ВидеоНомаҳо ба президентҶомеа

ДАР ТОҶИКИСТОН ЯК МАСЪУЛРО БАРОИ ЧАШМ ПӮШИДАН АЗ ШИКОЯТҲО ҶАЗО ДОДААНД

Маркази матбуоти додситонии кулли Тоҷикистон рӯзи 25 майи соли 2022 дар бораи як мавриди барои ин ҷумҳурӣ нодиру ангуштшумори муҷозоти як корманди масъул барои расидагӣ накардан ба шикоятҳои сокинон ҷазо додаанд. Додгоҳи ноҳияи Айнӣ ёрдамчии духтури санитарии шуъбаи коммуналии ин ноҳия Аскаралӣ Ҳасановро барои чунин хунукназарӣ 960 сомонӣ ҷарима бастааст. Бештари шикоятҳо ба ин масъул пиромуни … бӯю тафи ҳоҷатхонаҳо будааст.

Бино ба иттидои маркази матбуоти Додситонии кул,  додситонии ноҳияи Айнии вилояти Суғд, ба тариқи назорати умумӣ ҳолати риоя ва иҷрои талаботи Қонуни ҶТ «Дар бораи муроҷиатҳои шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ»-ро дар ҳудуди ин ноҳия мавриди санҷиш қарор додааст.

“Санҷиш нишон дод, ки Ҳасанов Аскаралӣ Ҳасанбоевич, аз моҳи сентябри соли 2014 инҷониб дар вазифаи ёрдамчии духтури санитарии шуъбаи коммуналии ноҳияи Айнӣ, фаъолият намуда, талаботҳои Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи муроҷиатҳои шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ» ва дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқии ба танзимдарорандаи ин соҳаро дағалона вайрон намудааст. Чунончӣ, ӯ ҳамчун ёрдамчии духтури санитарии шуъбаи коммуналии маркази назорати давлатии санитарию эпидемиологии ноҳия, муроҷиати сокинони деҳаи Айнии ҷамоати деҳоти Айнии ноҳияи Айнӣ, Саидов Ю., Низомов Ш. ва Полвонов Ғ. аз санаи 22.11.2021 сол оид ба ҳоҷатхонаи дар гирду атрофи манзили истиқоматиашон буда, муроҷиати сокини деҳаи Марзичи ҷамоати деҳоти Анзоби ноҳияи Айнӣ, Мусофиров Р.И. оид ба партовҳои дар гирду атрофи хонааш партофташуда, аз санаи 26.06.2021 сол ва муроҷиати сокини деҳаи Айнии ҷамоати деҳоти Айнии ноҳияи Айнӣ, Шошарипова М. аз санаи 15.01.2022 сол оиди аз ҷониби ҳамсоягонаш сохтани ҳоҷатхонаро дар давоми зиёда аз 3 моҳ то 10 моҳ баррасӣ накарда, ба муаллифони он ҷавоб нагардонидааст”, – гуфта мешавад дар иттилоияи додситонӣ.

  Ин ниҳод мегӯяд, тибқи талаботи қисми 2 сархати 4 ва 8 моддаи 17-и Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи муроҷиатҳои шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ» мақомот ва ё ташкилоти баррасикунандаи муроҷиат ӯхдадор аст, ки аз рӯи масъалаҳои дар муроҷиат гузошташуда, ба шахсони вокеӣ ва ҳуқуқӣ посухи хаттӣ гардонида ва доир ба натиҷаи баррасии муроҷиат ба муроҷиаткунанда иттилоот диҳанд.

    Ҳамчунин, тибқи моддаи 25-и Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи муроҷиатҳои шахсони воқеӣ ва ҳукукӣ» шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ барои риоя накардани талаботи Қонуни мазкур бо тартиби муқаррарнамудаи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ҷавобгарӣ кашида мешаванд.

Додситони ноҳияи Айнӣ нисбат ба Аскаралӣ Ҳасанов  бар асосимоддаи 87-и Кодекси ҳуқуқвайронкунии маъмурии Тоҷикистон парвандаи ҳуқуквайронкунии маъмурӣ кушода, додгоҳи ноҳияи Айнӣ бо қарори худ аз 118 майи соли 2022 Ҳасановаро ба андозаи 15 нишондиҳанда барои ҳисобҳо, баробар ба маблағи 960 сомонӣ ба фоидаи давлат ҷарима бастааст.

Мавридҳои барои сарфи назар кардани шикоятҳои мардум ба ҷавобгарӣ кашидани масъулон ва мансабдорон дар Тоҷикистон ангуштшумор аст. Ба ин далел, бисёриҳо кӯшиш мекунанд, ки рост ба президент Эмомалӣ Раҳмон, раиси Маҷлиси миллӣ Рустами Эмомалӣ ваё ба раҳбари дастгоҳи президент Озода Раҳмон муроҷиат кунанд. Сокинон умедворанд, ки дар чунин сурат мансабдорони маҳаллӣ шояд битарсанд ва ба муроҷиатҳои онҳо расидагӣ кунанд.

Агар Шумо шоҳиди ҳодисаи ҷолибе шудед, видео ва акс бигиред ва бо ин шумора ба “Бомдод” фиристед. Шумораи мо (WhatsApp, Viber, IMO, Telegram): +420 777 404 854

Назари Шумо чист?

Шарҳҳое, ки дар он таҳқиру дашном ва ё иттилооти дурӯғ бошад, нашр карда намешаванд! Required fields are marked *

Back to top button