ВидеоМуҳоҷирон

СУТУНМУҲРАИ ЯК ҶАВОНИ ТОҶИК ДАР СОХТМОНЕ ДАР КАНОРИ ПЕТЕРБУРГ ШИКАСТ

Як муҳоҷир аз Тоҷикистон дар сохтмони як ширкати газ дар ҳудуди ҷамъияти боғдории “Сестроречйе” дар минтақаи Белоострови ноҳияи Всеволожский дар шимоли шаҳри Санкт–Петербурги Русия то миёнаш зери бори шағал монда, сутунмуҳрааш шикастааст.

Хабаргузории «Оперативное прикрытие» хабар дож, ки рӯзи 25 майи соли 2022, тахминан соати 15, як ҷавони 26-солаи зодаи Тоҷикистонро бо ҷароҳати сутунмуҳра ва шикастани сутунмуҳра аз қисмати миёнаш дар бемористони ба номи Елизавета (Елизаветинская больница)–и шаҳри Петербург бистарӣ кардаанд. Вазъи ӯро табибон миёнаи вазнин разёбӣ мекунанд.

Ин муҳоҷири тоҷик ба табибон гуфтааст, аз беэҳтиётии худаш зери шағал мондааст.

Аз аввали ҳафтаи ҷорӣ ин алакай сеюмин фалокати вазнин  дар ҷои кори муҳоҷирони тоҷик дар Русия аст. Ду ҳодисаи нохуши аввал, мутаассифона, бо марги се ҷавони тоҷик анҷом ёфт.

Аз ҷумла нашрияҳои маҳаллии шаҳри Екатеринбурги Русия рӯзи 26 майи соли 2022 аз марги фоҷиавии ду муҳоҷири тоҷик дар сохтмони як бинои бисёрқабата дар кӯчаи Московская, 102 хабар доданд. Ин кӯча дар маркази пойтахти минтақаи Урали Русия ҷойгир шудааст.

Нашрияи «Повестка дня» хабар дод, ки бино ба маълумоти аввалия ду шаҳрванди Тоҷикистон, ки дар қабати 32-юм дар дохили “гаҳвора” (“люлька”) машғули анҷоми корҳои сохтмонӣ буданд, ногаҳон аз ин баландии қариб 100 метр ба замин афтодаанд. Гуфта мешавад, ки онҳо баъди афтидан аз чунин баландӣ шанси зинда мондан надоштанд.

«Областная газета»  хабар дод, ки марги якбора ду коргар чунон сару садо кард, ки додситони ноҳияи Ленини шаҳри Екатеринбург Генрих Гулиев шахсан худаш ба ҷои ҳодиса омад.

Яке аз шоҳидон ба “Областная газета” бархе тафсилоти ин ҳодисаро нақл кардааст: “Мегӯянд, ду коргар аз Тоҷикистон, солҳои таваллудашон 1989 ва 1995 ҳалок шудаанд. Баъди ин ҳодиса тамоми коргаронро ё аз кор ҷавоб доданд, ё ба вагонҳояшон фиристоданд. То ҷое ки медонам, ҳоло дар онҷо тафтиши санадҳои коргарони сохтмон ҷараён дорад.”

Раёсати тафтишоти вилояти Свердловск хабар дод, ки дар робита ба ин ҳодиса бар асоси қисми сеюми моддаи 216 Кодекси ҷиноятии Русия бо иттиҳоми вайрон кардани қоидаҳои бехатарӣ ҳангоми анҷоми корҳои сохтмонӣ, ки аз беэҳтиётӣ сабаби марги ду нафар шудааст) парвандаи ҷиноятӣ кушодаанд ва ҳоло ҷамъоварии маводу далелҳо, аз ҷумла пиромуни ин ки оё ширкати масъули ин сохтмон то куҷо қоидаҳои бехатариро риоя мекард?, идома дорад.

Аз он қабл “Бомдод” дар бораи дар синни ҳамагӣ 36 ҷавонмарг шудани боз як муҳоҷири тоҷик: Зуҳуриддин Фирдавсов, зодаи деҳаи Пушти Қӯрғони ҷамоати Моғиёни шаҳри Панҷакент хабар дод. Зуҳуриддин Фирдавсов, ки дар Русия кори сохтмон мекард, рӯзи 23 май дар шаҳри Маскав дар вақти иҷрои корҳои сохтмонӣ аз қабати дуюми бино ба замин афтода, дар ҷои ҳодиса ҷон бохтааст. Зуҳуриддин 36 сол дошт ва аз худ ду фарзанди хурдсолро ятим боқӣ гузошт.

Ҳамдеҳагони Зуҳуриддин барои интиқоли тобути ӯ ба Ватан кумак кардаанд ва ҷанозаи боз як муҳоҷирбачаи дар мулки ғурбат дар талаби нон ба шаҳодат расидаро бояд имрӯз ё пагоҳ ба Тоҷикистон бифиристанд.

Ҳар сол беш аз як миллион нафар, ё қариб нисфи аҳолии қобили кори Тоҷикистон барои таъмини рӯзгори оилаҳояшон ба хориҷ ва асосан ба Русия мераванд.

Ҳар сол дар Русия то 1000 муҳоҷири тоҷик ба иллатҳои мухталиф мемиранд. Яъне ба ҳисоби миёна ҳар рӯз то 3 муҳоҷири тоҷик дар ин мулки мусофирӣ тарки ин дунё мекунанд.

Фалокатҳо дар ҷои кору ҷои зист, садамаҳо ва бемориҳои гуногун аз иллатҳои умдаи марги муҳоҷирони тоҷик дар Русия ном бурда мешаванд. Аксари муҳоҷирони тоҷике, ки дар ғарибӣ мемиранд, дар айни ҷавонӣ ҷавонмарг мешаванд.

Агар Шумо шоҳиди ҳодисаи ҷолибе шудед, видео ва акс бигиред ва бо ин шумора ба “Бомдод” фиристед. Шумораи мо (WhatsApp, Viber, IMO, Telegram): +420 777 404 854

Назари Шумо чист?

Шарҳҳое, ки дар он таҳқиру дашном ва ё иттилооти дурӯғ бошад, нашр карда намешаванд!

Back to top button