ВидеоИқтисодҶанг дар Украина

ҚУРБИ РУБЛ ДАР ТОҶИКИСТОН БОЗ БОЛО РАФТ, ҚУРБИ ДОЛЛАРУ ЕВРО БАРАКС БА ЗАМИН ЗАД

Аз аввали ҳафтаи ҷорӣ дар Тоҷикистон қурби расмии рубли Русия беист боло меравад ва қурби доллару евро баракс башиддат рӯ ба поён овардааст.

Қурби расмии  доллару евро ҳафтаи гузашта мутаносибан дар давру бари 12,5 сомонӣ барои як доллар ва 13,5 сомонӣ барои як евро чарх мезад, вале рӯзи душанбеи 23 май, Бонки миллии Тоҷикистон қурби долларро то 12,10 сомонӣ ва қурби евроро то 13 сомонию 13 дирам пойин оварда, қурби расмии рублро то 172 сомонӣ барои 1000 рубл боло бурд. Рӯзи 24 май ин тамоюл боз ҳам давом кард ва Бонки миллӣ қурби расмии рублро то ба 172,5 сомонӣ боло бурда, қурби долларро то 11 сомонию 80 дирам ва қурби евроро то 12 сомонию 57 дирам пойин бурд.

Ба дунбол, бино ба маълумоти сомонаҳои расмиашон, қурби рубл дар бонкҳои Тоҷикистон низ боло рафта, қурби доллару евро баракс ба замин задааст. Аз ҷумла бонки “Эсхата” рӯзи 24 май  қурби хариди 1000 рубл 172 сомонӣ, вале қурби хариди доллар ҳамагӣ 11 сомонию 10 дирам ва қурби хариди евро 11 сомонию 80 дирам нишон дода шуда буд.

Ташкилоти хурди депозитии “Ҳумо”  хабар додааст, ки як долларро 11 сомонию 40 дирам, як евроро 12 сомонӣ ва 1000 рублро бо қурби 172 сомонӣ мехарад.

“Ориёнбонк” дар сомонааш қурби хариди 1000 рублро 170 сомонӣ,  қурби як долларро ҳамагӣ 11 сомонию 20 дирам ва қурби хариди евро 11 сомонию 80 дирам нишон додааст.

“Спитаменбонк” хабар додааст, ки аз муштариён 1000 рублро бо қурби 170 сомонӣ,  як долларро 11 сомонию 10 дирам ва як евроро бо нархи 11 сомонию 50 дирам мехарад.

Дар биржа ҳоло қурби як доллар нисбат ба рубли Русия дар давру бари 57 рубл ва қурби як евро дар зери 63 сомонӣ нишон дода шуда, қурби 1000 рубл нисбат ба пули миллии Тоҷикистон 217,5 сомонӣ нишон дода шудааст.

Вале иқтисоддонҳо ин қурбро қурби сохтаву сунъӣ ва бо даст идорашаванда ва ҳатто дар пасманзари ҷанги Украина қурби “тарғиботӣ”, яъне пропагандистӣ меноманд ва мегӯянд, бо онки қурби доллару евро нисбат ба рубл то ба ҳадди дар дастикам 4 соли охир бесобиқа пойин рафтааст ва бо ин қурби 57 рубл барои як доллар ё 63 рубл барои як евро ва ҳатто бо қурби наздик ба ин харидани асъори хориҷӣ дар Русия имкон надорад.

Гуфта мешавад, бо онки дар саррофиҳои Русия доллар бо нархи дастикам ду маротиба болотар аз қурби расмиаш фурӯхта мешавад ва он ҳам пинҳонӣ.

Вале аз боло рафтани қурби рубл нисбат ба доллар муҳоҷирони тоҷик дар Русия ва хонаводаҳои онҳо дар Тоҷикистон хушҳол мешаванд, чунки умедворанд, ки қурби болотари рубл метавонад дасти онҳоро дар баробари нархҳои сар ба осмон кашида ақалан як каме дарозтар мекунад.

Агар Шумо шоҳиди ҳодисаи ҷолибе шудед, видео ва акс бигиред ва бо ин шумора ба “Бомдод” фиристед. Шумораи мо (WhatsApp, Viber, IMO, Telegram): +420 777 404 854

Назари Шумо чист?

Шарҳҳое, ки дар он таҳқиру дашном ва ё иттилооти дурӯғ бошад, нашр карда намешаванд!

Back to top button