ВидеоМинтақа ва ҷаҳонРӯйдодҳои Бадахшон

ИЗҲОРИ НИГАРОНИИ ДАБИРИ КУЛЛИ СОЗМОНИ МИЛАЛ АЗ ВАЗЪИ БАДАХШОН (ВИДЕО)

Дабири кулли Созмони Милали Муттаҳид Антониу Гутерриш аз вазъи пешомада дар Тоҷикистон нигарон шудааст ва ҷараёни ҳодисотро пайгирӣ мекунад. Дар ин бора рӯзи 19 майи соли 2022  дар брифинг дар Ню Йорк ба журналистон сухангӯи дабири кулли Созмони Милал Стефан Дуярич хабар дод.

Дабири кулл аз гузоришҳои расида дар бораи афзоиши ташаннуҷ ва хушунатҳо дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон, аз ҷумла аз хабари кушта шудани мардум, изҳори нигаронӣ мекунад. Дабири кул ба хештандорӣ ва анҷоми талошҳо барои бо роҳҳои сулҳомез ҳал кардани вазъияти пешомада даъват мекунад. Созмони Милал вазъро пайгирӣ хоҳад кард”, – гуфт Дуярич.

Вазъ дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон дар шарқи Тоҷикистон аз 14 май рӯ ба ташаннуҷ овард. Мақомот эътирозгаронро “аъзои мусаллаҳи гуруҳҳои муташаккилонаи ҷиноятӣ ва террористӣ” меноманд, ки ба иддаои мақомот, таҳти роҳбарӣ ва сарпарастии сиёсатмадори мухолиф Алим Шерзамонов, полковники қӯшунҳои марзбонӣ Холбаш Холбашев, ҳамсари собиқи ӯ ҳомии ҳуқуқи инсон Улфатхоним Мамадшоева ва яке аз лидерҳои ғайрирасмии Бадахшон Мамадбоқир Мамадбоқиров амал мекунанд.

Мақомот аз 18 май дар ҳудуди ноҳияи Рӯшон ба “амалиёти зиддитеррористӣ” оғоз карданд. Бино ба хабарҳо, дар ҷараёни саркӯби эътирозҳо дар Бадахшон алакай даҳҳо нафар куштаву захмӣ шудаанд. ВКД Тоҷикистон то кунун ҳалокати 10 нафар, аз ҷумла як афсари “Алфа”, ҷароҳат бардоштани беш аз 30 нафар, аз ҷумла 16 тан аз кормандони мақомот ва боздошти 114 тан аз иштирокчиёни фаъоли нооромиҳои ахирро тасдиқ кардаанд. Вале сокинон шумораи кушташудаҳоро хеле бештар меноманд ва мегӯянд, нирӯҳои қудратӣ болои мардуми бесилоҳ тир кушоданд. ВКД мегӯяд, дар ҷараёни амалиёти ягон сокини осоишта осеб надидааст. Вале сокинон Гоша Вамар ном сокини маркази ноҳияи Рӯшонро мисол меоранд, ки бемории руҳӣ дошт, вале ӯро ҳам дар ҷараёни амалиёт куштанд.

Агар Шумо шоҳиди ҳодисаи ҷолибе шудед, видео ва акс бигиред ва бо ин шумора ба “Бомдод” фиристед. Шумораи мо (WhatsApp, Viber, IMO, Telegram): +420 777 404 854

Назари Шумо чист?

Шарҳҳое, ки дар он таҳқиру дашном ва ё иттилооти дурӯғ бошад, нашр карда намешаванд!

Back to top button