ОШКОР ШУДАНИ СЕ ҚАЛЛОБӢ БА МАБЛАҒҲОИ 67 ҲАЗОР, 85 ҲАЗОР ВА 99 ҲАЗОРУ 500 ДОЛЛАР!

Сокини 34-солаи ноӽияи Рӯдакӣ ба он гумонбар мешавад, ки моҳи октябри соли 2021 бо ваъдаи аз як бинои навбунёд дар Душанбе гирифта додани 4 манзил аз як сокини 24-солаи пойтахт 67 ҳазор доллар гирифта, ӯро фиреб додааст.
хххххххххххххх
Сокини 33-солаи пойтахт ба он гумонбар мешавад, ки ҳанӯз моҳи сентябри соли 2020 мошини “Мерседес-Бенс” -и сокини 31-солаи ноҳияи Кушониёнро 85 ҳазор доллар нарх карда, дар ивазаш ба ӯ дар Душабе манзили 3-ҳуҷрагӣ ваъда додааст, вале ваъдаашро то ҳол иҷро накардааст.
ххххххххххххххххххх
Сокини 34-солаи қаблан судшудаи пойтахт ба он гумонбар мешавад, ки соли 2021 аз сокини 36-солаи Душанбе 11 мошинро 99 ӽазору 500 доллар нарх карда, ваъда додааст, ки дар муддати муайян фурӯхта, пулашро медиҳад, вале то ҳол соҳиби мошинҳоро фиреб дода, гаштааст.
Аз навори хабарҳои рӯзи 26 майи маркази матбуоти ВКД Тоҷикистон
Бо роӽи фиреб ба даст овардани маблағи муфт

Ба ШВКД-2 дар ноӽияи Фирдавсӣ бо ариза марди 24-солаи сокини пойтахт муроҷиат намудааст, ки моҳи октябри соли 2021, марди 34-солаи сокини ноӽияи Рӯдакӣ бо роҳи фиреб ба бовариаш даромада, ваъда додааст, ки аз бинои сохтумонаш нотамом, воқеъ дар шаӽри Душанбе 4-адад хонаҳои истиқоматиро гирифта медиӽад ва бар ивазаш аз ӯ маблағи пулли ба миқдори 67 ӽазор доллари амрикоиро гирифта, то ҳол маблағашро бар нагардонидааст.
Дастгир гардидани ду қаллоб

Ба ШВКД дар ноҳияи Фирдавсӣ бо ариза марди 31-солаи сокини ноҳияи Кушониён муроҷиат намудааст, ки санаи 14-уми сентябри соли 2020, марди 33-солаи сокини пойтахт бо роҳи фиреб ба бовариаш даромада, аз ӯ автомашинаи тамғаи “Мерседес Бенс”, ки арзишаш 85 ҳазор доллари амрикоиро ташкил медиҳад, нархгузорӣ карда гирифта, ваъда додааст, ки аз бинои навбунёд, воқеъ дар шаҳри Душанбе, манзили 3-ҳуҷрагӣ гирифта медиҳад, аммо то ҳол ӯро фиреб дода, маблағҳои ба даст овардаашро ба манфиати шахсиаш сарф намудааст.
Инчунин ба ШВКД-2 дар ноҳияи Сино бо ариза марди 36-солаи сокини шаҳри Душанбе, муроҷиат намудааст, ки соли 2021 марди 34-солаи сокини пойтахт, ки пеш бо моддаи 340 қисми 2 Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон суд шудаааст, бо роҳи фиреб ба бовариаш даромада аз ӯ 11-адад автомашинаӽои гуногунтамғаро, ки арзишашон, 99 ӽазору 500-доллари амрикоиро ташкил медиӽад гирифта, ваъда додааст, ки дар муддати муайян фурӯхта маблағхояшро бармегардонад, аммо то ҳол маблағҳои зикргардидаро барнагардонидааст.
Аз рӯи ин ҳодисаҳо тафтишот идома дорад.
Оид ба ин ӽолат тафтишот идома дорад.

