҳуқуқии мусодираи чунин маҳсулот аз мусофирони тоҷик қарори Росселхознадзор аз 16 апрели соли 2012 аст, ки  ба мусофирон ба қаламрави Русия ворид кардани меваву сабзавот ва маҳсулоти дигари таҳти карантин аз Тоҷикистону Ӯзбекистон ва Озарбойҷонро манъ мекунад.

Аз 5 марти соли 2019 ба мусофирон аз Ӯзбекистон иҷозат доданд, ки бо худ то 5 кило меваву сабзавот ё хушкмеваю донагӣ биоранд. Вале ба мусофирон аз Тоҷикистон инак қариб 10 сол боз ба Русия бурдани меваву сабзавот, хушкмева ва маҳсулоти донагие, чун пиставу бодому чормағз расман манъ карда шудааст.

Агар бахти мусофирон баландӣ кунаду дар фурудгоҳҳои Русия ба дасти кормандони Росселхознадзор наафтанд,  ин маҳсулотро мегузаронанд, вале агар дар рейд биафтанд, меваву сабзавоти аз Ватан бо худ овардаашонро мусодира мекунанд.

Агар Шумо шоҳиди ҳодисаи ҷолибе шудед, видео ва акс бигиред ва бо ин шумора ба “Бомдод” фиристед. Шумораи мо (WhatsApp, Viber, IMO, Telegram): +420 777 404 854

Назари Шумо чист?

Шарҳҳое, ки дар он таҳқиру дашном ва ё иттилооти дурӯғ бошад, нашр карда намешаванд!

Back to top button