ВидеоРӯйдодҳои Бадахшон

ДУ КОРМАНДИ ОМОН ДАР РОҲ БА ПОМИР ГУМ ШУДААНД (ВИДЕО)

Шуҳрат Камолов, бародари Камолов Сангалӣ Файзалиевич, соли таваллудаш 1990, ки дар ОМОН, дастаи таъйиноти махсуси ВКД Тоҷикистон ба ҳайси ронанда кор мекард, хабар дод, ки бародараш ва як корманди дигари ОМОН дар роҳ ба Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон дар ҳудуди ноҳияи Дарвоз гум шудаанд ва инак 4 рӯз боз аз онҳо дараке нест.

Шуҳрат Камолов ба журналисти мустақил Далери Имомалӣ хабар дод, ки Сангалӣ Камолов ва як  ҳамкораш шаби 19 ба 20 май ба роҳ баромада буданд ва бори охир соати дувоздаҳи шаб телефонӣ хабар додааст, ки онҳо алакай аз Кӯлоб баромада, ба тарафи Бадахшон мераванд.

“Моро муовини вазири корҳои дохилӣ даъват кард ва гуфт, ки Сангалӣ ва ҳамроҳаш дар Дарвоз ғарқ шудаанд. Гуфтанд, ки аз ҷараёни ҷустуҷӯи онҳо боз хабар медиҳанд. Муовини вазир ба зердастонаш ҳам фармуда буд, ки рақами телефонҳои моро бигиранд ва доим дар тамос бошанд. Вале инак чанд рӯз боз касе чизе намегӯяд, ба зангҳои пайвастаи мо дар вазорат касе ҷавоб намедиҳад”, – нақл кард Шуҳрат Камолов.

Сангалӣ Камолов як фарзанд дошта, ҳоло ҳамсараш фарзанди дуюми онҳоро дар батн доштааст.

Дар бораи корманди дуюми ОМОН, ки Сангалиро дар ин сафар ҳамроҳӣ мекард, ҳанӯз маълумоте ба даст наомадааст. Шуҳрат Камолов низ дар бораи ӯ чизе намедонистааст. Ин ҳам маълум нест, ки оё дар даруни мошин танҳо ҳамин ду нафар будаанд? Як рӯз қабл дар бораи дар наздикии Рӯшон нопадид шудани 7 корманди ОМОН хабарҳо ба даст расида буд.

Шуҳрат Камолов тавассути канали Далери Имомалӣ аз мардум хост, ки дар ҷустуҷӯи бародараш кумак кунанд. Аз онҳое ки дар бораи афсари ОМОН Камолов Сангалӣ Файзалиевич ва ҳамроҳи ӯ маълумоте доранд, хоҳиш мекунем, бо ин рақам бо бародараш Шуҳрат Камолов тамос бигиранд:

+992 880 00 71 00

Хабари эҳтимолан ғарқ шудани ду корманди ОМОН дар ҳолест, ки чанд рӯз боз дар вилояти Бадахшон, асосан дар ноҳияи Рӯшон ва маркази вилоят, шаҳри Хоруғ амалиёти ҳарбӣ бо мақсади саркӯб кардани мавҷи нави эътирозҳо идома дорад.

ВКД Тоҷикистон рӯзи 18 май, алакай баъди чанд соати оғози амалиёт, ҳалокати дастикам 10 нафар, аз ҷумла як афсари “Алфа” ва 9 сокини Бадахшон ва ҷароҳат бардоштани дастикам 16 корманди мақомот ва 11 тан аз эътирозгаронро расман тасдиқ кардааст. Вале сокинон мегӯянд, шумораи қурбониён хеле бештар аст. Созмони Милал гуфт, бар асоси маълумоти манобеи муътамад, дар Бадахшон беш аз 40 нафар кушта шудаанд.

Шоми 22 май дар Хоруғ Мамадбоқир Мамадбоқиров, маъруф ба Боқир, як лидери ғайрирасмии пурнуфузи Бадахшон ба таври мармуз кушта шуд. Мақомот ӯро ташкилкунанда ва роҳбари асосии эътирозҳои ахир меномиданд. ВКД гуфт, Боқир дар ҷараёни “як муноқишаи дохилӣ” кушта шуд. Вале манобеи дигар мегӯянд, ки ӯро хадамоти махсуси Тоҷикистон куштаанд.

Агар Шумо шоҳиди ҳодисаи ҷолибе шудед, видео ва акс бигиред ва бо ин шумора ба “Бомдод” фиристед. Шумораи мо (WhatsApp, Viber, IMO, Telegram): +420 777 404 854

Назари Шумо чист?

Шарҳҳое, ки дар он таҳқиру дашном ва ё иттилооти дурӯғ бошад, нашр карда намешаванд!

Back to top button