ВидеоФарҳангЧеҳраҳо

МЕҲМОН БАХТИРО ДАР ОРОМГОҲИ ЛУЧОБ БА ХОК МЕСУПОРАНД

Меҳмон Бахтӣ, Нависандаи халқии Тоҷикистон, барандаи ҷоизаи Рӯдакӣ, раиси собиқи Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон ва узви собиқи парлумони ин ҷумҳурӣ, шаби 19 ба 20 май дар синни 76 аз олам чашм пӯшид. Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон хабар дод, ки намози ҷанозаи марҳум соати 13 дар масҷиди марказии Душанбе доир гардида, сипас адиби шинохтаро дар оромгоҳи Лучоб  дар канори дигар бузургони адабиёт ва фарҳанги мардуми тоҷик ба хок месупоранд.

Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба наздикони Меҳмон Бахтӣ паёми таслият фиристода, аз ҷумла гуфтааст, ки “Меҳмон Бахтӣ дар рушди адабиёт ва драматургияи муосири тоҷик хизматҳои шоистаро ба анҷом расонида, солҳои зиёд ба ҳайси Раиси Иттифоқи нависандагон, узви Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, вакили Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, муовини Раиси Ҳаракати ваҳдати миллӣ ва эҳёи Тоҷикистон кору фаъолият дошт. Осори эҷодкардаи Меҳмон Бахтӣ дар байни мардуми Тоҷикистон маҳбубияти хос дорад. Ӯ дар тарбияи наслҳои ҷавони адибони тоҷик саҳми арзишманд гузоштааст. Номи нек ва асарҳои ватандӯстонаву инсонпарваронаи Меҳмон Бахтӣ дар хотираи мардум абадӣ хоҳанд монд».

Меҳмон Бахтӣ 25 марти соли 1946 дар деҳаи Шули ноҳияи Рашт ба дунё омадааст. Соли 1958 Омӯзишгоҳи омӯзгории Навобод, соли 1963 факултаи таъриху филологияи Донишгоҳи давлатии омӯзгории Душанберо хатм кардааст. Солҳои 1973-1975 дар Донишкадаи адабиёти ба номи Максим Горкий (Маскав) касби камол намудааст. Дар давоми солҳои гуногун мудири бахши адабӣ-драмавии Телевизиони ҷумҳурӣ, ҷонишини сармуҳаррири «Тоҷиктелефилм», сармуҳаррири шуъбаҳои адабию драмавӣ ва ҷавонони Телевизиони тоҷик, мудири бахши адабии Театри давлатии академӣ-драмавии ба номи Абулқосим Лоҳутӣ, мудири Хонаи адибони ба номи Мирзо Турсунзода, раиси Шӯрои кор бо навқаламон, раиси Маркази тарғиби адабиёти Иттифоқи нависандагон ва мудири бахши тарҷума ва нашри Маҷлиси Олии ҶТ буда, аз июли соли 2007 муовини раиси Ҳаракати ваҳдати миллӣ ва эҳёи Тоҷикистон, раиси бахши Тоҷикистонии Диалоги «Евро-Осиё» буд. Аз соли 1995 то 2000 вакили мардумии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати якум аз ҳавзаи интихобии 35-уми ноҳияи Ғарм ва ҳамзамон раиси комиссия оид ба этикаи депутатӣ ва имтиёзҳои депутатӣ буда, соли 2005 узви Маҷлиси миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон интихоб мегардад. Соли 1999 сардори шуъбаи ташвиқоти адабиёти Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон таъйин мешавад. Баъд аз он, солҳои 2004 ва 2009, ду бор ба ҳайси раиси Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон интихоб гардидааст.

Аз ибтидои солҳои 60-и асри XX эҷод мекунад. Муаллифи филмномаҳои мустанади «Корвони дӯстӣ» (1968), «Нуқра Раҳматова месарояд» (1970), асосгузори барномаҳои машҳури телевизионии «Чойхонаи дилкушо», «Ҳодӣ ва Шодӣ», «Дар олами адаб», «Беғараз панд», «Майдон аз далер аст» ва ғ. мебошад. Намоишномаҳои якпардагии ӯ «Шаҳидони роҳи озодӣ» ва «Бародарон» аз тариқи телевизион борҳо намоиш дода шудаанд. Драмаи машҳури бисёрпардаи «Лаҳзаи ҷовид» (1967) ва «Ташнаи дидор» (1969)-ро Театрҳои ба номи Абулқосим Лоҳутӣ ва Камоли Хуҷандӣ борҳо саҳнагузорӣ кардаанд.«Ташнаи дидор» нахустин асарест дар мавзӯи доғи солҳои сиюм дар адабиёти ҳозираи тоҷик. Песаҳои «Ошёни баланд»-и Меҳмон Бахтӣ аз ҳаёту эҷодиёти М.Турсунзода ва «Лаҳзаи ҷовид» аз ҳаёти аввалин муаллимаҳои кӯҳистони Қаротегин ҳикоят мекунанд. Намоишномаи «Эҳ, ҷавонӣ, ҷавонӣ…» соли 1972 эҷод шуда, дар Озмуни умумииттифоқии ҳамҷояи Иттифоқи нависандагону Вазорати фарҳанги шӯравӣ (1977) сазовори мукофот гардидааст. Аз тариқи телевизиони марказии Тошканд низ соли 1982 намоиш дода шудааст. Намоишномаи «Роҳзан ва кӯзагар» (1974) дар саҳнаҳои театру телевизиони Қирғизистон, Туркманистон, Ӯзбекистон, Озарбойҷон, Украина ва Русия намоиш дода шудааст. Соли 1963 нашриёти «Советский писатель» (Маскав) маҷмӯаи пйесаҳояшро таҳти унвони «Минута вечности», соли 1990 маҷмӯаи қиссаҳояшро бо номи «Слёзы радости и печали» ба забони русӣ аз чоп баровардааст. Дар давоми даҳсолаи ахир намоишномаҳои таърихии «Фирдавсӣ», «Шоҳ Исмоили Сомонӣ» ва «Тилисми Сайҳун» («Нангбардори Хуҷанд»)-ро ба арсаи эҷод овардааст. «Фирдавсӣ» ва «Шоҳ Исмоили Сомонӣ» дар фестивал-озмунҳои Вазорати фарҳанги ҷумҳурӣ сазовори Гран-При (Шоҳҷоиза) гардидаанд. Ҳамчунин, «Шоҳ Исмоили Сомонӣ» ба ифтихори ҷашни 1100-солагии Исмоили Сомонӣ дар Театри давлатии академӣ-драмавии ба номи Абулқосим Лоҳутӣ саҳнагузорӣ шуда, «Нангбардори Хуҷанд» дар барномаи театри номбурда мақоми шоистаеро соҳиб гардидааст. Соли 2014 «Фирдавсӣ» дар Афғонистон ва ҳам дар театри ш.Кӯлоб ба саҳна гузошта шуд. Соли 1997 нашрияи «Сурӯш» (Теҳрон) намоишномаи «Фирдавсӣ»-ро ба хатти форсӣ ба табъ расонда, соли 2001 «Шоҳ Исмоили Сомонӣ»-ро нашриёти адабии Димишқ (Сурия) ба забони арабӣ аз чоп баровардааст. Асарҳои «Сабзпарии Душанбе», «Доғе аз зоғе», «Зуҳра – сайёраи ишқ», «Тангкӯча» дар театрҳои касбӣ ва халқии вилоятӣ ба саҳна гузошта шудаанд.

Муаллифи қиссаҳои «Оҳи сабук» (1971), «Хубон» (1978), «Пирамард» (1982), «Се соати даҳшатбор» (1988) ва маҷмӯаи намоишномаҳои «Лаҳзаи ҷовид» (1972), кутуби шеърҳои «Пайғоми баҳор» (1975), «Хаёли ширин» (1985), китоби қиссаву ҳикояву мақолаҳои «Рӯҳи тавоно» (1987), маҷмӯаи намоишномаҳои «Эҳ, ҷавонӣ, ҷавонӣ…» (1980), китоби қиссаву ҳикояҳои «Оҳи сабук» (1987), маҷмӯаи «Пйесаҳо» (1982), гулчини қиссаву намоишномаҳои «Манзари қисмат» (2003), достони «Бозтоби Офтоб» (2006), маҷмӯаи «Қиссаҳо» (2007, ба забони русӣ) «Оҳанги хаёл» (2011) мебошад.

Повести «Хубон» (1982) дар мачаллаи бонуфузи Иттифоқи нависандагони шӯравӣ «Дружба народов» чоп шуда, баъдан, бо пешниҳоди маҷалла, сазовори Мукофоти ба номи Николай Островский гардидааст. Ҳамчунин, соли 1980 дар нашриёти «Ирфон» таҳти силсилаи «Илҳом» аз чоп баромада ба унвони «Китоби сол» сазовор гаштааст ва ба сифати китоби алоҳида дар Туркия, Гурҷистон, Қирғизистон ва Туркманистон ба табъ расидааст.

Меҳмон Бахтӣ соли 1986 сазовори Ҷоизаи комсомоли ленинии Тоҷикистон, соли 1988 шарафёби Ҷоизаи давлатии Тоҷикистон ба номи Абӯабдуллоҳи Рӯдакӣ, соли 1994 соҳиби унвони ифтихории Арбоби шоистаи ҳунари Тоҷикистон ва соли 2014 сазовори медали адабии байналмилалии ба номи М.Достоевский гардидааст. Бо ордени «Шараф», «Исмоили Сомонӣ» ва се медал мукофотонида шудааст.

Рустам Ваххоб

2 ч.  · 

Ин субҳ чун хабари даргузашти устод Меҳмон Бахтиро шунидам, шеъре ба ёдам расид, ки 12 сол пеш барои маҷмуае ба муносибати 70-солагии эшон ҳозир шуда буд, аммо аз фарти тавозуъ ва хоксории бузургворонае, ки доштанд, аз ҳама маросимҳо ва чопи китобҳои маросимӣ сарфи назар карданд. Ҳоло бо андаке таҳрир он навиштаро арза медорам.

ХУРОСОНВОРА

Барои устод Меҳмон Бахтӣ

Зиҳӣ он некдил фарзона устод,

Ки ҳаргиз аз мақоми дил наафтод.

Мақоми ҳифзи фарҳангу фазилат,

Мақоми поси ойинҳои миллат.

Мақоми худгариву худгудозӣ,

Мақоми покбинӣ, покбозӣ.

Диҳад пардоз чун лафзи дариро,

Кунад кутоҳ дасти довариро.

Бубардорат хати чини ҷабинро,

Кашад аз қалби нафрин офаринро.

Ситояд гоҳ Меъмори Аҷамро,

Ниҳад дар пойи ӯ авранги Ҷамро,

Ки аз фазлаш Аҷамро ҷовидонист,

Ҷаҳон пур аз шукӯҳи хусравонист.

Чи гӯям ман, ки осораш бигӯяд,

Ситояш хишти девораш бигӯяд.

Гаҳе дар ҷайш бо Мири Хуҷанд аст,

Дами сели балоро роҳбанд аст.

Гаҳе дар ҳалқаи азкори Мавлост,

Ба даври шамси маъно ёри Мавлост.

Гаҳе бо шоҳи Сомон ҳамрикоб аст,

Хуросонвора рӯ бар офтоб аст.

Зи ҳар бобе, ки мегӯяд сухан ӯ,

Суханро мекунад назри Ватан ӯ.

Ҳаросон аз ҳузури ӯ нифоқ аст,

Ба ҳар маҳфил, ки бошад, иттифоқ аст.

Пайваста ба раҳмати Парвардгор ва ёду ёдгорашон гиромӣ бод!

Агар Шумо шоҳиди ҳодисаи ҷолибе шудед, видео ва акс бигиред ва бо ин шумора ба “Бомдод” фиристед. Шумораи мо (WhatsApp, Viber, IMO, Telegram): +420 777 404 854

Назари Шумо чист?

Шарҳҳое, ки дар он таҳқиру дашном ва ё иттилооти дурӯғ бошад, нашр карда намешаванд!

Back to top button