ВидеоМинтақа ва ҷаҳонРӯйдодҳои Бадахшон

СУЛҲ – БА ПОМИР! ЭЪТИРОЗИ САРОСАРИИ ЗОДАГОНИ БАДАХШОН ДАР ШАҲРҲОИ АМРИКО (ВИДЕО)

Рӯзи 19 майи соли 2022 дар шаҳрҳои гуногуни Амрико маъракаи саросарии эътирозии зодагони Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон баргузор шуд. Зодагони Бадахшон аз ҷумла дар Вашингтон дар назди Капитолий ва бинои сафорати Тоҷикистон гирди ҳам омаданд.

Вакилон аз аёлатҳои гуногуни Амрико номаҳо бо талаби ҳимоят аз сокинони Бадахшонро ба Конгресс, Кохи Сафед ва Сандуқи байналмилалии пул супурданд. Дар нимаи дуюми рӯзи 19 май як анҷуман бахшида ба  ҳаводиси ахири Бадахшон ва фоҷиаи қатли мардум дар Вамар доир шуд. Намояндагони ҷамъияти бадахшониҳои муқими Амрико мегӯянд, ки онҳо санадҳои хаттию видеоӣ ва аксӣ дар бораи ончиро, ки дар Бадахшон мегузарад, ба Депаратменти давлатии Амрико, созмонҳои байналмилалии ҳомии ҳуқуқи инсон ва ниҳодҳои байналмилалии молиявӣ супурданд.

Ин маъракаи эътирозии зодагони Бадахшон дар Амрико дар рӯзҳое доир шуд, ки дар Бадахшон мавҷи ахири эътирозҳоро мақомот бо истифода аз нерӯ саркӯб карданд. ВКД Тоҷикистон расман ҳалокати 10 нафар, захмӣ шудани ҳудуди 30 ва боздошти беш аз 100 иштирокчии эътирозҳоро тасдиқ кардааст, вале сокинон мегӯянд, шумори қурбониён ба маротиб бештар аст. Аксари куштаву захмию дастгиршудаҳо аз ноҳияи Рӯшонанд. Мақомот рӯзи 18 май дар ин ҷо бо мақсади саркӯби эътирозҳо амалиёти ҳарбиро ба роҳ андохтанд, ки онро расман “амалиёти зиддитеррористӣ” ном гузоштаанд.

Агар Шумо шоҳиди ҳодисаи ҷолибе шудед, видео ва акс бигиред ва бо ин шумора ба “Бомдод” фиристед. Шумораи мо (WhatsApp, Viber, IMO, Telegram): +420 777 404 854

Назари Шумо чист?

Шарҳҳое, ки дар он таҳқиру дашном ва ё иттилооти дурӯғ бошад, нашр карда намешаванд!

Back to top button