Душанбе, пойтахти Тоҷикистон дар байни 26 кишвари мавриди таҳқиқ аз лиҳози дастрасии сокинон ба китобхонаҳои ҷамъиятиаш ҷои 21-умро ба даст овард.
Пажуҳишгарони пойгоҳи интернетии Picodi.com навиштаанд, ки дар Душанбе 14 китобхонаи ҷамъиятӣ амал мекунад, яъне ба сари ҳар 63 ҳазор сокини пойтахти Тоҷикистон як китобхона рост меояд. Душанбе дар ин рейтинг баъди шаҳрҳое чун Берлин, Ереван ва Буэнос- Айрес ҷой гирифта, пеш аз Нур-Султон, Рум, Сан-Паулу, Сидней ва Ар-Риёз гузошта шудааст. Дар пойтахти Арабистони Саудӣ, ки беш аз 7 миллиону 600 ҳазор аҳолӣ дорад, ба сари ҳар як миллион сокин танҳо як китобхона вуҷуд доштааст.
Ҷои аввалро дар ин рейтинг Брюссел соҳиб шудааст. Дар ин ҷо ба сари ҳар 10 ҳазор сокин як китобзона ва дар умум 19 китобхона вуҷуд доштааст. Шояд кам касе бидонад, ки дар Брюссел, ки пойтахти Белгия ва ҳам пойтахти Иттиҳоди Аврупо ва НАТО дониста мешавад, ҳамагӣ 180 ҳазор нафар зиндагӣ мекунанд.
Дар рейтинги китобхонаҳои дастрас баъди Брюссел шаҳрҳои Варшава, Киев ва Таллин ҷой гирифтаанд.
Вале Маскав, ки шаҳри аз ҳама пурмутолиа дар собиқ СССР номбар мешуд, бо вуҷуди 443 китобхонааш дар ин рейтинг танҳо мақоми 9-умро ба даст овардааст. Маълум мешавад, дар пойтахти Русия ба сари ҳар 30 ҳазор сокин танҳо як китобхона рост меояд.
Русия дар рейтинги китобхонаҳои дастрас дар байни шаҳрҳои Русия низ мақоми хеле пасти 14-умро соҳиб шудааст. Лозим ба зикр аст, ки Санкт-Петербург, “пойтахти фарҳангии Русия” низ бо 200 китобхонааш дар ин рейтинг дар зинаи ҳамагӣ 11-ум қарор гирифтааст. Маълум мешавад, дар Петербург аз як китобхона ба ҳисоби миёна 27 ҳазор сокин истифода мебурдаанд.
Ҷои якумро дар Русия аз лиҳози дастрасии сокинон ба китобхонаҳо Нижний Новгород ба даст овардааст. Дар инҳо ҳамагӣ 89 китобхона амал мекунад, вале ҳар китобхона ба 14 ҳазор сокин рост меояд. Мақомҳои баъдиро Самара, Воронеж, Уфа ва Волгоград ишғол кардаанд, ки ҳар китобхона дар ин шаҳрҳо ба 20 то 23 ҳазор сокин рост меояд.
Picodi.com таъкид мекунад, ки китобхонаҳои ҷамъиятӣ нафақат дастрасӣ ба адабиёт ва илму донишро фароҳам меоранд, балки дар зиндагии фарҳангии ҷомиа низ нақши бузург доранд.