ВидеоХабарҳои кӯтоҳҲодиса

ҲАЛОКАТИ ЯК МАРДУ ЯК ЗАН ДАР ДУ САДАМА ДАР КӮЛОБ ВА ДУШАНБЕ

ВКД Тоҷикистон хабар дод, ки тайи ду рӯзи охири 26 вва 27 май дар ду садама дар  шаҳрҳои Кӯлоб ва Душанбе ду нафар ба ҳалокат расидаанд.

Аз ҷумла шаби 26-уми майи соли 2022, тахминан соати 21:30, ронандаи автомашинаи тамғаи “Дэу Матиз”, Сафаров Раҳмон Эмомалиевич, соли таваллудаш 1964, сокини шаҳри Кӯлоб, ҳангоми ҳаракат дар маҳаллаи Чармгарони Поён, аз уҳдаи идораи воситаи нақлиёт набаромада, ба чуқурии канори рости роҳ автомашинаро чаппа намудааст.
Дар натиҷа худи ронанда Сафаров Р.Э. ба саломатиаш ҷароҳатҳои вазнини ҷисмони бардошта дар ҷойи ҳодиса ба ҳалокат мерасад, мусофираш Худойбердиев Нуралӣ, соли таваллудаш 1979, сокини шаҳри мазкур ба саломатиаш ҷароҳатҳои гуногуни ҷисмони бардошта, дар беморхона бистари гардидааст.
Ҳамчунин шаби 27-уми майи соли 2022, тахминан соати 00:40, ронандаи автомашинаи тамғаи «ВАЗ-21015», Шарифзода Саидшо Шайдулло, соли таваллудаш 2001, сокини ноҳияи Муъминобод, хангоми харакат дар кӯчаи А.Ҷомии ба самти кӯчаи Р.Набиеви шаҳри Душанбе аз ӯҳдаи воситаи нақлиёт набаромада, пиёдагард, Раҳимова Шамсия Сафаралиевна, соли таваллудаш 1976, сокини шаҳри Душанберо пахш намудааст. Дар натиҷа пиёдагард, Раҳимова Ш.С.ҷароҳати вазнини ҷисмонӣ бардошта, дар ҷойи ҳодиса ба ҳалокат расидааст.
Аз рӯи ин ҳодисаҳо таҳқиқот идома дорад.

Роҳҳои Тоҷикистон аз лиҳози шумори садамаҳо пурхатар шумурда мешаванд. Танҳо  дар ҳафтаи гузашта дар роҳҳои Тоҷикистон дар дастикам 9 садама 12 нафар  ҷон бохтаанд.

Бино ба омори расмӣ, соли 2021 бар асари 1102 садамаи нақлиётӣ  дар роҳҳои ин кишвар 395 нафар ба ҳалокат расида, 1 218 нафар ҷароҳати ҷисмонӣ бардоштаанд. Суръати баланди ҳаракат ва риоя накардани қоидаҳои ҳаракат дар роҳ, ҳамчунин роҳҳову мошинҳои фарсуда аз иллатҳои умдаи садамаҳо, аз ҷумла садамаҳои марговар дар роҳҳои Тоҷикистон ном бурда мешаванд.

Агар Шумо шоҳиди ҳодисаи ҷолибе шудед, видео ва акс бигиред ва бо ин шумора ба “Бомдод” фиристед. Шумораи мо (WhatsApp, Viber, IMO, Telegram): +420 777 404 854

Назари Шумо чист?

Шарҳҳое, ки дар он таҳқиру дашном ва ё иттилооти дурӯғ бошад, нашр карда намешаванд!

Back to top button