ВидеоМинтақа ва ҷаҳонРӯйдодҳои БадахшонҲуқуқи инсон

ТАЛАБИ ДИДБОНИ ҲУҚУҚИ БАШАР: ТАЪҚИБИ ЭЪТИРОЗГАРОН БАС ВА ИСТИФОДАИ СИЛОҲ БА ЗИДДИ ОНҲО ТАҲҚИҚ ШАВАД!

Созмони байналмилалии ҳомии ҳуқуқи инсон Дидбони ҳуқуқи башар (Human Rights Watch, HRW) рӯзи 26 майи соли 2022 дар як изҳорот аз мақомоти Тоҷикистон хост, ки таъқибу озоди эътирозгаронро дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон дар шарқи Тоҷикистон қатъ карда, то куҷо қонунӣ будани истифодаи  беш аз ҳадди нерӯ ва аз ҷумла истифодаи силоҳҳои оташфишони ҷангӣ ба зидди эътирозгарон аз ҷониби мақомоти ҳифзи ҳуқуқро, ки боиси ҳалокати даҳҳо нафар аз сокинони осоишта шуд, ба таври мӯшикофона таҳқиқ кунанд. Аммо мақомоти Тоҷикистон мегӯянд, дар ҷараёни саркӯби нооромиҳо дар шаҳри Хоруғ ва ноҳияи Рӯшон аъзои гуруҳҳои муташаккили ҷиноӣ ва ҳамдастони гуруҳҳои ифротию террористӣ куштаву захмӣ ва дастгир шудаанд ва касе аз аҳолии осоишта осеб надидааст.

Синат Султоналиева, муҳаққиқи Дидбони ҳуқуқи башар  дар умури Осиёи Марказӣ мегӯяд: “Шаҳрвандони Тоҷикистон дар Бадахшон аз ҳаққи худ ба озодии байн ва гирдиҳамоӣ истифода бурда, ба зидди поймол кардани ҳуқуқи худ эътироз карданж, вале пулис нисбат ба онҳо аз нирӯи беш аз ҳад истифода бурд. Мақомоти Тоҷикистон бояд билофосила таъқиби эътирозгаронро баст карда, мавридҳои табъиз нисбат ба онҳоро таҳқиқ ва алоқаро дар минтақа барқарор кунанд ва барои шаҳрвандон имкони дастрасӣ ба иттилоотро фароҳам биоранд”.

Дидбони ҳуқуқи башар мегӯяд, қатъи дастрасӣ ба Интернет, ки дар ним соли охир инак бори дуюм дар Бадахшон аз он истифода мебаранд, аҳолии ин вилоятро аз имкони алоқа бо хешовандонашон дар хориҷ ва бо дигар қисматҳои Тоҷикистон маҳкум кард.  Равуо бо Рӯшон, ки аксари қурбониёни саркӯбҳои ахир аз ҳамин ноҳияанд, ҳамчунон хеле мушкил аст.

Мақомот алакай беш аз 100 нафарро дар робита ба эътирозҳои ахир дастгир кардаанд. Яке аз онҳо журналист Улфатхоним Мамадшоева аст, ки бар асоси моддаи 307 Кодекси ҷиноятии Тоҷикистон ба даъватҳо ба сарнагун кардани ҳукумат ҳам айбдор мешавад, вале мақомот то ҳол ягон далеле дар робита ба ин иттиҳом ироа накардаанд.

Рӯзи 24 май дар телевизионҳои давлатӣ филми мустанаде намоиш доданд, ки дар он Мамадшоева ва ҳамсари собиқаш генерал Холбаш Холбашев даст доштани худро дар ҳаводиси ахир эътироф мекунанд ва аз мардум узр мепурсанд. Вале маълум нест, ки оё ин баёнот аз онҳо дар кадом шароит гирифта шудааст.

Дидбони ҳуқуқи башар эътирозҳои ахир дар Бадахшонро  яке аз нооромиҳои ҷиддитарин аз замони ҷанги шаҳрвандии солҳои 1992-1997 меномад. Куштори мардум дар он солҳоро ин созмон қаблан “поккории қавмӣ” ном карда буд. Дидбони ҳуқуқи башар хотиррасон кардааст, ки сокинони Бадахшон худро помирӣ мешуморанд ва аз бақия аҳолии Тоҷикистон аз лиҳози забон, фарҳанг ва дини худ фарқ мекунанд.

Ҳомиёни ҳуқуқ меафзоянд, ки Бадахон дар даврони Шӯравӣ низ мақоми мухтор дошта, ин мақоми худро баъди ҷанги шаҳрвандӣ ҳам ҳифз кард. Вале шикоятҳо дар бораи таъқиби помириҳо аз сӯи мақомоти Тоҷикистон, ки ба навби худ лидерони Бадахшонро ба даст доштан дар аъмоли ҷиноӣ айбдор мекунанд, сабаби афзоиши ташаннуҷ дар ин қисмати Тоҷикистон шудааст.

Дабири кулли Созмони Милал Антониу Гутерриш низ рӯзи 20 май аз афзоиши ташаннуҷ дар Бадахшон изҳори нигаронӣ кард ва тарафҳоро ба хештандорӣ даъват кард. Сафоратҳои ғарбӣ ва созмонҳои ҳомии ҳуқуқ низ аз Душанбе хостанд, ки ҳуқуқи инсонро муроот кунад.

Синат Султоналиева, муҳаққиқи Дидбони ҳуқуқи башар гуфт:  “Мақомоти Тоҷикистон масъули таъмини амният ва ҳимояти шаҳрвандони худ  аз ҳар навъ табъиз ҳастанд. Иддаоҳо дар бораи истифодаи беш аз ҳадди нерӯ ва таъқиби ҳадафмандонаи сокинони Бадахшон бояд ба таври билософила таҳқиқ шуда, алоқа барқарор карда шавад ва ҳама гуна боздоштҳои худсарона ва таъқиботи додгоҳӣ бояд бас карда шавад ”.

Мақомоти Тоҷикистон ба ин изҳороти Дидбони ҳуқуқи башар ҳанӯз посух надодаанд.

Tajikistan: Stop Abusing Autonomous Region Protesters

Агар Шумо шоҳиди ҳодисаи ҷолибе шудед, видео ва акс бигиред ва бо ин шумора ба “Бомдод” фиристед. Шумораи мо (WhatsApp, Viber, IMO, Telegram): +420 777 404 854

Назари Шумо чист?

Шарҳҳое, ки дар он таҳқиру дашном ва ё иттилооти дурӯғ бошад, нашр карда намешаванд!

Back to top button