ВидеоИқтисодХабарҳои кӯтоҳ

БАЙНИ ДУШАНБЕ ВА ИСТАНБУЛ ҲАР ҲАФТА 6 ПАРВОЗ СУРАТ ХОҲАД ГИРИФТ

Ба дунболи ширкати туркии “Turkish Airlines”, ягона ширкати ҳавопаймоии фаъоли Тоҷикистон “Сомон Эйр” низ тасмим гирифтааст, ки шумораи парвозҳояшро дар самти Душанбе-Истанбул-Душанбе зиёд намояд. Маркази матбуотии ширкати ҳавопаймоии «Сомон Эйр» хабар дод, ки шурӯъ аз 5-уми июни соли 2022 “Сомон Эйр” аз Душанбе ба Истанбул дар як ҳафта се маротиба: рӯзҳои сешанбе, ҷумъа ва якшанбе парвоз анҷом медиҳад. Парвозҳо дар ин масир тавассути ҳавопаймоҳои Boeing 737-800 ва 737-900 иҷро мешаванд.

 Вақти парвоз аз Душанбе 06:10 ва нишаст дар фурудгоҳи Истанбул 09:35 ба вақти маҳаллӣ мебошад. Дар самти баргашт парвоз аз Истанбул 10:45 сурат гирифта, дар Душанбе ҳавопаймои ширкат соати 17:45 ба вақти маҳаллӣ менишинад.

 Қаблан ширкати туркии “Turkish Airlines” эълон кард, ки аз нимаи дуюми моҳи май шумораи парвозҳояш байни Истанбул ва Душанберо ба се парвоз дар ҳафта мерасонад.

 Маълумоти бештар ва чиптаи хатсайри мазкурро аз хазинаҳои чиптафурӯшӣ ва маркази маълумотдиҳиву фурӯши чиптаи ширкати ҳавопаймоӣ дастрас кардан мумкин аст. Дар сомонаи “Сомон Эйр” нархи парвозҳо аз Душанбе ба Истанбул аз 276 то 397 евро нишон дода шудаанд. Нархи парвоз аз Истанбул ба Душанбе барои эконом-класс аз 260 евро сар шуда, нархи парвоз дар бизнес-класс 530 евро муқаррар карда шудааст.

Ширкати ҳавопаймоии “Сомон Эйр” парвозҳоро аз Тоҷикистон ба Туркия, АМА, Ҳиндустон, Россия, Қазоқистон ва Ӯзбекистон анҷом медиҳад.

 Ёдрас карда мешавад, ки мутобиқи талаботи мавҷуда, мӯҳлати амали шиносномаи шаҳрвандони Тоҷикистон, ки вориди Туркия мешаванд, бояд на кам аз 150 рӯз бошад. Мусофирони аз Душанбе ба Истанбул сафардошта (аз 6-сола боло) аз ҷумла мусофирони транзитӣ тибқи талабот бояд шаҳодатномаи ваксинатсия (ба забони аглисӣ) ва ё маълумотномаи гузаштани ПСР-тести COVID-19-ро бо натиҷаи манфӣ (бо забони англисӣ), ки давоми 72 соати пеш аз вуруд ба Туркия дода шудааст, пешниҳод намоянд.

 Мусофирони аз Истанбул ба Душанбе сафаркунанда пеш аз парвоз бояд шаҳодатномаи ПСР-тестро бо натиҷаи манфии санҷиши COVID-19, ки давоми 72 соати пеш аз вуруд ба қаламрави Тоҷикистон дода шудааст, пешниҳод намоянд. Кӯдакони то 3-сола аз пешниҳоди ПСР-тест озод мебошанд.

Агар Шумо шоҳиди ҳодисаи ҷолибе шудед, видео ва акс бигиред ва бо ин шумора ба “Бомдод” фиристед. Шумораи мо (WhatsApp, Viber, IMO, Telegram): +420 777 404 854

Назари Шумо чист?

Шарҳҳое, ки дар он таҳқиру дашном ва ё иттилооти дурӯғ бошад, нашр карда намешаванд!

Back to top button