ВидеоХабарҳои кӯтоҳ

ҲАЛОКАТИ РОНАНДАИ “МЕРСЕДЕС” БАР АСАРИ БАРХӮРД БО “ДУЛАН” ДАР ЛОЛАЗОРИ РӮДАКӢ

ВКД Тоҷикистон хабар дод, ки шаби 23-юми майи соли 2022, тахминан соати 23:00 ронандаи автомашинаи боркаши тамғаи «Мерседес-Бенс», Аминов Музаффар Додарбекович, соли таваллудаш 1991, сокини шаҳри Ҳисор, ҳангоми ҳаракат аз самти шаҳри Душанбе ба самти шаҳри Бохтар, дар ҳудуди деҳаи Лолазори ноҳияи Рӯдакӣ аз уҳдаи идораи воситаи нақлиёт набаромада, ба қисми қафои автомашинаи “Дулан-Шакман”, ки таҳти идораи ронанда, Вализода Раҳматуллои Хайрулло, соли таваллудаш 1992, сокини ноҳияи А.Ҷомӣ қарор дошт, бархӯрдааст.
Дар натиҷа, ронандаи «Мерседес-Бенс», Аминов М.Д. ҷароҳатҳои вазнини ҷисмонӣ бардошта, дар ҷойи ҳодиса ба ҳалокат расидааст.
Аз рӯи ин ҳодиса таҳқиқот идома дорад.

Роҳҳои Тоҷикистон аз лиҳози шумори садамаҳо пурхатар шумурда мешаванд. Танҳо  дар ҳафтаи гузашта дар роҳҳои Тоҷикистон дар дастикам 9 садама 12 нафар  ҷон бохтаанд.

Бино ба омори расмӣ, соли 2021 бар асари 1102 садамаи нақлиётӣ  дар роҳҳои ин кишвар 395 нафар ба ҳалокат расида, 1 218 нафар ҷароҳати ҷисмонӣ бардоштаанд. Суръати баланди ҳаракат ва риоя накардани қоидаҳои ҳаракат дар роҳ, ҳамчунин роҳҳову мошинҳои фарсуда аз иллатҳои умдаи садамаҳо, аз ҷумла садамаҳои марговар дар роҳҳои Тоҷикистон ном бурда мешаванд.

Агар Шумо шоҳиди ҳодисаи ҷолибе шудед, видео ва акс бигиред ва бо ин шумора ба “Бомдод” фиристед. Шумораи мо (WhatsApp, Viber, IMO, Telegram): +420 777 404 854

Назари Шумо чист?

Шарҳҳое, ки дар он таҳқиру дашном ва ё иттилооти дурӯғ бошад, нашр карда намешаванд!

Back to top button