ВидеоРӯйдодҳои БадахшонТоҷикистон

ВКД: БОҚИР ДАР “МУНОҚИШАИ ДОХИЛӢ” КУШТА ШУД

Маркази матбуоти раёсати корҳои дохилаи Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон  шоми 22 майи соли 2022 дар як иттилоияи вижа, ки тавассути хабаргузории давлатии “Ховар” нашр шуд, кушта шудани Мамадбоқир Мамадбоқиров, маъруф ба Боқир, яке аз лидерҳои ғайрирасмии Бадахшонро расман тасдиқ кард. Дар ин иттилоия Боқир “саркардаи гуруҳи муташаккили ҷиноятии маҳаллаи Бархоруғ” номбар шуда, гуфта мешавад, ки ӯ дар ҷараёни “муноқишаи байниҳамдигарии дохилӣ” кушта шуд

“Имрӯз соати 17:30 дар шаҳри Хоруғ дар маҳаллаи Хоруғи Боло бар асари муноқишаи байниҳамдигарии дохилӣ, саркардаи гурӯҳи муташаккили ҷиноятии м. Бархоруғ Мамадбокиров Мамадбокир Карамалишоевич кушта шуд.Вобаста ба ҳолати мазкур аз ҷониби Прокуратураи вилоят тафтишоти пешакӣ оғоз гардид”, гуфта мешавад дар иттилоияи расмӣ.

Мақомот тафсилоти дигар надодаанд, вале қаблан манобеи пойгоҳи хабарии “Бомдод” аз Хоруғ хабар доданд, ки Боқир, ки мақомот ӯро ташкилкунанда ва раҳбари асосии эътирозҳои ахир дар ин вилояти мухтор меномиданд, нимаи дуюми рӯзи 22 майи соли 2022 дар натиҷаи як амалиёти вижа дар шаҳри Хоруғ кушта шуд. Боқир 59 сол дошт.

Бино ба иттилои дарёфтии пойгоҳи хабарии “Бомдод”,  Боқир аз тири снайпер аз маҳаллаи Бойне кушта шудааст. Маҳаллаи Бойне дар поёнтари Хуфак ва дар рӯбарӯи маҳаллаи Бархоруғ (Хоруғи боло),  маҳали иқомат ва пойгоҳи асосии тарафдорони Боқир ҷойгир шудааст.  Радиои Озодӣ хабар дод, ки яке аз ҳамроҳони Боқир низ тир хӯрдааст.

Аз Хоруғ хабар медиҳанд, ки мардум, асосан ҷавонон, дар маҳаллаҳои гуногуни Хоруғ ҷамъ шудаанд, вале мақомот дар кӯчаҳо  шумори зиёди нирӯҳоро мустақар карда, роҳҳои ба тарафи Бархоруғро маҳкам кардаанд ва ба касе имкони рафтан ба он тарафро намедиҳанд.

Роҳҳои ба сӯи  Бархоруғ аз 16 май ба ин тараф баста буд ва  нирӯҳои амниятӣ аз 18 май, дар пайи саркӯби эътирозҳо дар Рӯшон Бархоруғро ба муҳосира гирифта буданд.

Мамадбоқир Мамадбоқиров (Боқир), яке аз лидерҳои ғайрирасмии Бадахшон, аз фармондеҳони собиқи Иттиҳоди нирӯҳои мухолифини тоҷик аст, ки баъди имзои созишномаи сулҳи соли 1997 аз ҳисоби квотаи сифоизаи мухолифин фармондеҳи як қисми ҳарбии нирӯҳои марзбонӣ таъйин шуд ва соҳиби рутбаи полковник шуд.

Ба зидди Боқир моҳи январи соли 2022 бо иттиҳоми таҳқир ва латтукӯби намояндаи давлат парвандаи ҷиноятӣ кушоданд.  Ӯ аз ҷумла ба латтукӯб ва таҳқири раиси идораи маорифи вилояти Бадахшон Лутфулло Наврӯзов айбдор мешуд, вале худаш инро рад карда, мегуфт, “бо муаллим танҳо як суҳбати падарона кардам”.

Боқиру тарафдоронашро ҳамчунин ба он айбдор мекарданд, ки моҳи ноябр ба кормандони милитсия дар Хоруғ ҳамла карда, аз ҷумла як корманди милисаро дар посгоҳ бо табар зада, захмӣ кардаанд.

Мақомоти ҳифзи ҳуқуқ аз Боқир талаб доштанд, ки ҳамроҳи 6 тан аз тарафдоронаш худро бисупорад. Боқир ин талабро қабул накард ва инак чанд моҳ боз сокинони Хоруғ нигарони роҳандозии амалиёти махсус барои боздошти Боқиру тарафдорони ӯ буданд. Сокинон барои мамониат ба ин, дар роҳҳое, ки ба сӯи хонаи Боқир мебаранд, чанд муддат навбатдории шабонарӯзӣ ташкил карда буданд.

Аз 14 май дар Бадахшон мавҷи нави эътирозҳо оғоз ёфт, ки мақомот Боқир, ҳамчунин сиёсатмадори мухолифи муқими Аврупо Алим Шерзамонов, фармондеҳи нирӯҳои марзбонӣ Холбаш Холбашев ва ҳамсари собиқи ӯ Улфатхоним Мамадшоеваро ба ташкилу раҳбарӣ ва сарпарастии ин эътирозҳо айбдор карданд. Дар ҷараёни саркӯби ин эътирозҳо бо истифода аз нирӯ даҳҳо нафар куштаю захмӣ шуданд.

Агар Шумо шоҳиди ҳодисаи ҷолибе шудед, видео ва акс бигиред ва бо ин шумора ба “Бомдод” фиристед. Шумораи мо (WhatsApp, Viber, IMO, Telegram): +420 777 404 854

Назари Шумо чист?

Шарҳҳое, ки дар он таҳқиру дашном ва ё иттилооти дурӯғ бошад, нашр карда намешаванд!

Back to top button