ВидеоМуҳоҷиронХабарҳои кӯтоҳ

ҲАСАНОВ ЗАРИФҶОНРО КӢ ДИДААСТ? БА МОДАРИ ЗОРАШ ХАБАР ДИҲЕД!

Ҳасанов Зарифҷон, аз худ дарак диҳед! Модари зор  инак қариб як сол боз дар чустучӯи писари дар Русия гумшудааш Зарифҷон аст.

Ҳасанов Зарифҷон Ҳакимҷонович, санаи таваллудаш 01.02.1978, ки дар шаҳри Серпухови вилояти Маскав  кор мекард, аз моҳи августи соли 2021 бедарак шудааст.

Тавре модар нақл кард: Бачаам дар Русия, дар шаҳри Серпухов буд. Аз моҳи август даракаш нест, намедонам, чӣ кор кунаму куҷоро кобам? Ҳаминкадарашро медонам, ки дар Серпухов зиндагӣ мекард. Бо Телеграм ҳар рӯз гап мезадем, вале якбора гап заданро бас кард, дигар дар Телеграм пайдо нашуд.

Як моҳ пеш ҳамкори пешинааш гуфт,  ки гӯё як таксист бо ҳамаи кӯчаш Зарифҷонро ба Масква бурдааст. Рақами он таксистро ба ман дод ман, бо ӯ гап задам,  гуфт, ки ман ӯро намешиносам, лекин то Маскав ҳамчун мусофир бурда будамаш, тамом, дигар надидам. Ман модарам, ҷигарам барои ҷигарбандам хун аст. Соате нест, ки нагирям.

Аз ҳама илтиҷо мекунам, агар касе писари маро дар ягон ҷое дида бошад, ё маьлумоте дорад, лутфан ба ман хабар диҳед.

Рақами телефони модари Зарифҷон:

+992 904 44 07 69

Агар Шумо шоҳиди ҳодисаи ҷолибе шудед, видео ва акс бигиред ва бо ин шумора ба “Бомдод” фиристед. Шумораи мо (WhatsApp, Viber, IMO, Telegram): +420 777 404 854

Назари Шумо чист?

Шарҳҳое, ки дар он таҳқиру дашном ва ё иттилооти дурӯғ бошад, нашр карда намешаванд!

Back to top button