ВидеоХабарҳои кӯтоҳ

ДАР ИСФАРА ЛАҲЗАИ ОМАДАНИ СЕЛРО ВИДЕО ГИРИФТАНД

Сокинони Исфара тавонистанд рӯзи 20 майи соли 2022 лаҳзаи омадани селро ба видео бигиранд. Дар видео дида мешавад, ки оби дарё ором бо маҷрои худ рафта истодааст, вале сокинон, ки мунтазири омадани сел буданд, ҳамаро пешакӣ хабар медиҳанд, ки “зуд гузаред, ки ҳоло сел меояд”. Лаҳзае баъд дар ҳақиқат, мавҷи пур аз лою хасу хошок ва партобҳои дигар бо як садои ғуррон  маҷрои дарёро пур мекунад.

Сели рӯзи 20 май низ пули воқеъ дар ҷамоати Сурхро шуст. Ин пул бар асари сели рӯзи 11 май низ осеб дида буд.

Дар ҳамин ҳол, Кумитаи ҳолатҳои фавқулодаи Тоҷикистон ҳушдор додааст, ки рӯзҳои 22 ва 23 май дар кишвар боз борону жола ва селу обхезиҳо пешбинӣ карда мешавад. Обуҳавошиносон гуфтаанд, сатҳи об дар дарёи Исфара низ метавонад дигарбора боло биравад ва сабаби омадани сели нав шавад.

Агар Шумо шоҳиди ҳодисаи ҷолибе шудед, видео ва акс бигиред ва бо ин шумора ба “Бомдод” фиристед. Шумораи мо (WhatsApp, Viber, IMO, Telegram): +420 777 404 854

Назари Шумо чист?

Шарҳҳое, ки дар он таҳқиру дашном ва ё иттилооти дурӯғ бошад, нашр карда намешаванд!

Back to top button