ВидеоМинтақа ва ҷаҳонСиёсат

ВИДЕОИ ҶОЛИБ: ЭМОМАЛӢ РАҲМОН БО ПУТИН ДАР БОРАИ ЧӢ ГӮШАКӢ КАРД?

Журналисти рус Павел Зарубин, муаллифи барномаи «Москва.Кремль.Путин» дар шабакаи телевизионии «Россия1», ки ӯро “хабарнигори шахсии Путин” ҳам меноманд, видеои нодири  рӯзи 16 май дар Маскав дар нишасти ҷашнии 30-юми ОДКБ бо якдигар гӯшакӣ кардани президентҳои Русияву Тоҷикистон Владимир Путин ва Эмомалӣ Раҳмонро нашр кард.

Дар сабт дида мешавад, ки қабл аз шурӯи қисмати пӯшидаи нишаст, вақте журналистон алакай тарки толор мекарданд, Эмомалӣ Раҳмон аз ҷояш хеста,  чанд қоғаз дар дасташ пеши Путин омад ва болои сари ӯ хам шуда, чизеро пурсид. Тавре дар видео мебинем, Путин аввал аз суоли президенти Тоҷикистон изҳори ҳайрат мекунад, вале баъд ӯро ба пеши худ боз ҳам наздиктар хонда, ба гӯшаш бо овози паст чизе мегӯяд.

Баъди шунидани суханони Путин Эмомалӣ Раҳмон аз болои сари ӯ хеста, ба ҷои нишасти худ бармегардад.

Маълум нест, ки Путин ва Эмомалӣ Раҳмон дар бораи чӣ гӯшакӣ суҳбат кардаанд. Вале Павел Зарубин тахмин мезанад, ки мавзӯъ мавзӯи хеле муҳим буд.

Дар нишасти ОДКБ дар Маскав дар баробари масоили дигар вазъи Афғонистон ва таъсири он ба вазъи Осиёи Марказӣ низ баррасӣ шуд.

Дар арафаи ин нишаст дар бораи дастикам ду тирпарронӣ дар марзи Афғонистон бо Тоҷикистон  хабарҳо ба даст расид ва Гулбиддин Ҳикматёр, як фармондеҳи собиқи муҷоҳидини афғон Душанберо ҳушдор дод, ки Толибон дар посух ба пуштибонии ошкорои мақомоти Тоҷикистон аз нирӯҳои зидди режими нави Толибон метавонанд ба мухолифини мусаллаҳи ҳукумати Тоҷикистон дар Афғонистон ҷойгоҳу пойгоҳ бидиҳанд ва вазъи ин кишварро ба осонӣ ба ҳам бизананд. Дуруст қабл аз ин изҳороти Ҳикматёр хабарҳое нашр шуд, ки дар баданаи мухолифини тоҷик як қаноати низомӣ пайдо шудааст.

Ҳамин тавр, ташаннуҷи дигарбораи авзоъ дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон дар шарқи Тоҷикистон  ба нигарониҳои амниятии Душанбе меафзояд. Мавҷи нави эътирозҳо дар Бадахшон дуруст дар рӯзҳое сар шуд, ки Эмомалӣ Раҳмон дар Маскав дар нишасти ОДКБ иштирок дошт. Мақомоти Тоҷикистон эътирозҳоро дар Бадахшон бо истифода аз нерӯ саркӯб карданд, ки боиси ҳалокати даҳҳо нафар шуд.

Агар Шумо шоҳиди ҳодисаи ҷолибе шудед, видео ва акс бигиред ва бо ин шумора ба “Бомдод” фиристед. Шумораи мо (WhatsApp, Viber, IMO, Telegram): +420 777 404 854

Назари Шумо чист?

Шарҳҳое, ки дар он таҳқиру дашном ва ё иттилооти дурӯғ бошад, нашр карда намешаванд!

Back to top button