ВидеоМуҳоҷирон

МУҲОҶИРОНИ ТОҶИК ДАР РУСИЯ ПИРУ КАМПИРРО АЗ СӮХТОР НАҶОТ ДОДАНД, ВАЛЕ … ПИРАЗАН ОНҲОРО ГУНАҲКОР КАРД (ВИДЕО +3 АКС)

Ниҳодҳои зиддисӯхтори вилояти Иркустки Русия амакбачаҳо аз Тоҷикистон Қурбоналӣ ва Орзубек Назировҳоро барои намоиши мардонагӣ ва шуҷоат ҳангоми наҷоти пиру кампири солхӯрда аз сӯхтор бо сипоснома ва туҳфаҳои хотиравӣ қадрдонӣ кардаанд. Ин ду амакбача аз деҳаи Тиллои сафеди ҷамоати Гулистон дар канори шаҳри Ваҳдат наздикиҳои шоми 11 апрели соли 2022 дар маҳаллаи 4-уми шаҳри Шелехови вилояти Иркутск ду сокини солхӯрдаро аз оташ бароварданд. Амакбачаҳо мегӯянд, ин корро қаҳрамонӣ намешуморанд, балки қарзи инсонии худро иҷро кардаанд. Онҳо мегӯянд, чунин тарбия гирифтаанд, ки бетараф истода наметавонистанд.

“Мо ҷони худро ба хатар гузошта, ҷони дигаронро наҷот додем. Ин як амали оддист. Тарс ҳам надоштем. Дар он лаҳза дар ин бора фикр ҳам намекардем”, – мегӯяд Қурбоналӣ.

Сӯхтор наздикиҳои шоми 11 апрел дар як бинои панҷқабата дар маҳаллаи 4-уми шаҳри Шелехов  сар зад. Қурбоналӣ ва Орзубек он рӯз ба он бино ба хонаи дӯстони худ меҳмонӣ рафта буданд ва мунтазири расидани шом буданд, то рӯзаи худро бикушоянд.

Вақте ки бӯи сӯхтор ба машомашон расид, онҳо ба балкон баромаданд ва диданд, ки аз як манзили воқеъ дар қабати якуми бино дуд ба ҳаво аланга мезанад. Марде аз дохили он манзил ба кумак даъват мекард. Қурбоналӣ мегӯяд, дар поён издиҳоми бузурге ҷамъ шуда буд, вале ҳама тамошобин буд, касе ҷуръат намекард, дохили манзили оташгирифта шавад.

 “Мо кӯшиш кардем ба он хона дароем, вале дафъаи аввал ба сабаби дуди зиёд даромада натавонистем. Сиспас мо биниҳоямонро бо курткаҳоямон пӯшондем ва чароғи телефонҳоямонро равшан карда, аз нав кӯшиши даромадан кардем. Аввал марди солхӯрдаро баровардем, вале як зани пир дар дохил дармонда буд ва фарёд мекашид. Аз шунидани доду фарёди ӯ дилам сӯхт ва барои наҷоти ӯ рафтам. Аҷаб он буд, ки онҷо мардум зиёд буд, вале ҳама тамошобин, касе дар фикри кумак набуд”, – нақл мекунад Қурбоналӣ Назиров.

Танҳо дафъаи чорум ба бародарон муяссар шуд, ки он пиразанро дар дохили дуд пайдо кунанд ва берун бикашанд. Пиразан аз ҳуш рафта буд, вале аз тарси инки мабодо дар онҷо ӯро напартоянд, сахт ба дастони Қурбоналӣ чанг зада буд.

Дар мусоҳиба бо Ютуб-канали “Агар” Қурбоналӣ як ҳолати ногувореро дар ин қазия нақл кард. Ба гуфтаи ӯ, вақте пиразан ба ҳуш омад, ба ҷои изҳори сипос аз кормандони пулис талаб кард, ки муҳоҷирони тоҷики онҳоро наҷотдодаро ҳабс ва сахт тафтиш кунанд.

 “Вале ҳатто кормандони пулис ӯро таъна карданд, ки аз ин суханонат шарм дор! Ҳамин муҳоҷирон буданд, ки ҷонатро наҷот доданд, ту бошӣ… Намедонам, шояд он лаҳза дар ҳолати шок буд он пиразан, ки чунин мегуфт”, – нақл мекунад Қурбоналӣ.

Ӯ ҳамчунин нақл кард, ки вақте пиру кампирро аз даруни оташ бароварданд, сӯхторнишонҳо ва табибон ба онҳо гуфтанд, ки  то метавонед оби зиёд бинӯшед,  то асароти дуди оташро аз баданатон бароред.

 “Вале мо гуфтем, ки то расидани шом чизе нӯшида наметавонем, чунки моҳи шарифи Рамазон аст ва мо рӯзадорем. Ин онҳоро боз ҳам бештар ба ҳайрат овард. Хайрият, баъди чанде шом расиду мо рӯзаамонро дар ҳамон ҷо кушодем”, – нақл мекунад Қурбоналӣ.

Ҷамъияти ихтиёрии зидди сӯхтор ва қисми махсуси сӯхторнишонии №6  амакбачаҳо Қурбоналӣ ва Орзубек Назировҳоро барои ин корнамоӣ бо сипосномаву туҳфаҳо қадрдонӣ кард.

Александр Макаров, сардори бахши профилактикаи ноҳияи Шелехов гуфт, ҳарчанд ин ду амакбача хоксорӣ мекунанд, вале коре, ки онҳо анҷом доданд, сӯтуданист.

 Аз таҷрибаам медонам, ки агар он ҷуфти солхӯрда ҳамагӣ чанд бор дудро нафас мекашиданд, наҷот доданашон дигар имкон надошт. Онҷо ҳама чиро чанд сония ҳал мекард ва хушбахтона, ин бачаҳо сари вақт расиданд. На ҳар кас ба чунин кор қодир аст”, – мегӯяд Макаров.

Тавре баъдан маълум шуд, сабаби сӯхтор беэҳтиётии ҷуфти солхӯрда дар муносибат ба оташ ҳангоми сигоркашӣ шудааст.

Ин бори аввал нест, ки Қурбоналӣ ва Орзубек одамонро ҳангоми сӯхтор наҷот медиҳанд. Соли гузашта Орзубек як пиразанро аз манзили оташгирифта дар квартали 18 наҷот дода буд. Чанд сол пеш онҳо ҳарду як баллони газро бо кӯрпаи тар печонда, аз даруни манзили оташгирифта берун бароварданд ва аз таркиш пешгирӣ карданд.

Агар Шумо шоҳиди ҳодисаи ҷолибе шудед, видео ва акс бигиред ва бо ин шумора ба “Бомдод” фиристед. Шумораи мо (WhatsApp, Viber, IMO, Telegram): +420 777 404 854

Назари Шумо чист?

Шарҳҳое, ки дар он таҳқиру дашном ва ё иттилооти дурӯғ бошад, нашр карда намешаванд!

Back to top button