Муҳоҷирон

ҶАВОНИ ТОҶИК АЗ ҒОЯТИ РАШК БА ҲАМСАРИ СОБИҚАШ ЯК НАВРАСИ РУСРО 5 КОРД ЗАДААСТ

Пулиси ноҳияи Тоснои вилояти Ленингради Русия нисбат ба як шаҳрванди 23-солаи Тоҷикистон, ки дар заминаи рашк як ноболиғи 17-соларо 5 корд задааст, бо иттиҳои сӯиқасд ба куштор парвандаи ҷиноятӣ кушодааст. Ин ҳодиса субҳи 26 майи соли 2022 дар шаҳраки Красний Бор, воқеъ дар тақрибан 30-километрии ҷанубушарқи шаҳри Санкт-Петербург рӯй додааст.

Бино ба хабарҳои расида, субҳи 26 май, соати 07:50 ба пулис як ҷавонзани 19-сола занг зада, забар додааст, ки шавҳари собиқи ӯ дар даруни даромадгоҳи бинои №10 дар кӯчаи Комсомол бо корд ба як навраси 17-сола ҳамла оварда, ӯро захмдор кардааст. Ба гуфтаи ҷавонзан, шавҳари собиқаш ӯро ба ин наврас рашк кардааст.

Гуфта мешавад, Отеллои 23-сола аз Тоҷикистон дар роҳрави қабати чоруми бино ба наврас ҳамла карда, ӯро дастикам 5 зарбаи корд задааст. Ҷабрдидаро дар ҳолати вазнин дар бахши вазнинхона ё реаниматсияи бемористони Тосно бистарӣ кардаанд.

Ҷавони тоҷики бадрашк бошад аз ҷои ҳодиса фирор кардааст. Вале пулис  алакай баъди як рӯзи ҷустуҷӯ ӯро дар ҳудуди вилояти Ленинград дастгир кардааст ва ҳоло масъалаи ба ҳабси пешакӣ гирифтани ин муҳоҷири тоҷик дар дасти баррасӣ қарор дорад.орад.

Пулис то ин лаҳза муайян кардааст, ки ин ҷавони тоҷик соли 2018 ба Русия омада, моҳи октябри ҳамон сол бо ҷурми дуздӣ маҳкум шуда буд ва 10 ҳазор рубл ҷарима пардохт карда, аз толори додгоҳ озод карда шуд. Ӯ дар Русия сабти номи муваққат дошт, вале сабти номаш моҳи марти соли ҷорӣ ба охир расидааст.

Акнун ба ин ҷавони тоҷик барои сӯиқасд ба куштор дар заминаи рашк бар асоси моддаҳои 30-105 Кодекси ҷиноятии Русия ҳамчун ҷазо аз 6 то 15 соли зиндон таҳдид мекунад.

Бино ба оморҳо, то соли 2021 дар маҳбасҳои Русия беш аз 7 ҳазор шаҳрванди Тоҷикистон бо ҷурмҳои гуногун адои ҳукм мекарданд ва беш аз 1200 тани дигар аз зодагони Тоҷикистон таҳти тафтиш дар боздоштгоҳҳои Русия қарор доштаанд.

Агар Шумо шоҳиди ҳодисаи ҷолибе шудед, видео ва акс бигиред ва бо ин шумора ба “Бомдод” фиристед. Шумораи мо (WhatsApp, Viber, IMO, Telegram): +420 777 404 854

Назари Шумо чист?

Шарҳҳое, ки дар он таҳқиру дашном ва ё иттилооти дурӯғ бошад, нашр карда намешаванд!

Back to top button