ВидеоРӯйдодҳои БадахшонЧеҳраҳо

БОҚИР ВА ДУ СОКИНИ ДИГАРИ БАРХОРУҒРО БА ХОК МЕСУПОРАНД (ВИДЕО)

Бино ба иттилои дарёфтии пойгоҳи хабарии “Бомдод” аз шаҳри Хоруғ, рӯзи 23 майи соли 2022 дар маҳаллаи Бархоруғ (Хоруғи боло) Мамадбоқир Мамадбоқиров, маъруф ба Боқир, яке аз лидерҳои ғайрирасмии Бадахшон ва ду сокини дигари Бархоруғро ба хок месупоранд. Ин ду нафар, ки Боқирро ҳамроҳӣ мекарданд, нимаи дуюми рӯзи 22 май дар Бархоруғ кушта шуданд. Ба пойгоҳи “Бомдод” ҳанӯз муяссар нашудааст, номҳои онҳоро муайян кунад.

Сокинони Хоруғ мегӯянд, нимаи авввали рӯзи 23 май роҳи тарафи бозори шаҳр боз буд, вале роҳи тарафи Бархоруғ  ҳамчунон баста аст. Ба эҳтимоли ғолиб, мақомот намехоҳанд дар маросими дафни Боқир ва ёрони ӯ мардуми зиёд гирд биояд.

Дар чӣ шароит кушта шудани Боқир ва ду сокини дигари Бархоруғ ҳамчунон норӯшан боқӣ мемонад.

Маркази матбуоти раёсати корҳои дохилаи Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон  шоми 22 май хабар дод, ки Боқир соати 17:30 дар маҳаллаи Хоруғи боло “бар асари муноқишаи байниҳамдигарии дохилӣ” кушта шуд.

Мақомот тафсилоти дигар надодаанд, вале қаблан манобеи пойгоҳи хабарии “Бомдод” аз Хоруғ хабар доданд, ки Боқир, сокини 59-солаи кӯчаи Иҷубови маҳаллаи Бархоруғ, ки мақомот ӯро ташкилкунанда ва раҳбари асосии эътирозҳои ахир дар Бадахшон меномиданд, нимаи дуюми рӯзи 22 май аз тири мерганҳо (снайперҳо), ки чанд рӯз боз дар маҳаллаи Бойне хайма гузошта, камин гирифта буданд,  кушта шуд. Ба гуфтаи ин манобеъ, мерганҳо аз камингоҳи худ Боқир ва ду тан аз ёронашро замоне ҳадаф қарор доданд, ки онҳо бо мошин дар дохили маҳаллаи Бархоруғ ҳаракат мекарданд.

Маҳаллаи Бойне дар поёнтари Хуфак ва дар рӯбарӯи маҳаллаи Бархоруғ (Хоруғи боло),  маҳали иқомат ва пойгоҳи асосии тарафдорони Боқир ҷойгир шудааст. 

Аз Хоруғ хабар медиҳанд, ки  дар пайи паҳн шудани хабари кушта шудани Боқир мардум, асосан ҷавонон, дар маҳаллаҳои гуногуни Хоруғ ҷамъ шуданд, вале мақомот дар кӯчаҳо  шумори зиёди нирӯҳоро мустақар карда, роҳҳои ба тарафи Бархоруғро маҳкам кардаанд ва ба касе имкони рафтан ба он тарафро намедиҳанд.

Роҳҳои ба сӯи  Бархоруғ аз 16 май ба ин тараф баста буд ва  нирӯҳои амниятӣ аз 18 май, дар пайи саркӯби эътирозҳо дар Рӯшон Бархоруғро ба муҳосира гирифта буданд.

Мамадбоқир Мамадбоқиров (Боқир), яке аз лидерҳои ғайрирасмии пурнуфузи Бадахшон ва аз фармондеҳони собиқи Иттиҳоди нирӯҳои мухолифини тоҷик аст, ки баъди имзои созишномаи сулҳи соли 1997 аз ҳисоби квотаи сифоизаи мухолифин фармондеҳи як қисми ҳарбии нирӯҳои марзбонӣ таъйин гардида, соҳиби рутбаи полковник шуд.

Ба зидди Боқир моҳи январи соли 2022 бо иттиҳоми таҳқир ва латтукӯби намояндаи давлат парвандаи ҷиноятӣ кушоданд.  Ӯ аз ҷумла ба латтукӯб ва таҳқири раиси идораи маорифи вилояти Бадахшон Лутфулло Наврӯзов айбдор мешуд, вале худаш инро рад карда, мегуфт, “бо муаллим танҳо як суҳбати падарона кардам”.  Боқиру тарафдоронашро ҳамчунин ба он айбдор мекарданд, ки моҳи ноябр ба кормандони милитсия дар Хоруғ ҳамла карда, аз ҷумла як корманди милисаро дар посгоҳ бо табар зада, захмӣ кардаанд.

Мақомоти ҳифзи ҳуқуқ аз Боқир талаб доштанд, ки худро таслим кунад. Боқир ин талабро қабул накард ва инак чанд моҳ боз сокинони Хоруғ нигарони роҳандозии амалиёти махсус барои боздошти Боқиру тарафдорони ӯ буданд. Сокинон барои мамониат ба ин, дар роҳҳое, ки ба сӯи хонаи Боқир мебаранд, чанд муддат навбатдории шабонарӯзӣ ташкил карда буданд.

Аз 14 май дар Бадахшон мавҷи нави эътирозҳо оғоз ёфт, ки мақомот Боқир, ҳамчунин сиёсатмадори мухолифи муқими Аврупо Алим Шерзамонов, фармондеҳи нирӯҳои марзбонӣ Холбаш Холбашев ва ҳамсари собиқи ӯ Улфатхоним Мамадшоеваро ба ташкилу раҳбарӣ ва сарпарастии ин эътирозҳо айбдор карданд. Дар ҷараёни саркӯби ин эътирозҳо бо истифода аз нирӯ даҳҳо нафар куштаю захмӣ шуданд.

Агар Шумо шоҳиди ҳодисаи ҷолибе шудед, видео ва акс бигиред ва бо ин шумора ба “Бомдод” фиристед. Шумораи мо (WhatsApp, Viber, IMO, Telegram): +420 777 404 854

Назари Шумо чист?

Шарҳҳое, ки дар он таҳқиру дашном ва ё иттилооти дурӯғ бошад, нашр карда намешаванд!

Back to top button