ВидеоРӯйдодҳои Бадахшон

ДУ ТАН АЗ ЁРОНИ НАЗДИКИ БОҚИР, АЗ ҶУМЛА ҶИЯНИ Ӯ БО 20 МИЛ СИЛОҲ ТАСЛИМ ШУДААНД (ВИДЕО)

Раёсати ВКД дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон рӯзи 27 майи соли 2022 дар саҳифааш дар Фейсбук бо нашри як гузориши видеоии муфассали 7-дақиқагӣ хабар дод, ки ду тан аз ёрони наздики Мамадбоқир Мамадбоқиров (маъруф ба Боқир), аз ҷумла ҷияни ӯ дар пайи кушта шудани ин лидери ғайрирасмии вилоят ба таври ихтиёрӣ ба мақомот ҳозир шуда, худро таслим кардаанд. Маркази матбуоти милитсияи Бадахшон гуфт, ин ду нафар бо худ миқдори бузурги силоҳу муҳимот, аз ҷумла 19 автомати Калашников ва як туфангчаи Макаровро низ ба мақомот супурдаанд.

РВКД гуфт, сокинони маҳаллаи Хоруғи боло (Бархоруғ) Ақназаров Ақназар Алиназарович, соли таваллудаш 1992 аз моҳи январи соли 2022 ва Шаъбонов Ҷамшед Шокирҷонович, соли таваллудаш 1984 аз моҳи майи соли 2021 барои ҷиноятҳое, чун ҳамла ба кормандони мақомот, авбошӣ ва мамониат ба адолати судӣ таҳти ҷустуҷӯ қарор дошта, вале дар пушти Боқир пинҳон шуда, аз ҳозир шудан ба мақомот саркашӣ мекарданд. Ин ду нафар аз ҷумла ба он айбдор мешаванд, ки 11 ноябри соли 2021 вақте Боқирро дар як посгоҳи Хоруғ дастгир карданӣ шуданд, ба кормандони милитсия ҳамла оварда, Боқирро аз дасти онҳо кашида гирифтаанд.  Яке аз ёрони дигари Боқир бо номи Манучеҳр Шеров, ки  гуфта мешуд, дар он ҳамла бо табар корманди милитсияро захмӣ карда буд, моҳи апрел дастгир ва ба 18 соли зиндон маҳкум шуд.

Милитсияи Бадахшон гуфт, ин ду нафар “дар натиҷаи бурдани корҳои фаҳмондадиҳӣ” худро ба мақомот супурдаанд. Дар гузориш онҳо аз кардаи худ изҳори пушаймонӣ карда, баёнот доданд, ки Боқир онҳоро ба содир кардани он ҷиноятҳо водор мекард. Онҳо ҳамчунин баёнот доданд, ки гӯё эътирозҳои ахир дар Хоруғу Рӯшон бо амру дастури Боқир, генерал Холбаш Холбашев, Улфатхоним Мамадшоева роҳандозӣ шудаанд ва гӯё Боқир бо пули аз Шерзамонов дарёфткардааш барои одамони худ силоҳу арақ ва банг мехарид.

Дар чӣ шароит ба даст омадани ин эътирофот аз забони Шаъбонов ва Ақназаров рӯшан нест. Вале  дар видеои нашршуда дар чеҳраи Ақназаров нишонаҳои латтукӯб баралоина дида мешаванд ва ҳам маълум шуда меистад, ки ҳарду эътирофи худро аз рӯи қоғаз хонда истодаанд ва азбаски матн барои онҳо ба забони адабӣ навишта шуда буд, Ақназаров ва Шаъбонов бисёре аз ҷумлаҳои барояшон навишташударо ба мушкилӣ қироат мекарданд. Бахусус Ақназаров сахт маълум мешуд, ки чӣ гуна синчакорона ба матни дар экран навишташуда  нигоҳ мекунад.

Аммо дар милитсияи Бадахшон гуфтанд, ки Ақназаров ва Шаъбонов  бидуни ягон навъ бадрафторию зӯроварӣ ва маҷбуркунӣ эътирофи гуноҳ карданд.

Дар бораи чӣ гуна дастгир шудани Ақназаров ва Шаъбонов низ маълумот дода нашудааст. Вале қаблан хабарҳо омада буд, ки рӯзи 25 май кормандони мақомот вориди маҳаллаи Бархоруғ шуда, супурдани ёрони Боқир, аз ҷумла нафаре бо насаби Носиралиевро талаб кардаанд. Сокинон он вақт хабар доданд, ки намояндагони мақомот ҳушдор додаанд, ки агар ёрони Боқир худро насупоранд, дар маҳаллаи Бархоруғ кофтукоби хона ба хона роҳандозӣ хоҳад шуд.

Боқир, ки ӯро мақомот ташкилкунанда ва роҳбари асосии эътирозҳои ахир дар Хоруғу Рӯшон меномиданд, нимаи дуюми рӯзи 22 май ба таври мармуз дар маҳаллаи бо Бархоруғ ҳамсояи Бойнӣ кушта шуд. ВКД гуфт, ки Боқир дар ҷараёни “муноқишаи дохилии байни гуруҳҳои ҷиноӣ” кушта шудааст. Вале манобеи дигар гуфтанд, ки ӯро мақомоти вижа аз байн бурданд.

Дар ҷараёни саркӯби эътирозҳои ахир дар Бадахшон, ба ҳисоби Созмони Милал, беш аз 40 нафар кушта шуданд. Ҳомиёни ҳуқуқ мақомоти Тоҷикистонро ба истифодаи беш аз ҳадди нерӯ ба зидди эътирозгарон айбдор мекунанд. Вале мақомот исрор меварзанд, ки эътирозгарон дар Рӯшон мусаллаҳ буданд ва аз ҷониби “созмонҳои террористӣ” ва сафоратҳои бархе кишварҳои ғарбӣ кумаку ҳимоят мегирифтанд. Сокинон мегӯянд, нирӯҳои қудратӣ болои издиҳоми бесилоҳ оташ кушоданд.

Агар Шумо шоҳиди ҳодисаи ҷолибе шудед, видео ва акс бигиред ва бо ин шумора ба “Бомдод” фиристед. Шумораи мо (WhatsApp, Viber, IMO, Telegram): +420 777 404 854

One Comment

  1. То замоне ки боқир зинда буд ягонтаи шумо ҷуръат намекардед ки ба маҳалла даромада ҷинояткоронро дастгир кунед. Акнун ҳама “шер ” шудаанд. Аҷиб!!!!

Назари Шумо чист?

Шарҳҳое, ки дар он таҳқиру дашном ва ё иттилооти дурӯғ бошад, нашр карда намешаванд!

Back to top button