ВидеоХабарҳои кӯтоҳ
ВО-АҶАБ! ДАР ГИПРОЗЕМ 4600 СОМОНӢ ПУЛИ ЯК ПИРАМАРДИ 84-СОЛАРО ДУЗДИДААНД
Маркази матбуоти ВКД Тоҷикистон рӯзи 20 майи соли 2022 аз ошкор шудани як ҳолати дуздии ғайриоддӣ хабар дод. Бино ба ин манбаъ, ҳангоми гузаронидани чорабиниӽои оперативӣ-ҷустуҷӯӣ аз ҷониби кормандони милитсия марди 48-солаи сокини шаҳри Кӯлоб ҳамчун гумонбар дар содир намудани ҷинояти дуздӣ (кисабурӣ) дастгир карда шуд.
ВКД гуфт, ин дузди кисабур санаи 17-уми майи соли 2022, тахминан соати 12:30, дар кӯчаи Гипроземи пойтахт бо роҳи пинҳонӣ аз ҷайби пирамарди 84-солаи сокини ш.Душанбе, 4 ҳазору 650 сомонӣ дузида, аз ҷойи ҳодиса ғайб задааст.
Аз рӯи ин ҳодиса тафтишот идома дорад.
Бар асоси моддаи 244 Кодекси ҷиноятии Тоҷикистон ба дузди кисабур аз 2 то 5 соли зиндон таҳдид мекунад.