ВидеоКоррупсия

БОЗДОШТИ РАИСИ БАХШИ ҶАВОНОНИ ҲУКУМАТИ ПАНҶАКЕНТ АФЗАЛШОҲ ДӮСТЗОДА

Раиси бахши ҷавонон ва варзиши шаҳри Панҷакент, Афзалшоҳ Дӯстзода аз сӯйи мақомоти милисаи шаҳри Панҷакент боздошт шудааст. Дар ин бора  рзи 26 маи соли 2022  “Азия Плюс” бо такя ба як манбаъ дар шуъбаи корҳои дохилии шаҳри Панҷакент  хабар дод.

Манбаи “Азия Плюс” огуфтааст, ки Афзалшоҳ Дӯстзода бо гумони қаллобӣ дастгир шудааст.

“Ӯ аз як нафар бо ваъдаи омода кардани билети ҳарбӣ як миқдор маблағ мегирад. Ҳол он ки ин гуна ваколатро Дӯстзода надорад, – гуфтааст манбаи “Азия-Плюс”.

Бино ба маълумоти дарёфтӣ, боздошти Афзалшоҳ Дӯстзода рӯзи 25-уми май  бар асоси шикояти як шаҳрванд сурат гирифтааст. Ба гуфтаи манбаъ, дар ҳоли ҳозир Дӯстзода дар боздошт дар ШВКД Панҷакент қарор дорад. Маълум нест, ки оё нисбат ба Афзалошоҳ Дӯстзода, парвандаи боз шудааст ё не? Ин ҳам маълум нест, ки ӯ дар ивази билети ҳарбӣ чӣ қадар маблағ тамаъ кардааст?

Наздикони Дӯстзода дар бораи боздошти ӯ изҳори назар накардаанд. Санъат Тоҳирзода, роҳбари дастгоҳи раиси шаҳри Панҷакент  ба “Азия-Плюс” гуфт,  ҳоло ягон маълумоти расмӣ наомадааст ва дар ин бора  чизе гуфта наметавонад.

Мирзоқосим Каримзода, сардори Раёсати ҷавонон ва варзиши вилояти Суғд низ аз қазия изҳори бехабарӣ кард ва гуфт, ки маълумотро санҷида, иловатан хабар медиҳад. 

Афзалшоҳ Дӯстзода моҳи марти соли 2022 раиси бахши ҷавон ва варзиш дар шаҳрдории Панҷакент таъин шуда буд. Аз ин пеш ӯ дар мақомҳои ёвари раиси шаҳр ва мудири шуъбаи рушди иҷтимоӣ ва робита бо ҷомеаи ҳукумати шаҳри Панҷакент низ кор мекард.

Боздошти Дӯстзода дар ҳолест, ки шаҳри Панҷакент нақшаи даъвати баҳории ҷавонон ба сафи қувваҳои мусаллаҳро ҳанӯз иҷро накардааст. Даъвати баҳорӣ то 31 май давом мекунад.

Агар Шумо шоҳиди ҳодисаи ҷолибе шудед, видео ва акс бигиред ва бо ин шумора ба “Бомдод” фиристед. Шумораи мо (WhatsApp, Viber, IMO, Telegram): +420 777 404 854

Назари Шумо чист?

Шарҳҳое, ки дар он таҳқиру дашном ва ё иттилооти дурӯғ бошад, нашр карда намешаванд!

Back to top button