Умумӣ

ҲИЗБИ ҲОКИМИ ҲХДТ ДАР НОҲИЯИ ПАНҶ ЯК ҲОҶАТХОНА СОХТААСТ (4 АКС)

Шуъбаи Ҳизби халқии демократии Тоҷикистон (ҲХДТ) дар ноҳияи Панҷ  рӯзи 27 май дар саҳифааш дар Фейсбук бо нашри 4 акс дар матлабе бо номи “Ташаббусҳои ҳизбӣ дар амал” дар бораи аз тарафи ҳизб сохта шудани як ҳоҷатхона дар маркази ноҳияи Панҷ хабар дод.

“Дар ҷамоати шаҳраки Панҷ бо тавсия ва пешниҳоди лоиҳаҳои ҳизбӣ оиди сохтмони иншооти гигиенӣ аз тарафи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳия 1 – адад иншооти гигиенӣ сарироҳӣ бо усули дренажӣ сохта бо истифода дода шуд”, – гуфта мешавад дар хабар.

Дар аксҳои нашркардаи ҲХДТ дида мешавад,  ки дару девори ҳоҷатхона аз пластики сафеду сурх сохта шуда, дар сақфи он ба забонҳои тоҷикӣ ва русӣ “Ҳоҷатхона” навишта шудааст. Фарш ва деворҳои дохили ҳоҷатхона бо кафел пӯшонида шуда, ҳоҷатхона бо хатти об, коғаз ва ҳам бо ёршик таъмин карда шудааст.

https://www.facebook.com/groups/hkhdtkhatlon/posts/1407569089705630/

Вақтҳои охир шуъбаҳои ҲХДТ дар вилояти Хатлон ба сохтмони иншооти гигиенӣ таваҷҷуҳи зиёд нишон медиҳанд. Гуфта мешавад, ин кор бар асоси лоиҳаи кумитаи вилоятии ҳизб оид ба сохтмони иншооти гигиенӣ дар манзилҳои истиқоматӣ ва шоҳроҳҳои ин минтақа амалӣ мешавад.

Аз ҷумла шуъбаи ҲХДТ дар ноҳияи Фархор моҳи июни соли 2021 хабар дод, ки “дар асоси баргузории корҳои фаҳмонидадиҳӣ ва пешниҳоди лоиҳаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон оиди сохтмони иншооти гигиенӣ дар манзилҳои истиқоматӣ ва шоҳроҳҳо сокини ҷамоати шаҳраки Фархор Зарипов Иброҳим бо истифода аз ин лоиҳа дар манзили истиқоматии худ як ҳоҷатхона сохтааст, ки масоҳаташ чор метри квадратиро дар бар мегирад”.

Дар хабар ҳамчунин гуфта мешуд, ки Зарипов Иброҳим “миннатдории худро ба роҳбарияти болоии ҳизб барои чунин як иқдоми наҷиб расониданд. Дар оянда иқдом доранд, ки боз як ҳамоми замонавӣ низ аз рӯи ҳамин лоиҳа созанд”.

https://www.facebook.com/groups/hkhdtkhatlon/posts/1180626622399879/

Ҳамин  шуъбаи ҲХДТ моҳи декабри соли 2021 бо нашри аксҳои зиёд суратгузоришеро аз рафти оғози корҳои сохтмони ҳоҷатхона бо усули дренажӣ дар назди бинои Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Фархор нашр кард.

https://www.facebook.com/groups/hkhdtkhatlon/posts/1072777393184803/

Агар Шумо шоҳиди ҳодисаи ҷолибе шудед, видео ва акс бигиред ва бо ин шумора ба “Бомдод” фиристед. Шумораи мо (WhatsApp, Viber, IMO, Telegram): +420 777 404 854

One Comment

  1. ҲХДТ бо сарварии Эмомали Раҳмон, ки раиси ин ҳизб аст, дар 30-ҳокимияташ дар шаҳраки Панҷи вилояти Хатлон пешравии назаррасе карда аст-ин ҳам бошад бунёди як ҳоҷатхона дар маркази шаҳрак!
    “Офаринатон!”

Назари Шумо чист?

Шарҳҳое, ки дар он таҳқиру дашном ва ё иттилооти дурӯғ бошад, нашр карда намешаванд!

Back to top button