ФАВРӢ! БОҚИР БО ТИРИ СНАЙПЕР КУШТА ШУД
Мамадбоқир Мамадбоқиров, маъруф ба Боқир, яке аз лидерҳои ғайрирасмии Бадахшон, ки мақомот ӯро ташкилкунанда ва раҳбари асосии эътирозҳои ахир дар ин вилояти мухтор меномиданд, нимаи дуюми рӯзи 22 майи соли 2022 дар натиҷаи як амалиёти вижа дар шаҳри Хоруғ кушта шуд. Боқир 59 сол дошт.
МБино ба иттилои дарёфтии пойгоҳи хабарии “Бомдод”, Боқир аз тири снайпер аз маҳаллаи Бойне кушта шудааст. Маҳаллаи Бойне дар поёнтари Хуфак ва дар рӯбарӯи маҳаллаи Бархоруғ (Хоруғи боло), маҳали иқомат ва пойгоҳи асосии тарафдорони Боқир ҷойгир шудааст.
Роҳҳои ба сӯи Бархоруғ аз 16 май ба ин тараф баста буд ва нирӯҳои амниятӣ аз 18 май, дар пайи саркӯби эътирозҳо дар Рӯшон Бархоруғро ба муҳосира гирифта буданд.
Мамадбоқир Мамадбоқиров (Боқир), яке аз лидерҳои ғайрирасмии Бадахшон, аз фармондеҳони собиқи Иттиҳоди нирӯҳои мухолифини тоҷик аст, ки баъди имзои созишномаи сулҳи сорли 1997 аз ҳисоби квотаи сифоизаи мухолифин фармондеҳи як қисми ҳарбии нирӯҳои марзбонӣ таъйин шуд ва соҳиби рутбаи полковник шуд.
Ба зидди Боқир моҳи январи соли 2022 бо иттиҳоми таҳқир ва латтукӯби намояндаи давлат парвандаи ҷиноятӣ кушодаанд. Раиси идораи маорифи вилояти Бадахшон Лутфулло Наврӯзов Боқирро ба он айбдор кард, ки гӯё шоми 29 январ ӯро таҳқиру латтукӯб карда ва аз хонааш дар қабати болоии бинои идораи маориф, ки дар маҳаллаи Бархоруғ, маҳалли зисти Боқир ва аксари тарафдоронаш ҷойгир шудааст, рондааст. Боқир таҳқиру латтукӯби Наврӯзовро рад кард ва гуфта буд, “бо муаллим танҳо як суҳбати падарона кардам”.
Мақомоти ҳифзи ҳуқуқ дар пайи кушодани парвандаҳои ҷиноятӣ ба зидди Боқир ва тарафдоронаш аз вай талаб доштанд, ки ба тафтишот ҳозир шавад ва ҳамчунин 6 сокини дигари Бархоруғро, ки ба латтукӯби кормандони милиса ва амният дар рӯзҳои эътирозҳои 25-28 ноябр дар Хоруғ айбдор мешаванд, бисупорад. Боқир ин талабро қабул накард ва инак чанд моҳ боз сокинони Хоруғ нигарони роҳандозии амалиёти махсус барои боздошти Боқиру тарафдорони ӯ буданд. Сокинон барои мамониат ба ин, дар роҳҳое, ки ба сӯи хонаи Боқир мебаранд, навбатдории шабонарӯзӣ ташкил карда буданд.
Аз 14 май дар Бадахшон мавҷи нави эътирозҳо оғоз ёфт, ки мақомот Боқир, ҳамчунин сиёсатмадори мухолифи муқими Аврупо Алим Шерзамонов, фармондеҳи нирӯҳои марзбонӣ Холбаш Холбашев ва ҳамсари собиқи ӯ Улфатхоним Мамадшоеваро ба ташкилу раҳбарӣ ва сарпарастии ин эътирозҳо айбдор карданд. Дар ҷараёни саркӯби ин эътирозҳо бо истифода аз нирӯ даҳҳо нафар куштаю захмӣ шуданд.