ВидеоХабарҳои кӯтоҳ

ДАР ПОЙТАХТ ЯК ДАРАХТУ ЯК БОМ БОЛОИ 8 МОШИН ЧАППА ШУДААНД (3 АКС)

Кумитаи ҳолатҳои фавқулоддаи Тоҷикистон рӯзи 20 майи соли 2022 хабар дод, ки шабонарӯзи гузашта дар қаламрави кишвар шамоли шадид ба қайд гирифта шуд ва бегоҳии 19 май дар шаҳри Душанбе аз ҳодисаҳое, назири шикастани дарахтон ва канда шудани боми хонаҳо аз боди сахт хабар расид.

Аз ҷумла 19 май соати 20:36, дар наздикии бинои маъмурияти ноҳияи Фирдавсии пойтахт, воқеъ дар кӯчаи ба номи Неъмат Қарабоев, хонаи №36/3 бар асари боди шадид як дарахти азим болои мошини тамғаи “Ниссан” чаппа шуд.

Ғайр аз ин соати  21:48 дар ҳудуди маҳаллаи Навбаҳор-2 ноҳияи Сино шамол боми як хонаи шашоёнаро ба замин зад. Дар натиҷа, боми  масоҳаташҳудудан 500 метри мураббаъ болои 7 мошин дар наздикии бино сарозер шуд.

Барои рафъи паёмадҳои ин ду ҳодиса наҷотдиҳандагони Раёсати ҳолатҳои фавқулоддаи шаҳри Душанбе сафарбар шуданд.

КҲФ гуфт, хушбахтона, ин ду ҳодиса талафоти ҷониву хисороти дигар надошт. 

Дар ҳамин иртибот Кумита аз соҳибони мошинҳои шахсӣ хоҳиш мекунад, мошинҳои худро аз дарахтон ва биноҳои бомашон ларзону осебпазир дуртар гузоранд. 

КҲФ ҳамчунин хабар дод, ки соати 23:35  ба қисми навбатдории Кумита хабар расидл, ки дар лифти хонаи №29, кӯчаи Синои шаҳри Душанбе як бонуи 22–сола дармондааст. Имдодгарони КҲФ ба наҷоти ин бону шитофтанд ва дар як муддати кутоҳ бо истифода аз таҷҳизоти махсус ӯро аз дохили лифти харобшуда берун оварданд. 

19 май наздик ба соати 20:10 дар натиҷаи боронҳои пуршиддат дар қаламрави ҷамоати Додобой Холматови ноҳияи Бобоҷон Ғафурови вилояти Суғд ба  маҳаллаҳои Сайҳун ва Темурмалик  сел омад.

Дар натиҷа роҳи дорои аҳамияти маҳаллӣ қисман хароб шуд, ҳамчунин сел ба системаи обёрӣ ва таҳхонаи иншооти ёрирасон низ зарар расонд. 

Ҳамчунин соати 21:30 боронҳои пуршиддат боиси омадани сел дар ҳудуди ҷамоати Ёваи ноҳияи Б.Ғафуров шуданд. Дар ҷойи ҳодиса дар айни замон Комиссияи ҳолатҳои фавқулодаи ноҳия фаъолият дорад. Талафоти ҷонӣ ба қайд гирифта нашудааст. 

Шабонарӯзи гузашта кормандони Раёсати жолаи Кумита дар қаламрави шаҳрҳои Турсунзода, Ёвон ва ноҳияи Кушониён бо партоби мушакҳои зиддижола 7 ҳолати таҳдиди хатари жоларо барҳам заданд.

Агар Шумо шоҳиди ҳодисаи ҷолибе шудед, видео ва акс бигиред ва бо ин шумора ба “Бомдод” фиристед. Шумораи мо (WhatsApp, Viber, IMO, Telegram): +420 777 404 854

Назари Шумо чист?

Шарҳҳое, ки дар он таҳқиру дашном ва ё иттилооти дурӯғ бошад, нашр карда намешаванд!

Back to top button