ВидеоИқтисодНуқтаи назар

БОЗДОШТИ ҶАВОНЗАНЕ КИ АЗ ҚАҲР БАНКОМАТҲОИ БЕПУЛРО БО САНГ ЗАДУ ШИКАСТ (ВИДЕО)

Раёсати ВКД дар ш. Душанбе рӯзи 23 майи соли 2022 аз боздошти зане хабар дод, ки ҳафтаи гузшта видеои бо санг банкоматҳои «Душанбе сити»-ро зада шикастанаш нашр шуд.

Милитсияи пойтахти Тоҷикистон мегӯяд, вақтҳои охир дар шабакаҳои иҷтимоӣ ва сомонаҳои интернетӣ шикояти шаҳрвандон оид ба надоштани маблағ ва фаъол набудани баъзе дастгоҳҳои худкори бонкӣ (банкомат) нашр шуда, боиси норозигии мизоҷон гардидааст. Аммо, гуфтаи мешавад дар иттилоияи милитсия, ин дар ҳеҷ ҳолат наметавонад боиси он шавад, ки як шаҳрванд худсарона чунин дастгоҳҳои худкори бонкиро шикаста корношоям намояд.

Ишораи милитсия ба видеое буд, ки ҳафтаи гузашта дар шабакаҳои иҷтимоӣ нашр гардид ва дар он ҳолати бо санг зада шикастани ду банкомати ҶДММ «Душанбе сити» аз ҷониби як зан сабт шуда буд.

РВКД Душанбе гуфт, дар натиҷаи пешбурди як қатор чорабиниҳои оперативӣ-ҷустуҷӯӣ аз ҷониби кормандони милитсия муайян карда шуд, ки ҷавонзани дар навор инъиксоёфта шаҳрванд Муминова Меҳрафрӯз, соли таваллудаш 08.09.1987, истиқоматкунандаи ноҳияи Темурмалик, деҳаи М.Турсунзода мебошад.

“Зимни пурсиш муайян карда шуд, ки номбурда санаи 18-уми майи соли ҷорӣ аз сабаби надоштани маблағ асабонӣ шуда, ба воситаи санг ду адад дастгоҳи худкори бонкии (банкомат) ҶДММ «Душанбе сити»-ро воқеъ дар ноҳияи Шоҳмансур, кӯчаи С.Айниро зада корношоям намудааст. Дар ҳаракатҳои номбурда, ки қасдан несту нобуд ё вайрон кардани молу мулк дида мешавад, барои оғоз намудани парвандаи ҷиноятӣ тибқи талаботи моддаи 255 Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон маводҳои лозима тартиб дода шуда, мавриди санҷиши пешакӣ қарор дорад”, гуфта мешавад дар хабар.

Ба  ин зан бар асоси моддаи 255 ҷарима ба маблағи аз 16 ҳазор то 23 660 сомонӣ ваё то 2 сол ҳукми зиндон таҳдид мекунад.

Ёдовар мешавем, ҳафтаи гузашта “Парвиз ТВ” видеои лаҳзаи ҳамлаи як ҷавонзан ба банкоматҳоро нашр кардааст. Дар ин видео, ки аз видеокамераҳои назоратист, дида мешуд, ки як зани ҷавони хашмолуд бошаст ба толоре, ки онҷо чанд банкомат гузошта шудааст, зада медарояд ва бо як пораи бетон ё санг дастикам ду банкоматро зада, мешиканад. Дар ҷараёни ҳамла ин пораи санг ё бетон аз дасти зан меафтад, вале ӯ онро дигарбора аз рӯи фарш бардошта, ба шикастани банкоматҳо давом медиҳад ва баъди онки кори банкомати аввалро тамом мекунад, ба банкомати дуюм ҳамла меорад.

Дар сабт дида мешуд, ки пеш аз даромади он зани хашмгин як ҷавонзани дигар ба яке аз банкоматҳо такя зада, бо касе бо телефон суҳбат дорад, вале зани телефонбадаст баробари ба он ҷо даромадани он зани хашмолуди санг дар даст бо шитоб аз он толор фирор мекунад.

Аз сабт бармеояд, ки ин ҳодиса рӯзи чоршанбе, 18 майи соли 2022, соати 15:00 рӯй додааст. Вале маҳалли ҳодиса рӯшан нест ва Парвиз ТВ низ дар бораи дар куҷо рух додани ин ҳодиса чизе нагуфтааст. Сабаби даст ба шикастани банкоматҳо задани ҷавонзан низ маълум нест.

Дар сабт садои як мард ба гӯш мерасид, ки вақти ба толори банкоматҳо даромадани зани хашмолуд мегӯяд: “Э бача, ин банкоматҳо кор намекунанд”. Зане ба вай посух медиҳад, ки “инҳо як умр кор намекунанд”. Вале он мард худро сафед мекунад, ки “як умр нею ягон 3 ё 4 соат шуд…”

Сокинони Тоҷикистон аз фаъолияти номуназзами банкоматҳо зиёд шикоят мекунанд ва мегӯянд,  гоҳо барои гирифтани миқдоре пули нақд маҷбур мешаванд, ними шаҳрро дар ҷустуҷӯи ягон банкомате, ки пул дошта бошад, бигарданд.

Агар Шумо шоҳиди ҳодисаи ҷолибе шудед, видео ва акс бигиред ва бо ин шумора ба “Бомдод” фиристед. Шумораи мо (WhatsApp, Viber, IMO, Telegram): +420 777 404 854

Назари Шумо чист?

Шарҳҳое, ки дар он таҳқиру дашном ва ё иттилооти дурӯғ бошад, нашр карда намешаванд!

Back to top button