ВидеоКоррупсия

ТАЛАБИ 10 ҲАЗОР СОМОНӢ БАРОИ КУМАК ДАР ГИРИФТАНИ ҲУҶҶАТҲОИ РОНАНДАГӢ

Агентии мубориза бо коррупсияи Тоҷикистон  рӯзи 23 майи соли 2022 хабар дод, ки парвандаи ҷиноятии Маҳмадӣ Мирзоев, мудири мактаби ронандагии “Меҳроб-2016”-ро баъди анҷоми тафтиши пешакӣ ва тасдиқи фикри айбдоркунӣ ба додгоҳ супурдааст. Маҳмадӣ Мирзоев бар асоси қисми якуми моддаи 295 Кодекси ҷиноятии Тоҷикистон ба сӯиистифода аз ваколат аз ҷониби кормандони муассисаҳои тиҷоратӣ айбдор мешавад.

Маркази матбуоти Агентии мубориза бо коррупсия дар шарҳи ин парванда гуфт: “Мирзоев Маҳмадӣ Баротович дар вазифаи директори Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди “Меҳроб-2016” ҳамчун мактаби ронандатайёркунӣ кор карда, бо истифодаи ваколати идоравӣ бо мақсади ба даст овардани фоида ба боварии шаҳрвандон даромада, аз  онҳо дар ду ҳолат маблағи 10 000 сомониро барои гувоҳномаи хатми курси таълимии ронандагӣ дараҷаи “В” талаб карда гирифта, дар эҳтиёҷоташ сарф намудааст ва ба манфиати шаҳрвандон ягон амалро иҷро накарда, ба онҳо зарари ҷиддӣ расонид”.

Бар асоси қисми якуми моддаи 295, ба Маҳмадӣ Мирзоев барои сӯиистифода аз ваколатҳои фармонфармоӣ ё дигар ваколатҳои идоравӣ бар хилофи манфиатҳои ин ташкилотҳо ва бо мақсади ба даст овардани фоида ва бартарӣ барои худ ё барои дигарон ё расонидани зарар ба шахсони дигар, агар ин кирдор ба ҳуқуқ ва манфиатҳои қонунии шаҳрвандон, корхона, ҷамъият ё давлат зарари ҷиддӣ расонда бошад, ҷарима ба андозаи аз 250 то 365 нишондиҳанда барои ҳисобҳо (яъне ба маблағи аз 16 ҳазор то 23 ҳазору 660 сомонӣ) ё корҳои ислоҳӣ ба мӯҳлати то ду сол ё маҳрум сохтан аз озодӣ ба ҳамин мӯҳлат таҳдид мекунад.

Вале таҷрибаи мақомоти ҳифзи ҳуқуқи Тоҷикистон нишон медиҳад, ки дар аксари мавридҳо чунин парвандаҳо бо ягон ҷаримаи шахси гунаҳкор ба анҷом мерасанд.

Агентии мубориза бо коррупсияи Тоҷикистонро, ки соли 2007 маҳз бо мақсади решакан кардани коррупсия дар ин кишвари фасодзада ташкил шудааст, бисёр вақт барои он танқид мекунанд, ки беш аз 500 кормандаш дар фаъолияти худ ба таъқиби моҳичаҳои хурде, чун ягон заминсоз ё кормандони ҷамоату комиссариатҳои ҳарбӣ маҳдуд шуда, ба наҳангҳои бузурги уқёнуси фасоди Тоҷикистон аслан кор намегиранд.

Тоҷикистон ҳамчунон яке аз кишварҳои фасодзадатарини дунё боқӣ мемонад. Дар гузориши ахири созмони Транспаренси Интенэшнал, ки моҳи январи соли 2022 нашр шуд, Тоҷикистон дар байни 180 кишвар аз лиҳози сатҳи фасод дар мақоми 150-ум ҷой гирифт.

Агар Шумо шоҳиди ҳодисаи ҷолибе шудед, видео ва акс бигиред ва бо ин шумора ба “Бомдод” фиристед. Шумораи мо (WhatsApp, Viber, IMO, Telegram): +420 777 404 854

Назари Шумо чист?

Шарҳҳое, ки дар он таҳқиру дашном ва ё иттилооти дурӯғ бошад, нашр карда намешаванд!

Back to top button