МуҳоҷиронҲуқуқи инсонЧеҳраҳо

ТАҲҚИҚОТ: ЧАРО ИЗЗАТ АМОН ЗИНДОНӢ ШУД?

Таҳлил: Иззат Амон чӣ кард ва чаро сарнавишташ чунин шуд?

 Муҳоҷирони кории тоҷик дар Русия мегӯянд, омодаанд, товони тамоми зиёни молиеро пардозанд, ки ба Иззат Амон нисбат дода мешавад. Охирин маблағи пардохтнашуда, ки дар Додгоҳи олии Тоҷикистон зикр шудааст, 232 сомонӣ ё 18 доллар будааст, ки ба сабаби нопадид будани даъвогар дода нашудааст. Яъне, агар даъвогар меомад ва ин маблағи худро мегирифт, Иззат Амон озод мегашт. Даъвогар маблағи худро нагирифт ва бо ин 19-уми октябри соли 2021 Иззат Амон ҳамчун қаллоб ба 9 сол зиндон маҳкум шуд.Акнун маблағҳои нав пайдо мешаванд. Гоҳе 10 ва гоҳе 7 ҳазор доллар. Муҳоҷироне, ки озодии Иззат Амонро талаб доранд, мегӯянд, агар маблағ 1 миллион доллар ҳам бошад, онро ҷамъ мекунанд ва ба даъвогарон медиҳанд. Онҳо мегӯянд, ба ин айбномаҳо бовар надоранд ва гап сари маблағ ҳам нест. Пас сари чист?

ҲОМИИ МУҲОҶИРОН?

Симои Иззат Амон ҳамчун созмондиҳанда ва ғамхори муҳоҷирон дар рӯзҳои паҳншавии бемории ҳамагири коронавирус дар Русия чашмрас гашт. Дар ҳоле ки мақомоти Тоҷикистон мавҷудияти ин бемориро дар кишвар эътироф накарда, ба фавти муҳоҷирон ва бекор мондани ҳазорон нафари онҳо дар Русия дер вокуниш карданд, Иззат Амон як гуруҳи сайёри кумак ба муҳоҷиронро таъсис дод.

Наворҳои расондани ғизо ба муҳоҷирони бекормонда, ҳарчанд баъзе онҳоро намоишӣ номиданд, баёнгари ҳамгироӣ ва иттиҳоди муҳоҷирон гашт.

Яке аз ҳамсафонаш дар ин маърака, узви созмони “Маркази тоҷикон” дар Маскав, Сӯҳроби Ҷаҳон, мегӯяд, дар оғоз мо чанд нафар ба ташаббуси Иззат Амон ҳамроҳ шудем. Баъдан даҳҳо соҳибкору шахсони саховатпеша барои ин пул доданд. “Як ҳамбастагии муҳоҷирон пайдо шуд. Баъди маҷбуран бурдани Каромат Шарифов аз Русия ба Тоҷикистон, Иззат Амон монда буд, ки медурахшид. Ёрӣ ба муҳоҷирон дар рӯзи тангашон ба нуфузу обрӯяш меафзуд,” – нақл кард ӯ.

Дертар Хадамоти муҳоҷирати Тоҷикистон хабар дод, ки ба муҳоҷирони осебдида аз COVID-19 мадад расондааст. Вале ин кумак аз тарафи муҳоҷирон нокифоя ва тақсими он шубҳаовар номида шуд. Дар пасманзари билетҳои гарони ҳавопаймо, навбатҳои дарози ҳазороннафарӣ дар назди сафорат ва ишораҳо ба фасод дар бозгардондани муҳоҷирон ба ватан, кумакҳои Иззат Амон агар ба маротиб камтар ҳам бошанд, эътибори бештар касб намуданд.

Абдумалик Қодиров
Абдумалик Қодиров

Абдумалик Қодиров, таҳлилгари тоҷик, мегӯяд: “Иззат Амон дар байни муҳоҷирон аз обрӯи хосе бархӯрдор буд ва барои элитаи имрӯзаи сиёсии Душанбе ҳамчун як лидери ғайрирасмӣ хатарзо шуд. Хусусан, дар ин шабу рӯзе, ки дар Тоҷикистон бояд интиқоли ҳукумат аз падар ба писар сурат гирад. Барои ҳамин, мақомоти тоҷик тасмим гирифтанд, то ҳал шудани ин масъала Иззат Амон ва лидерони дигари ғайрирасмӣ хомӯш бошанд.”

Лидерҳо касоне ҳастанд, ки метавонанд, гуруҳҳоеро дар атрофи худ муттаҳид ва ба самте равона кунанд. Аз замони сафири Тоҷикистон дар Русия таъйин шудани Абдулмаҷид Достиев дар соли 2007 мақомоти давлатии Тоҷикистон талош карданд, муҳоҷиронро дар атрофи худ муттаҳид кунанд. Ин раванд то андозае комёб буд, вале тадриҷан ба нопадид шудани раҳбарони худҷӯш ва саркаши муҳоҷирон сабаб гашт.

Машҳуртарини онҳо – Каромат Шарифов бо ҳамдастии мақомоти Тоҷикистон ва Русия дар соли 2016 ба Тоҷикистон баргардонида шуд ва соли 2020 даргузашт.

Каромат Шарифов
Каромат Шарифов

Мақсуд Иброҳимов, муассиси созмони “Ҷавонон барои эҳёи Тоҷикистон” соли 2015 нопадид гашт. Ӯ чанде баъд дар Душанбе “пайдо шуд” ва ба тамғаи ифротгароӣ 13 сол зиндонӣ шуд. Иброҳимов низ аз шиносномаи Русия маҳрум гашт, аммо ба қавли худаш, ӯ шарҳванди Тоҷикистон набуд, чун расман аз он даст кашид.

Мақсуд Иброҳимов
Мақсуд Иброҳимов

МАЙЛҲОИ СИЁСӢ?

Фарҳод Одинаев, ҳомии ҳуқуқи муҳоҷирони тоҷик дар Аврупо, ки ба худи ӯ низ замоне истирдоди махфӣ ба Тоҷикистон таҳдид кардааст, мегӯяд, парвандаи Иззат Амон аз оғоз сиёсӣ ва фармоишӣ буд ва ба фаъолияти ӯ ҳамчун ҳомии муҳоҷирон рабти кам надорад.

Шӯҳрат Қудратов
Шӯҳрат Қудратов

Шарикони Иззат Амон дар созмони акнун парокандашудаи “Маркази тоҷикон” дар Маскав мегӯянд, мақомоти Тоҷикистон хеле пештар аз рабуда шудани ӯ ба зиддаш бо истифода аз банди 307-и Кодекси ҷиноӣ, яъне “тундгароӣ”, парванда боз намуда, баъдтар бастаанд.

Ҳуқуқшинос Шӯҳрат Қудратов мегӯяд, ба Иззат Амон хабар дода буданд, ки афв шудааст, аммо акнун маълум мешавад, ки ин афв як фиреби назар буд, то ӯ ба Аврупо наравад. Қудратов, ки муддате бо Амон дар “Маркази тоҷикон” ҳамкорӣ кардааст, бар ин аст, ки майли Иззат Амон барои ворид шудан ба сиёсат дер вақт инҷониб мақомоти Душанберо нигарон мекард.

”Ҳангоми омодагиҳо ба интихоботи порлумонии соли 2020 гурӯҳи муҳоҷирон дар Маскав ҷамъ омаданд ва пешниҳод карданд, ки Иззат Амон ҳамчун номзади муҳоҷирон дар ин интихобот ширкат кунад. Ҳамчунин пешниҳод шуда буд, ки ӯ як ҳизби сиёсӣ таъсис диҳад. Дертар дар интихоботи президентии Тоҷикистон боз ҷамъ омаданд ва гуфтанд, ки номзадии Иззат Амонро пешбарӣ намоянд. Ин хабарҳо ба Душанбе бурда шуданд ва бо назардошти маҳбубияте, ки Иззат Амон дошт, ба ҳукумати Тоҷикистон нафорид ва ӯро бо даъвои чанд нафар ба қаллобӣ айбдор карданду дар зиндон бо забони баста ва дур аз ҷомеа нигоҳ медоранд,” – шарҳ дод ӯ.

Фарҳод Одинаев
Фарҳод Одинаев

Фарҳод Одинаев мегӯяд, сарнавишти Иззат Амон ба боздошту маҳкум шудани Маҳмурод Одинаев, муовини раиси Ҳизби сотсиал-демократи Тоҷикистон монанд аст, ки баъд аз паёмҳои ҳақталабонааш дар шабакаҳои интернетӣ рух дод. Коршиносони дигар ин сарнавиштро ба қазияи Зайд Саидов, вазири собиқ ва тоҷири номӣ ҳамсон мекунанд, ки хост, ҳизби “Тоҷикистони навин”-ро таъсис диҳад.

Иззат Амон ҳарчанд замоне бо раҳбари “Гуруҳи 24” Умаралӣ Қувватов ҳамкорӣ мекард ё ӯро яке аз намояндагони пинҳонии Ҳизби мамнӯи наҳзати исломӣ меномиданд, худро сиёсатмадор намедонист ва бештар ҳамчун як фаъоли ҷомеаи муҳоҷирон, ҳуқуқшиноси дорои гароиши исломӣ нишон медод.

Муҳиддин Кабирӣ, раиси ҳизби дар Тоҷикистон мамнӯи наҳзати исломӣ, иқрор мекунад, ки замони фаъолияти расмии ин ҳизб дар дохили Тоҷикистон, Иззат Амон бо он ҳамовозӣ мекард, вале узви ҳизб набуд. Ба гуфтаи Кабирӣ, пас аз манъ шудани ҲНИ, Амон равобиташро канд ва гоҳе дар суҳбатҳояш ин ниҳодро ба тундравӣ айбдор мекард.

Намояндаҳои “Гуруҳи 24” низ ҳама гуна робитаи Иззат Амонро бо ин созмон рад карданд.

Марат Мамадшоев
Марат Мамадшоев

Ба ақидаи Марат Мамадшоев, рӯзноманигор ва таҳлилгари тоҷик, маҳз шуҳрати афзояндаи Амон дар байни муҳоҷирон сабаби чунин бархӯрди ҳукумати Тоҷикистон бо ӯ шудааст: “Намедонам оё Иззат Амон ҷоҳталабӣ ё амбитсияҳоӣ сиёсӣ дошт ё на, аммо тими ӯ хеле фаъол ва пурғайрат буд. Эҳтимол ҳар созмоне дар миёни шаҳрвандон боиси тарси ҳукумат ҳам дар Тоҷикистон ва ҳам дар Русия мегардад. Аз ин рӯ, ин ҳукуматҳо бо ҳар роҳе талош мекунанд, чунин созмонҳоро аз саҳна биронанд,” — гуфт ӯ.

ҚАЛЛОБӢ?

Айбномаи расмии Иззат Амон “қаллобӣ” аст. Бино бар банди 247-и Кодекси ҷиноии Тоҷикистон, “тасарруфи молу мулки ғайр ё ба даст овардани ҳуқуқ ба молу мулки ғайр бо роҳи фиреб ё сӯистифодаи боварӣ” қаллобӣ дониста мешавад. Қонун барои қаллобии махсусан калон 131 ҳазор сомонӣ ҷарима ё аз 8 то 12 сол зиндонро пешбинӣ мекунад.

Бахтиёр Насруллоев
Бахтиёр Насруллоев

Бахтиёр Насруллоев, ҳуқуқшиноси тоҷик, мегӯяд, бино бар ҳамин қонун, агар зарар дар зарфи 6 моҳ “пӯшонда” шавад, шахс бо додани ҷарима аз ҷавобгарии ҷиноӣ озод мешавад.

Пайвандони Иззат Амон мегӯянд, бар асоси талаботи қонун ва бо кумаки вакили мудофеъ ҳамаи маблағҳои даъвошуда сари вақт ҷуброн шуданд. Ба гуфтаи Маҳмадюсуф Холов, писари Иззат Амон, танҳо 232 сомонӣ монда буд, ки даъвогари онро мақомот махсус пинҳон доштанд. Ин дар ҳоле ки пардохти ин маблағ душворие надошт.

Ба ақидаи чанд корбари шабакаҳои иҷтимоӣ, агар Иззат Амон ин маблағҳоро эътироф карда бошад, пас, гунаҳкор аст ва мебоист, ҷазо мегирифт. Лек ба гуфтаи ҳамкорони Амон, ин маблағҳоро намешуд, “қаллобӣ” номид. Бахтовар Ҷумъаев ва Суҳроби Ҷаҳон аз созмони “Маркази тоҷикон” мегӯянд, маблағҳое, ки Иззат Амон мегирифт, дар ивази ҳимояи ҳуқуқии муҳоҷирони тоҷик дар шаҳру вилоятҳои Русия буд.

“Ҳар рӯз ба дафтари мо даҳҳо корафтода меомаданд ва ё занг мезаданд ва Иззат Амон ба ҳарфи онҳо гӯш медод ва моро вазифадор мекард, ки расидагӣ кунем. Муҳоҷироне, ки бо сабабҳои мухталиф аз тарафи пулис боздошт шудаанд ё бо кордеҳ баҳс доштанд, ки маблағашонро намепардозанд ё парвандаҳояшон ба додситонию додгоҳ расидааст, онҳо дар ивази ин хидмати ҳуқуқии мо маблағ медоданд”, — мегӯянд онҳо.

Шӯҳрат Қудратов мегӯяд, то боздошт шудани Амон ягон шикоят аз “қаллобӣ” пайдо нашуда буд. Ба ақидаи ӯ, пеш кашидани “қаллобӣ” як кори ташкилие буд, то Иззат Амон айбдор карда шавад. “Вагарна чаро замоне ки ӯ озод буд, ягон даъвогар садо баланд накард, ки Иззат Амон пули ӯро аз худ кардааст?”

Корбарон мегӯянд, ҳазорон нафаре ҳастанд, ки воқеан қурбонии қаллобӣ шудаанд ё наметавонанд, пули худро пас гиранд, вале чаро мақомоти Тоҷикистон ба онҳо эътиное намекунанд ва ногоҳ ба фикри ҳимояи онҳое афтоданд, ки гуё 10 ё 12 сол пеш ба Иззат Амон пул додаанд? Аз ҷумла, Маҳмадюсуф Холов мегӯяд, чаро мақомот ба доди ӯ намерасанд, ки “ҳамсояаш аз деҳаи Чоряккорон бо номи Тоҷиддин Шарифов як сол пеш бо забонхат 320 ҳазор сомонӣ гирифту барнагардонд”, вале мақомоти тафтишотӣ бо ҳар баҳона аз таҳқиқи аризаи ӯ худдорӣ мекунад?

Вале як коршиноси огоҳ аз қазия бар ин аст, ки чунин муомилаҳо барои Иззат Амон тарафи манфӣ ҳам доштанд. “Дуруст аст, ки Иззат Амон аз корафтодагон маблағ мегирифт ва дар аксар ҳолат ҳуқуқи онҳоро ҳимоят мекард. Аммо дар сурати бенатиҷа анҷом ёфтани парвандаҳо ё бохтани қазияҳои додгоҳӣ ҳатман зерҳимояаш норозӣ мемонд ва аз ӯ домангир мешуд,” — мегӯяд ин шахс, ки нахост аз ӯ ном бурда шавад. Вай афзуд, “барои касе, ки бо сиёсат низ сари кор дорад ё мехоҳад, чеҳраи иҷтимоӣ бошад, ин ҳолат хатарнок аст, зеро имконияти бадном кардани ӯро фароҳам меорад.”

МАҲБУСИ СИЁСӢ?

Эдвард Лемон
Эдвард Лемон

Эдвард Лемон, коршиноси Донишгоҳи Техас A&M, мегӯяд: “Ҳукумати Тоҷикистон дар истифодаи айбномаҳои сохта барои маҳкум кардан ва ба муддати дароз дар маҳбас нигоҳ доштани фаъолони ҷомеа таҷрибаи зиёд дорад. Масалан, дар соли 2017 додгоҳ вакили мудофеъ Бузургмеҳр Ёровро барои дар мурофиа хондани рубоии Умари Хайём ба 25 сол дароз кард. Дар соли 2015 ба ҳукми 26-солаи Зайд Саидов барои ришват 3 соли дигар илова намуд. Амон дар байни доираҳои васеи муҳоҷирони кории тоҷик фаъоли шинохта ба шумор мерафт ва гоҳе ҳукуматро танқид мекард. Аз Русия овардан, маҳкум кардан ва акнун ба таври махсус дубора айбдор кардани ӯ ба маъноест, ки ҳукумат мехоҳад ба танқидгарони эҳтимолии худ ҳушдор диҳад.”

Стив Свердлов
Стив Свердлов

Стив Свердлов, устоди ҳуқуқи башар дар Донишгоҳи Калифорнияи Ҷанубӣ низ бар ин аст, ки ҳукумати Тоҷикистон роҳи сокит кардани мунаққидонашро пайдо кардааст. “Мехоҳанд, Иззат Амонро ҷазои сахттар диҳанд. Мақсад ин аст, ки мабод ӯ зери қонуни афв озод шавад ва бояд муҳлати ӯ дар зиндон дарозтар гардад.”

Таҳлилгарон бар инанд, ки шояд Иззат Амон дар орзуи табдил шудан ба чеҳраи сиёсӣ набуд, вале ончӣ ба сараш оварданд, ӯро ба як чеҳраи шинохтаи сиёсӣ табдил дод.

Агар Шумо шоҳиди ҳодисаи ҷолибе шудед, видео ва акс бигиред ва бо ин шумора ба “Бомдод” фиристед. Шумораи мо (WhatsApp, Viber, IMO, Telegram): +420 777 404 854

Назари Шумо чист?

Шарҳҳое, ки дар он таҳқиру дашном ва ё иттилооти дурӯғ бошад, нашр карда намешаванд!

Back to top button