ВидеоДин ва боварҳоРӯйдодҳои Бадахшон

БОҚИРРО БА ХОК СУПУРДАНД. ИМРӮЗ БА ЁДИ Ӯ ДАР ХОРУҒ МАРОСИМИ “ЧАРОҒРАВШАН” АСТ

Ҳамсуҳбатони пойгоҳи хабарии “Бомдод”, аз шаҳри Хоруғ, маркази маъмурии Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон хабар доданд, ки рӯзи 23 майи соли 2022, наздикиҳои намози аср, дар маҳаллаи Бархоруғ (Хоруғи боло) Мамадбоқир Мамадбоқиров, маъруф ба Боқир, яке аз лидерҳои ғайрирасмии Бадахшонро ба хок супурданд.  Сино ва Хуршед низ рӯзи 22 май ҳамроҳ бо Боқир кушта шуданд.

Рӯзи 23 май ҳамроҳи Боқир ҳамчунин яке аз ёрони ӯ бо номи Сино ва сокини маҳаллаи бо Бархоруғ ҳамсояи Бойнӣ бо номи Хуршедро ҳам дафн кардаанд. Ба гуфтаи сокинон, дар маросими дафни лидери ғайрирасмии Бадахшон ва ёрони ӯ танҳо сокинони маҳаллаи Бархоруғ ва маҳаллаи ҳамсояи УПД тавонистанд иштирок кунанд. Сокинон аз дигар маҳаллаҳои Хоруғ ва ҳамин тавр, аз ноҳияҳои дигари вилоят ба далели  аз 16 май дар мавзеи Чинак баста будани роҳи Бархоруғ натавонистанд дар ин маросим иштирок кунанд.

“Рӯзи 24 май сокинони Бархоруғ ва УПД ба ёди кушташудаҳо маросими “Чароғравшан” доир карда истодаанд. Ин як маросими роиҷ дар байни исмоилиҳои Бадахшон аст, ки баъди даргузашти наздиконашон гирди ҳам меоянд ва ба ёди рафтагон мадо ва дуо мехонанд. Мадо (мадҳия) як навъи таронахонии мазҳабист”, – nнақл кард яке аз ҳамсуҳбатони “Бомдод” аз Хоруғ.

Рӯзи 24 май дар Бадахшон ҳар сол ҳамчун Рӯзи Нур бо шукӯҳ ҷашн гирифта мешуд. Ин ид ба шарафи аввалин боздиди пешвои исмоилиҳои ҷаҳон шоҳзода Карим Оғохони Чорум аз ин вилоят аст, ки 24 майи соли 1995 сурат гирифта буд. Вале ба гуфтаи сокинон, имсол бахшида ба Рӯзи Нур маросимҳои бузурге дар назар гирифта нашудааст, чунки мардум дар мотами кушташудаҳои ҳаводиси ахир нишастаанд.

Боқир нимаи дуюми рӯзи 22 май ба таври мармуз кушта шуд. ВКД гуфт, ки ӯ дар ҷараёни “муноқишаи байниҳамдигарии дохилӣ байни гуруҳҳои ҷиноӣ” кушта шуд. Вале манобеи дигар мегӯянд, ки ин роҳбари ғайрирасмии Бадахшонро нирӯҳои амниятӣ куштанд. Бино ба як фарзия, Боқир ва ду нафари дигар бо тири мерганҳо ё снайперҳое, ки дар маҳаллаи Бойнӣ, дар рӯбарӯи Бархоруғ чанд рӯз боз шинак гирифта буданд, кушта шуданд. Бар асоси фарзияи дигар, ӯ пиёда ба сайругашти кӯчаҳои давраи кӯдакиаш баромадааст ва дар ҳамин аснои сайругашт, дар маҳаллаи Бойнӣ афроди силоҳбадаст дар як “пикап” ӯро ҳамроҳи Сино ва Хуршед тирборон кардаанд.

Боқир 59 сол дошта, фармондеҳи собиқи Иттиҳоди нирӯҳои мухолифин буд. Ӯ баъди имзои Созишномаи сулҳи соли 1997 фармондеҳи қисми марзбонӣ дар марз бо Хитой таъйин шуд ва рутбаи полковник гирифт. Боқир яке аз пурнуфузтарин лидерҳои ғайрирасмии Бадахшон ба ҳисоб мерафт. Тайи чанд моҳи охир мақомот талош доштанд, ки ӯро дастгир кунанд. Мақомот Боқирро раҳбар ва сарпарасти асосии эътирозҳои ахир дар Хоруғ медонистанд.

Авзоъ дар Бадахшон аз 14 май муташанниҷ шуд. Рӯзи 17 май сокинони Рӯшон бо ҳадафи мамониат ба интиқоли нирӯҳои иловагӣ ба Хоруғ роҳи Душанбе Хоруғ Қулмаро бастанд. Мақомот эътирозгарони Рӯшонро “аъзои дастаҳои ҷиноятӣ ва ифротию террористӣ” номида, субҳи 18 май амалиёти ҳарбиро дар Рӯшон сар карданд. Алакай нимаи дуюми рӯзи 18 май ВКД Тоҷикистон аз саркӯби пурра эътирозгарон дар Рӯшон ва ҳалокати 10 нафар дар ҳаводиси ахири Бадахшон хабар дод. Вале сокинон иттиҳоми “терроризму экстремизм” ва силоҳ доштани эътирозгаронро рад карда мегӯянд, нирӯҳои давлатӣ болои мардуми осоишта тир кушоданд. Ба гуфтаи сокинон, шумораи кушташудаҳо хеле бештар аз рақамҳои тасдиқкардаи ВКД аст. Созмони Милал бо такя ба манобеи муътамадаш гуфт, дар ҳодисаҳои Бадахшон беш аз 40 нафар кушта шудаанд.

Агар Шумо шоҳиди ҳодисаи ҷолибе шудед, видео ва акс бигиред ва бо ин шумора ба “Бомдод” фиристед. Шумораи мо (WhatsApp, Viber, IMO, Telegram): +420 777 404 854

Назари Шумо чист?

Шарҳҳое, ки дар он таҳқиру дашном ва ё иттилооти дурӯғ бошад, нашр карда намешаванд!

Back to top button