ВидеоИқтисодКоррупсия

ДУ БИНОИ ТОҶИДДИН ПИРЗОДАРО БО НАРХИ 350 МИЛЛИОН СОМОНӢ БА ФУРӮШ ГУЗОШТААНД

Дуруст як сол баъди барҳам хӯрдани “Тоҷиксодиротбонк”, Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатии Тоҷикистон ду бинои бузурги марбут ба ин яке аз бонкҳои дар гузашта бузургтарини ҷумҳуриро бо нархи 350 миллион сомонӣ, ё ҳудудан 30 миллион доллар ба фурӯш гузоштааст.

Бонки миллии Тоҷикистон 21 майи соли 2021 ду бонки бузурги кишвар: “Тоҷиксодиротбонк” ва “Агроинвестбонк”-ро ба далели мушкилоти ҷиддии молиявиашон барҳам дод.  “Агроинвестбонк” тақрибан 28 ҳазор ва “Тоҷиксодиротбонк” наздики 6 ҳазор муштарӣ доштанд. Хазинаи суғуртаи пасандозҳои шахсони воқеӣ пардохти пасандозҳои муштариёни ин бонкро ба маблағи то 30 ҳазор сомонӣ ба уҳда гирифт. Мақомот он вақт гуфтанд, ки боқӣ пулҳои дар ин ду бонк дармондаи муштариёнро аз ҳисоби фурӯши амволи он  хоҳанд рӯёнд.

Ҳоло мақомот ду бинои асосии “Тоҷиксодиротбонк” – дафтари марказии ин бонк ва ҳамчунин меҳмонхонаи дар замони Шӯравӣ машҳури “Тоҷикистон” дар маркази пойтахтро ба фурӯш гузоштаанд. Дафтари асосии бонк, к и 22 ҳазор метри мураббаъ масоҳат доштааст, бо нархи ибтидоии 125 миллиону 65 ҳазору 630 сомонӣ (наздики 11 миллион доллар) бо қурби имрӯза ва бинои меҳмонхонаи “Тоҷикистон”, ки 139 ҳуҷра ва ҳам дар маркази маркази Душанбе 2 гектар замин доштааст, бо қимати ибтидоии 225 миллиону 285 ҳазору 624 сомонӣ, муодили наздики 20 миллион доллар, ба фурӯш гузошта шудаанд.

Дар 5 соли охир дар Тоҷикистон 4 бонк ба далели муфлисӣ барҳам дода шуданд. Қабл аз “Тоҷиксодиротбонк” ва “Агроинвестбонк”, дар соли 2017 “Тоҷпромбонк” ва “Фононбонк” муфлис эълон карда шуда, барҳам хӯрданд. Дар солҳои охир муфлисӣ ҳамчунин сабаби қатъи фаъолият кардани даҳҳо ташкилоти хурди қарзӣ дар Тоҷикистон шудааст.

Агар Шумо шоҳиди ҳодисаи ҷолибе шудед, видео ва акс бигиред ва бо ин шумора ба “Бомдод” фиристед. Шумораи мо (WhatsApp, Viber, IMO, Telegram): +420 777 404 854

Назари Шумо чист?

Шарҳҳое, ки дар он таҳқиру дашном ва ё иттилооти дурӯғ бошад, нашр карда намешаванд!

Back to top button