ВидеоМуҳоҷиронХабарҳои кӯтоҳ

ЯК ОИЛАРО ДАР ДУШАНБЕ БО ВАЪДАИ КӮЧИДАН БА КАНАДА 18 200 ДОЛЛАР ФИРЕБ ДОДААНД

Ба ШВКД дар ноҳияи И.Сомонӣ бо ариза марди 35-солаи сокини пойтахт муроҷиат намудааст, ки марди 30-солаи сокини шаҳри Душанбе, бо роҳи фиреб ба бовариаш даромада, дар чанд марҳила аз ӯ 18 ҳазору 200 доллари амрикоӣ гирифта, ваъда додааст, ки ӯро бо оилааш ба давлати Канада мефиристонад, аммо то ҳол ӯро фиреб дода, маблағҳои ба даст овардаашро ба манфиати шахсиаш сарф намудааст. Дар ин бора рӯзи 24 майи соли 2022 маркази матбуоти ВКД Тоҷикистон хабар дод.

Аз рӯи ин ҳодиса тафтишот идома дорад.

Вақтҳои охир шумори торафт бештари сокинони Тоҷикистон талош доранд, бо аҳли оилаи худ барои зиндагии доим ба кишварҳои Ғарб, асосан ба кишварҳои Аврупо ва ба Амрико ва Канада бикӯчанд. Аксари онҳо таҳияи шароит барои як ояндаи беҳтар барои фарзандони худро сабаби асосии тағйири макон ва интихоби кишварҳое дар дурии чанд ҳазор километр аз Тоҷикистон барои зиндагии доим ном мебаранд.

Дар гузашта сокинони Тоҷикистон барои зиндагии доим асосан ба Русия мекӯчиданд. Бино ба омори расмии ВКД Русия, танҳо дар соли 2021 беш аз 103 ҳазор зодаи Тоҷикистон, яъне ба ҳисоби миёна ҳар рӯз қариб 300 нафар аз Тоҷикистон соҳиби шаҳрвандии Русия шудаанд.

Афзоиши шумораи хоҳишмандони кӯчидан ба Аврупо ва Амрикою Канада ва боло рафтани талабот ба виза ё раводиди сафар ба ин кишварҳо боиси гарм шудани бозори қаллобоне ҳам шудааст, ки бо сӯиистифода аз боварии шаҳрвандон, бо ваъдаи барояшон таҳия кардани визаи кишварҳои мавриди назарашон онҳоро ба маблағҳои бузург фиреб мекунанд.

Агар Шумо шоҳиди ҳодисаи ҷолибе шудед, видео ва акс бигиред ва бо ин шумора ба “Бомдод” фиристед. Шумораи мо (WhatsApp, Viber, IMO, Telegram): +420 777 404 854

Назари Шумо чист?

Шарҳҳое, ки дар он таҳқиру дашном ва ё иттилооти дурӯғ бошад, нашр карда намешаванд!

Back to top button