ВидеоРӯйдодҳои Бадахшон

НАШРИ БАЁНОТИ ГЕНЕРАЛ ХОЛБАШ ХОЛБАШЕВ ВА УЛФАТХОНИМ МАМАДШОЕВА (ВИДЕО)

Шоми 24 май дар Интернет филми мустанаде бо номи “Шикасти фитна” нашр шуд, ки зоҳиран аз тарафи Кумитаи давлатии амнияти миллии Тоҷикистон таҳия шудааст. Дар ин филм, ки қариб 17 дақиқа давом мекунад, баёноти Улфатхоним Мамадшоева ва генерал Холбаш Холбашев, ду нафаре, ки бо иттиҳоми ташкилу раҳбарӣ ва сарпарастии эътирозҳои ахири Бадахшон дастгир шудааст, низ нашр шудааст.

Гӯянда, ки  гузоришҳову филмҳои мустанади қаблии КДАМро ҳам гӯяндагӣ мекард, дар “Шикасти фитна” мегӯяд, тасмими ташкили эътирозҳо дар Рӯшону Хоруғ рӯзи 26 март дар хонаи Зарифбеков ном сокини маҳаллаи Бархоруғ гирифта шуд. Вале Улфатхоним Мамадшоева мегӯяд, ки ин ҷаласа дар як меҳмонхонаи хусусӣ баргузор шуда буд.

Муаллифони филм мегӯянд, дар нишаст Мамадбоқир Мамадбоқиров (Боқир), Холбаш Холбашев ва Улфатхоним Мамадшоева ҳузурӣ ва Алим Шерзамонов аз Аврупо тариқи мессенҷер иштирок кардаанд. Ба иддаои мақомоти амниятӣ, дар ин ҷаласа ҳамчунин қарор шудааст, ки Алим Шерзамонов маблағгузории эътирозҳоро ба дӯш мегирад, Холбашев масъулияти ташкили эътироз дар Рӯшон, Боқир масъулияти ташкили эътироз дар Хоруғро. Ба Мамадшоева масъулияти пӯшиши иттилоотии ин эътирозҳоро вогузор мекунанд.

Мамадшоева, Холбашев ва Азиз Давлатшоев ном як нафари дигар дар баёноти худ ин гуфтаҳоро тасдиқ мекунанд. Вале маълум нест, ки эътирофи онҳо дар чӣ шароит ба даст омадааст? Мақомот ба парвандаи ӯ муҳри махфӣ задаанд ва адвокаташ низ ба ин далел ҳаққи дар бораи қазияи Мамадшоев суҳбат карданро бо расонаҳо надорад.

Гӯянда дар филми “Шикасти фитна” ҳамчунин иддао мекунад, ки гӯё Алим Шерзамонов аз Аврупо барои ташкили эътирозҳо дар Рӯшон 6 ҳазор доллар ва барои ташкили эътирозҳо дар Хоруғ 7 ҳазор доллар фиристодааст.

Вале Шерзамонов дар саҳифааш дар Фейсбук ин иддаоро рад карда, бо киноя навишт: “Дар Тоҷикистон будам, сер намехӯрдам, вале маблағҳои калон мегирифтам, инак Урупо омадам, монолит мезанам ва ба Тоҷикистон пул равон мекунам, ки инқилоб кунанд. Ҳотами Той будаам”.

Дар филм ҳамин тавр, Улфатхоним Мамадшоеваро ба ҳамкорӣ бо мақомоти махсуси “баъзе кишварҳои хориҷӣ” айбдор мекунанд ва аз ҷумла Сергей Горячев ном нафаре мисол меоранд, ки аз Мамадшоева гӯё маълумоти маҳрамонае дар бораи Тоҷикистон ба даст меовард.

Муаллифони филм ҳамчунин иддао мекунанд, ки Мамадшоева аз созмони “Интернаюс” ду маротиба панҷҳазордолларӣ грант гирифта, рӯзи 15 марти соли 2022 дар қаҳвахонаи “Сегафредо” дар маркази Душанбе бо ду корманди сафорати яке аз кишварҳои ғарбӣ пиромуни вазъи Бадахшон ҳудуди 40 то 45 дақиқа суҳбат кардааст.

Мамадшоева мулоқоташ бо дипломатҳои ғарбӣ ва дар солҳои охир ба маблағи 400 ҳазор сомонӣ грант гирифтанашро эътироф мекунад. Дар филм лаҳзаи аз қаҳвахона баъди мулоқот бо Улфатхоним Мамадшоева баромадани ду хориҷӣ низ намоиш дода мешавад, вале муаллифони филм мегӯянд, ба далели идомаи тафтишот аз ифшои номи кишвари онҳо худдорӣ мекунанд.

Ин филм дар пайи бо истифода аз нерӯ саркӯб кардани мавҷи ахири эътирозҳо дар Бадахшон нашр шуд. Мақомоти Тоҷикистон то имрӯз марги танҳо 11 нафарро дар Бадахшон тасдиқ кардаанд, вале Созмони Милал дар бораи ҳалокати беш аз 40 нафар хабар додааст.

Боқир, ки ӯро роҳбари асосии эътирозҳо мешуморанд, рӯзи 22 май ба таври мармуз кушта шуд.

Генерал Холбаш Холбашев рӯзи 18 май ҳангоми бозгашт аз Ворух дар Исфара дастгир шуд. Ҳамсари собиқи ӯ Улфатхоним Мамадшоеваро субҳи 18 май дар Душанбе боздошт карданд.

Холбашев дар поёни филми “Шикасти фитна” гуфт, ин эътирофҳоро ӯ бо ихтиёри худаш ба забон овардааст. Ӯ худро ташкилкунандаи тамоми эътирозҳои солҳои охир дар Рӯшон номид.

Ин дар ҳолест, ки Холбашев ба фарқ аз дигар фармондеҳони собиқи мухолифин баъди пайвастанаш ба нирӯҳои ҳукуматӣ ва таъйин шуданаш ба мақоми фармондеҳи қисми низомии нирӯҳои марзбонӣ аз ҳар навъ мухолифат бо ҳукумат канораҷӯӣ мекард ва ба эътирозҳое, ки тайи 10 соли охир дар Бадахшон мегузашт, ҳамроҳ намешуд.

Агар Шумо шоҳиди ҳодисаи ҷолибе шудед, видео ва акс бигиред ва бо ин шумора ба “Бомдод” фиристед. Шумораи мо (WhatsApp, Viber, IMO, Telegram): +420 777 404 854

Назари Шумо чист?

Шарҳҳое, ки дар он таҳқиру дашном ва ё иттилооти дурӯғ бошад, нашр карда намешаванд!

Back to top button